Пайвандҳои дастрасӣ

Ба Файзиниссо Воҳидова иҷоза надодаанд, ба Қирғизистон биравад


Файзиниссо Воҳидова

Мақомоти Тоҷикистон ба Файзиниссо Воҳидова, яке аз вакилони дифо иҷоза надодаанд, қаламрави кишварро тарк кунад. Яке аз ҳамкасбони Файзинисо Воҳидова рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Воҳидова рӯзи 14-уми май хостааст, аз тариқи гузаргоҳи марзии Овчӣ-Қалъача дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Қирғизистон гузарад, вале мақомот ба ӯ гуфтаанд, ки ҳаққи тарки кишварро надорад.

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомот бо Файзиниссо Воҳидова сӯҳбат карда ва ба ӯ иҷоза додаанд, ба хонааш биравад. “ Мусоҳиби мо афзуд, ки "Воҳидова боздошт нашудааст ва саломат дар хонааш аст."

Ин вакили дифоъ гуфт, ки фардо субҳ Воҳидова сӯҳбат хоҳад кард, ки ба чӣ далел мақомот амниятӣ ӯро аз хориҷ шудан аз қаламрави Тоҷикистон манъ кардаанд. Худи Файзиниссо Воҳидова дар сӯҳбати катбӣ аз тариқи Фейсбук рӯзи 14-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро то замони омадани маъмурони амниятӣ муддати тӯлонӣ дар марз нигаҳ доштанд, ки боздошт ба ҳисоб меравад. "Барои он ки зиёда аз се соат нигоҳ доштан ва маҳдудият дар ҳуқуқи озод будан худ боздошт мебошад.” -гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

Файзиниссо Воҳидова афзуд, ки барои ширкат дар ҷанозаи як ҷиянаш, ки дар рӯдхона ғарқ шудааст, ба Қирғизистон мерафт. Сабабҳои маҳрум кардани хонум Воҳидова аз ҳаққи тарки Тоҷикистон маълум нест, вале ӯ яке аз вакилони дифо аст, ки аксар вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ, сиёсати ҳукумати Тоҷикистон ва шеваи бархӯрди мақомоти амниятӣ бо маҳбусон ва рафтори додрасҳои кишварро пайваста танқид кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG