Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи адвокатҳои тоҷик. Рӯзи ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ "пурхатар"


Вакилони дифоъ зимни имтиҳон доданд дар Хуҷанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, солҳои ахир дар Тоҷикистон кори адвокатҳо торафт сахттар мешавад ва онҳое, ки барои кор бо парвандаҳои ҳассос омодагӣ нишон медиҳанд, зери фишор қарор мегиранд. Мақомот мегӯянд, ин иддао асос надорад.

Файзи Олӣ, вакили дифоъи собиқадор, мегўяд, мактаби адвокатҳо дар Тоҷикистон ба як мактаби мустақиле, ки дар таъмину ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон машғул бошад, табдил наёфтааст.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: ”Ҳоло дар ҷомеаи Тоҷикистон аксари корро мансабдорон ҳал мекунанд. Вакилони дифоъ дар бештари маврид дар мурофиаҳои додгоҳӣ ё ҷараёни тафтишот ба ҳайси миёнарав фаъолият мекунанд. Дар рафти тафтишоти пешакӣ барои адвокатҳо имкониятҳои баробар дода намешавад”.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ба далели он, ки низоми додгоҳии Тоҷикистон бештар майли муттаҳам ва “собит кардани иттиҳом”- ро дорад, вакилони мудофеъ имкони ками собит кардани бегуноҳии зерҳимояашонро доранд.

Беэътиноӣ ба ҳарфу далелҳои вакили дифо

Ба қавли онҳо, ҳатто далелу ваҷҳи дурусти вакилони дифоъро додгоҳҳо нодида мегиранд. Файзи Олӣ мегӯяд:“Барои мисол дар Шветсия ва Норвегия як нафар чанд нафари бегуноҳро мекушад ва ӯро ҷинояткор ном мебаранд, аммо то 10 нафар адвокат омода ҳастанд, аз ҳаққи ӯ дифоъ кунанд. Онҳо паҳлӯҳои мусбиву манфии ӯро меомӯзанд, вале аз ҳимоя даст намекашанд. Дар мо чунин нест.”

Ду соли пеш баъди имтиҳони Вазорати адлияи Тоҷикистон тақрибан якуним ҳазор вакили дифоъ ҳаққи фаъолиятро аз даст доданд. Ҳоло 800 нафар мақоми вакили мудофеъро соҳиб шудаанд ва ҳуқуқи ҳамчун адвокат фаъолият карданро доранд.

Тоҷикистон баъди чунин “аттестатсия” зери танқиди сахти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ қарор гирифт, ки гуфтанд, мақомот бо ҳамин баҳона хостанд, аз вакилони дигарандеш халос шаванд. Чанд вакили дифо, ки аз ҳаққи мухолифони давлат ҳимоят мекарданд, ё ҳукуматро ошкоро танқид кардаанд, паси панҷара рафтаанд.

Яке аз онҳо Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015, баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дастгир ва сипас ба ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам шуд. Додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Бузургмеҳр китоб мехонад ва варзиш мекунад

Ҳуриннисо Исҳоқова, модари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 25 май ба Радиои Озодӣ гуфт, бори охир бо писараш 15 апрел дидор дошт. Исҳоқова гуфт, писараш дар дидори се соата гуфтааст, дар зиндон бештар китобу рӯзнома мехонад ва варзиш мекунаду аз сиҳатияш шикояте надорад.

Ӯ афзуд: “Ман се соат фурсати сӯҳбат доштам, вале Бузургмеҳр бо ҳамсар ва фарзандонаш се рӯз бо ҳам буданд. Умедворам рӯзе писарам аз зиндон озод мешавад.”

Бархе ҳомиёни ҳуқуқи инсон мегӯянд, маҳз сарнавишти Ёров ва чанд ҳамкори дигари ӯ боис шудааст, ки вакилони дифоъ дигар ба парвандаҳои ҳассос ва ё сиёсӣ даст намезананд.

Файзи Олӣ мегӯяд, ин рафтори вакилон ҳам мухолифи усулҳои кории онҳост: Вакилони дифоъ намехоҳанд, муносибаташонро бо мақомоти тафтишотӣ бад кунад. Дар ҳоле, ки ин рафторашон мухолифи принписҳои фаъолияти адвокатӣ аст. Чун барои вакили дифоъ фарқ надорад, ки зерҳимояаш чӣ навъи ҷиноятро содир кардааст, муҳим ин аст ӯ вазифаи худро анҷом диҳад.”

Асадулло Каримов, як вакили дифоъ дар Хатлон гуфт, дар ин рӯзҳо адвокатӣ дигар саҳлу содда нест ва азхудгузаштагӣ, истодагарӣ ва бовиҷдониро талаб мекунад. Каримов таъкид мекунад, ки бояд бархӯрди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо вакилони мудофеъ тағийр ёбад ва онҳо бидонанд, ки вакили мудофеъ ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро дар қатори эшон ҳимоя мекунад ва бидуни онҳо рушди ҷомеа ғайриимкон аст.

Мушкил дар додгоҳҳои "номустақил"?

Ба назари адвокати дигар Бахтиёр Насруллоев мушкили аслӣ на дар низоми адвокатура ва вакилони дифоъ, балки дар набуди мустақилияти судҳо аст. Ӯ мегӯяд: ““Вақте дар низоми додгоҳӣ мустақилият ҳаст, албатта дар он вақт дар адвокатура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ анҷоми ислоҳот осонтар хоҳад буд.”

Соли 2015 парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъро тасвиб кард. Дар пайи тасвиби тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ бархе аз онҳо гуфтанд, ки ин қонун назорат аз болои корашонро шадидтар карда, бештар роҳи халосӣ аз вакилони "гапнодаро" ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадост.

Бар асоси ин тағйиру иловаҳо, афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда дар Тоҷикистон низ аз ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳруманд.

Созмони Афви Байналмилал дар як гузориши хос дар бораи адвокатҳо соли 2017 гуфта буд “вакилони дифоъ зимни иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд.”

Ба гуфтаи Афви Байналмилал, “дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан адвокати ҳуқуқи инсон будан, маънои ба хатарҳои бемисл рӯ ба рӯ шуданро дорад”. Cозмони Human Rights Watch мегӯяд, шурӯъ аз соли 2014 чандин вакили дифоъ дар Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми "қаллобӣ" муҳокима ва ё маҳкум шуданд, дорои ангезаҳои сиёсӣ буд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар давоми се соли охир дастикам панҷ вакили дифоъ зиндонӣ шуданд. Шӯҳрат Қудратов охири соли 2018 ва аз он пештар Фахриддин Зокиров аз зиндон озод шуданд. Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов ҳанӯз дар маҳбас ҳастанд.

Форуми Фейсбук

XS
SM
MD
LG