Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро адвокатҳои тоҷик корро бас мекунанд? ВИДЕО


Анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015

Низомиддин Ёқубов, вакили мудофеи тоҷик пас аз даҳ соли кори адвокатӣ тасмим гирифтааст, тарки пеша кунад. Ҳоло дар ҷустуҷӯи кори дигар аст, чун ба қавли Низомиддин вакилӣ, ба як касби беқадру камдаромад ва аксаран беҳосил табдил ёфтааст.

Ӯро пеш аз ҳама бенатиҷа анҷом ёфтани талошояш барои ҳимояти фарди зери ҳимояташ дар додгоҳ рӯҳафтода кардааст ва дигар таҳаммули шунидани ин таънаро надорад, ки “аз дасти адвокатҳо дигар чизе намеояд.”

"Прокурор чизе гуфт гапи ҳамон"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:45 0:00

Даҳ сол пеш вақте Низомиддин Ёқубов ба адвокатӣ шурӯъ кард, вазъ дигар буд ва “гапи вакили дифоъро зимни муҳокимаҳо додрасҳо ҳади аққал ду дарсад ба эътибор мегирифтанд.

Аммо дар се соли ахир ба қавли вакили дифои тоҷик, “дигар далелу ваҷҳҳои адвокатҳо дар муҳокимаҳо ба эътибор гирифта намешавад” ва аз ҳамин сабаб боварии мардум ба адвокат ба поинтарин сатҳ расидааст.

Мебинанд, ки мо далелҳои сабуккунанда пешниҳод мекунем, гуфтаҳои шоҳидонро пешниҳод мекунем, ба назар гирифта намешавад, дилашон мемонад. Гоҳо мешавад, ки моҳҳо кор мекунӣ, вале вақте чизе тағйир намеёбад.

“Танҳо дар парвандаҳои махсусан вазнин аз ноилоҷӣ адвокат мегиранд, ҳарчанд ба адвокат умед надоранд. Вақте кор натиҷа намедиҳад, хешовандонаш омада мегӯянд, ки маблағро пас гардон. Дилашон аз волоияти қонун мемонад” - мегӯяд, Низомиддин.

Вакили дифои тоҷик мегӯяд, вақте хешовандони муттаҳам ба ҷиноят дар додгоҳ худашон мебинанд, ки чӣ гуна додрасҳо далелҳои вакилонро ба инобат намегиранд, вакили дифо ба назарашон як шахсе менамояд, ки фақат пул мегираду ҳеҷ коре аз дасташ намеояд.

“Мебинанд, ки мо далелҳои сабуккунанда пешниҳод мекунем, гуфтаҳои шоҳидонро пешниҳод мекунем, ба назар гирифта намешавад, дилашон мемонад. Гоҳо мешавад, ки моҳҳо кор мекунӣ, вале чизе тағйир намеёбад” - гуфт, Низомиддин Ёқубов.

Пушаймонӣ аз кор

Адвокати тоҷик як намунае овард, ки ӯро аз кори кардааш пушаймон кардааст. Низомиддин Ёқубов, чанд моҳ пеш ҳимояти як нафареро бар дӯш гирифт, ки ба қочоқи маводи мухаддир муттаҳам мешуд, вале дар ниҳоят, ӯро ба 14 соли зиндон маҳкум кардаанд.

“800 сомонӣ барои ҳимоя доданд. Ду моҳ дар тафтишот иштирок кардам. Ҳукми тӯлони доданд. Ҷавон бегуноҳ набуд, аммо агар як моддаро аз парвандаи ӯ берун мекарданд, ҷазояш сабуктар мешуд. Масалан моддаи убури ғайриқонунӣ аз гузаргоҳи гумрукӣ ба фикри мо нодуруст буд. Талош кардем, ин модда бардошта шавад, вале нашуд. “

Ҳарчанд Низомиддин метавонист, бар асоси шартнома бо мизоҷ, 800 сомонии ӯро барнагардонад, вале ба қавли худаш “виҷдон азоб дод ва пули одами камбизоатро баргардонд”.

Ҳамаи ин мушкилот Низомиддинро аз кори вакилӣ дилсард кардааст ва ҳоло омодааст, ки дар ивази 600 то 700 сомонӣ, вале кори дигари беҷангу даъвову кашмакаш пайдо кунад.

Низомиддин яке аз садҳо вакили дифо дар Тоҷикистон аст, аз корашон дилсард шуда, ё онро тарк кардаанд ва ё дар андешаи пайдо кардани пешаи дигар ҳастанд.

1 адвокат дар хизмати 13 ҳазор нафар

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар ду соли ахир шумораи адвокатҳо дар Тоҷикистон ба маротиб камтар шудааст. Соли гузашта дар Тоҷикистони тақрибан 9 миллион нафарӣ, ҳамагӣ 600 адвокат дар вазорати адлия сабти ном кардаанд.

Яъне барои ҳар 13 ҳазор аҳолӣ як адвокат хизмат мерасонад, ки шумораи хеле кам аст. Як таҳқиқи байналмилалӣ дар Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳам нишон додааст, ки дар байни шаш кишвари таҳқиқшуда Тоҷикистон аз ҳама камтар вакили дифо дорад, ки ба мардум хидмат мерасонанд.

Файзи Олӣ, яке аз он вакилонест, ки ба кораш идома медиҳад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ омореро овард, ки ба қавли худаш нишондиҳандаи возеҳи беэътиноӣ ба ҳарфу далелу ваҷҳҳои адвокат аст.

Ба қавли Файзи Олӣ, соли 2017 дар Тоҷикистон, ҳангоми мурофиаҳои додгоҳӣ фақат 0.1 дар сади муттаҳамон “ҳукми сафедкунанда” гирифтаанд ва ё аниқтараш бегуноҳ эълон шудаанд. Яъне дар бақияи парвандаҳо ҳарфи адвокатҳо барои додрасҳо аксаран арзиш надоштаанд.

Бо назардошти чунин тамоюл ба қавли Файзи Олӣ, баъзе аз ҳампешагони ӯ рисолати аслиашонро аз даст додаанд ва ба як “миёнарав миёни наздикони гумонбар ва муфаттишу додрасҳо табдил ёфтаанд.”

“Чун медонанд, ки зерҳимояаашонро бо қонун ҳимоя карда наметавонанд, кӯшиш мекунанд, миёнарав шаванд ва аз дигар роҳ масъаларо ҳал кунанд. Як ақида дар миёни адвокатҳо пайдо шудааст, ки “дасти муфаттишу додрасро гарм кардан даркор”. Ба фикрам мақсадашон пуле аз наздикони гумонбар гирифта ба инҳо диҳанд ва ҳукмро кӯтоҳ кунанд.”

Файзи Олӣ мегӯяд, бо коҳиши нақши адвокат беадолатӣ зиёд шудааст ва додгоҳҳо “барои андак ҷиноят ҳукми тулонӣ медиҳанд. ”

Қонуне, ки миёни адвокатҳоро шикаст

Коршиносон мегӯянд, нақши адвокатҳо дар ҷомеа се сол пеш баъди он камранг шуд, ки Қонун “Дар бораи адвокатура”-ро тағйир доданд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, тағйир дар ин қонун, ба истилоҳ, миёни адвокатураи тоҷикро шикаст.

Шокирҷон Ҳакимов, мегӯяд, қонуни соли 2015 миёни адвокатураро шикаст.
Шокирҷон Ҳакимов, мегӯяд, қонуни соли 2015 миёни адвокатураро шикаст.

“Ин қонун ҳаққи хидмати адвокатҳоро кам кард. Имтиҳони қабул ба сафи адвокатураро бар дӯши вазорати адлия гузошт ва фаъолияти адвокатура ҳамчун механизми ҳимояи ҳуқуқи инсон нақши худро аз даст дод. Адвокатура пурра ба тобеияти Вазорати адлия гузашт. Вазорате, ки ҷузъи шохаи ҳокимияти давлатӣ ҳаст ва мустақилияти адвокатҳоро пурра зери савол бурд. Аз тарафи дигар вақте адвокатҳо зери фишори мақомот қарор гирифтанд, худашон тарки касб карданд” -гуфт ӯ.

Кумиссиёни байналмилалии мустақили ҳуқуқшиносон, ки вазъи вакилони дифои Тоҷикистонро соли гузашта таҳқиқ кардааст, мегӯяд, қонуни соли 2015 ба вазорати адлия иҷоза медиҳад, ҳар вакили дифоеро, ки ба мақомот хушоянд нест, дар атестатсия баҳои бад дода ва ӯро аз ҳаққи вакилӣ маҳрум кунад.

Дар таҳқиқи ҳамин созмон омадааст, ки дар Тоҷикистон, ришвахорӣ низ дар байни вакилони дифо як масъалаи ҷиддӣ боқӣ мемонад. Дар ин таҳқиқот омадааст, ки дар Тоҷикистон “мушкили адвокатҳои кисагӣ вуҷуд дорад, ки бар хилофи манфиати фарди зери ҳимоят ва ба нафъи муфаттишон кор мекунанд ва барои риоят накардани меъёрҳои касбиашон низ ҷазо намегиранд.”

Шӯҳрат Қудратов аз аввалин вакилоне буд, ки паси панҷара рафт.
Шӯҳрат Қудратов аз аввалин вакилоне буд, ки паси панҷара рафт.

Масъалаи ҳуқуқи адвокатҳо дар Тоҷикистон се соли ахир борҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ба миён гузошта шуд ва онҳо аз мақомот хостанд, ки ба таъқибу озори вакилон хотима бидиҳад. Баъди зиндонӣ шудани чанд вакили дифо, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов, Нуриддин Маҳкамов, ки ҳукуматро ошкор танқид мекарданд, интиқод аз ҳукмат бештар шуд.

Созмони Афви Байналмилал дар як гузориши хос дар бораи адвокатҳо соли гузашта гуфт, “вакилони дифо зимни иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд.” Ба гуфтаи Афви Байналмилал, “Дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан адвокати ҳуқуқи инсон будан, маънои ба хатарҳои бемисл рӯ ба рӯ шуданро дорад”.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG