Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мубориза барои вакилони дифои зиндонӣ дар Тоҷикистон


Бузургмеҳр Ёров

Рӯзи 24-уми январи 2019 1215 рӯз мешавад, ки Бузургмеҳр Ёров, як вакили дифои тоҷик, танҳо барои иҷрои уҳдадориҳои кориаш паси панҷара ба сар мебарад.

Муаллиф: Марк Готтриҷ

28-уми сентябр 2015, ҳуқуқшиноси тоҷик Бузургмеҳр Ёров барои бо намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрдан аз кор баромад. Сардори Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккил Бузургмеҳрро ба идораи худ даъват кард, ва оилаи ӯ умедвор буд, ки мақсадаш танҳо суҳбати одӣ аст.

Шояд Бузургмеҳр аллакай ақидае дар бораи пешомадаш дошт. Яке аз ҳомиёни боисрортарини ҳуқуқҳои инсон дар Тоҷикистон буда, ӯ бар дӯши худ сафед кардани 13 сиёсатмадорони мухолифро гирифт, ки аз ҷониби давлат ҳамчун тарроҳони табаддулоти давлатӣ айбдор шуда буданд. Якчанд рӯз пеш, Бузургмеҳр эълон карда буд, ки яке аз зерҳимоягонаш дар боздоштгоҳи муваққатӣ гирифтори шиканҷа шуд, ва аз ҳуқуқшиносон даъват кард, ки ҳамроҳи ӯ ҳамчун як иттиҳод мухолифини зиндониро намояндагӣ кунанд. Аз ин эълон каме нагузашта, намояндагони ҳукумат аз Бузургмеҳр хоҳиш карданд, ки парвандаро тарк кунад. Ӯ рад кард.

Вақте ки Бузургмеҳр рӯзи 28-уми сентябр ба Вазорати корҳои дохилӣ ворид шуд, ӯ дарҳол ба ҳабс гирифта шуд ва минбаъд бар асари тақаллубкорӣ, қаллобӣ, барангехтани хусумат дар асоси миллат, нажод, маҳал ё дин ва экстремизм айбдор карда шуд. Дар як изҳорот, вазорат ӯро “ҳуқуқшноси ботил” ё “қаллоб” тавсиф кардааст. Якчанд ҳафта пеш, дар як барномаи телевизионӣ, Бузургмеҳр ҳамчун “ҳуқуқшиноси ботил” бо халтаҳои пулии аз болояш кашидашуда тасвир шуд.

Баъди беш аз як соли ҳабс дар боздоштгоҳи муваққатӣ ва баъди мурофиаи судии пур аз вайронкунии қоидаҳои мурофиавӣ, октябри 2016 ҳукми 23 соли зиндон гирифт. Ин муҳлат боз баъди иқрори якчанд айби дигари сабабҳояшон сиёсӣ (аз ҷумла риоя накардани тартиби судӣ бинобар қироат кардани шеъри дағалона дар рафти мурофиа) то 28 сол тамдид карда шуд.

Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ ва бародари Бузургмеҳр Ёров
Ҷамшед Ёров, вакили мудофеъ ва бародари Бузургмеҳр Ёров

24-уми январи 2019, 1215 рӯз мешавад, ки Бузургмеҳр паси панҷара аст. Ин рӯз хусусан барои он шоёни таваҷҷуҳ аст, ки “Рӯзи ҳуқуқшиноси зери хатар” мебошад, як ташаббусе, ки нуҳ сол пеш барои афзоиш додани сатҳи вуқуф оиди зӯроварӣ ва ҷазое, ки ҳуқуқшиносони дунё дучор мешаванд, ба роҳ монда шуда буд.

Мутаассифона, ба аҳамияти ин рӯз нанигариста, Бузургмеҳр ягона ҳуқуқшиносе намебошад, ки дар Тоҷикистон зери хатар қарор дорад. Ҳамкорони ӯ низ барои пеш бурдани парвандаҳои ба сиёсат мурбут гирифтори таъқиби назаррасанд, аз ҷумла дар шакли боздоштҳои ҷазоӣ ё ғайриқонунӣ, ҳабс. Шуморае аз ҳуқуқшиносон (ва оилаҳои онҳо) таҳдидҳо ва ваъдаи куштор гирифтаанд. Аксарияти ҳуқуқшиносоне, ки аъзои мухолифини сиёсиро намояндагӣ карда буданд, ё айбдори ҷиноятҳои марбут ба амнияти миллӣ дониста шуданд ё аз тарси ҷазо маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд. Онҳое, ки дастгир шуданд, дар судҳои паси дарҳои пӯшида ҳукмҳои шадид гирифтанд.

Илова бар ҳабс кардани Бузургмеҳр, ҳукумат ҳадди ақал панҷ ҳомии ҳуқуқи инсонро дастгир ва ҳабс кардааст – Шуҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров, Ҷамшед Ёров (бародари Бузургмеҳр), Нуриддин Маҳкамов ва Дилбар Додоҷонова – ва инчунин Фируз ва Далер Табаровҳо, писарони Исҳоқ Табаров, дигар ҳомии номдори ҳуқуқҳои инсон. Фахриддин баъди ду давраи ҳабс озод карда шуд. Ҷамшед 30-юми сентябри 2016 озод шуда, бинобар таъқиб ва таҳдидҳо ва аз тарси ҳабси такрорӣ Тоҷикистонро тарк кард. Шуҳрат августи 2018 озод карда шуд, вале пулис ӯро дасти кам шаш бор зиёрат кардааст ва ӯ дар соҳаи ҳуқуқ кор карда наметавонад.

Нуриддин Маҳкамов
Нуриддин Маҳкамов

Моҳи майи 2017, каме дертар баъди нашр кардани муроҷиат ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хоҳиши қатъ кардани таъқиб нисбати Бузургмеҳр дар Фейсбук, Файзиниссо Воҳидова, як ҳуқуқшиноси пешқадам, аз ҷониби мақомот бозпурсӣ карда шуд, ва баъдан ӯро нагузоштанд, ки кишварро тарк кунад. Манъи сафар дар ниҳоят бардошта шуд, вале, мутаассифона, Файзиниссо ҳамин моҳ даргузашт. Ӯ то рӯзе, ки эътибори иҷозатномааш барқарор шуд, нарасид. Парвандаи Нуриддин Махкамов, шарики кории Бузургмеҳр, баробари Бузургмеҳр муоина шуд, ва ӯ дар асоси айбҳои дорои заминаи сиёсӣ 21 соли зиндон гирифт.

Ҳукумати тоҷик инчунин барои маҳдуд кардани мустақилияти ҳуқуқшиносон чора андешидааст. Моҳи ноябри 2015, ҳукумат қонуни наве тасвиб кард, ки мувофиқи он ҳама вакилони дифоъ бояд ба ҷои иттиҳоди мустақими ҳуқуқшиносон, аз Вазорати адлия иҷозатномаи нав гиранд ва ҳар панҷ сол аз имтиҳон гузаранд. Бо мақсади муайян кардани чунин ҳуқуқшиносоне, ки мехоҳанд парвандаҳои аз ҷиҳати сиёсат ҳассосро бар дӯши худ гиранд, ҳукумат ба имтиҳон доир ба мавзуҳои мухталифи ба ҳуқуқ алоқа надошта, аз қабили таърих, маданият ва сиёсат, саволҳо ҳамроҳ кардааст. Ҳуқуқшиносони тоҷик аз он нигаронанд, ки имтиҳони аз ҷониби ҳукумат гузаронида мешуда барои хориҷ кардани онҳое истифода бурда мешавад, ки метавонанд парвандаҳои хилофи манфиятҳои ҳукуматро пеш баранд.

Ҷамъияти ҷаҳонӣ амалҳои Тоҷикистонро қатъиян танқид мекунад. Октябри имсол, Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Анлия ва Уэлс ба ҳукумат номае бо дархости озод кардани ҳамаи ҳуқуқшиносони маҳбус фиристода буд. Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида мавзуи Бузургмеҳрро дар сатҳҳои баландтарини ҳукумати тоҷик бардошта буданд. Ширкати ҳуқуқии худи ман дар ҳамкорӣ бо Freedom Now, Lawyers for Lawyers ва DLA Piper аз номи Бузургмеҳр ба Гуруҳи кории СММ оид ба боздошти ғайриқонунӣ арзномаи дастаҷамъӣ пешниҳод кардем. Натиҷаро бояд ба зудӣ дарёфт кунем.

Ҳуқуқшиносони ба мисли Бузургмеҳр дар ҷамъияти мо мавқеи бениҳоят муҳимро ишғол мекунанд. Онҳо намояндагони шахсони маҳсуре мебошанд, ки аз ҷониби ҳукуматҳояшон паси сар монда шудаанд ё гирифтори ҳамлаҳои он шудаанд. Онҳо ҳомиёни волоияти қонун ва адолат мебошанд. Ҳуқуқшиносонеро, ки парвандаҳои дилнокашро бар дӯши худ мегиранд, гирифтори таҳдидҳо ё ҳатто ҷурми ҷиноӣ карда, Тоҷикистон натанҳо уҳдадориҳои худро тибқи қонунгузории байналмилалӣ барҳам додааст, балки тамоми касби ҳуқуқшиносиро решакан кардааст. Шумораи ҳуқуқшиносони дорои иҷозатнома дар кишвар аз зиёда аз 1200 нафар дар 2015 то танҳо 600 нафар дар соли 2017 коҳиш ёфтааст. Дар Тоҷикистон, ҳоло ба 14500 шаҳрванд танҳо як ҳуқуқшинос рост меояд – дуюм нишондоди пасттарин дар Осиёи Марказӣ баъди Туркманистон.

Рӯзи ҳуқуқшиносони зери хатар, мо аз Тоҷикистон тақозо мекунем, ки ҳамлаҳои худро ба ҳуқуқшиносон қатъ кунад. Тоҷикистон бояд мустқилияти ҳуқуқшиносонро барқарор кунад, аҳамияти адолатро дар қаламрави худ дубора барпо кунад ва Бузургмеҳр ва ҳама ҳуқуқшиносони дигареро, ки бинобар бар дӯш гирифтани парвандаҳои аз ҷиҳати сиёсӣ ҳассос ҳабс шудаанд, фавран ва бидуни шартҳо озод кунад. Агар Тоҷикистон ба ин розӣ нашавад, ҳамаи мо дар ҷамъияти ҳуқуқшиносон – ва аъзои ҷамъияти байналмилалии ҳомиёни ҳуқуқи башар дар ҷамъ – овози худ ва нуфузи худро барои он истифода хоҳем бурд, ки масъалаи ҳолати ин ҳуқуқшиносони далери Тоҷикистон дар ҳар як суҳбати марбут ба дипломатия, корҳои ҳарбӣ, саёҳӣ, иқтисодӣ ва ғайра бардошта шавад.

  • Марк Готтриҷ шарики ширкати ҳуқуқии Hogan Lovells мебошад, ки ҳамчун машваратчии байнмалмилалии ройгон Бузургмеҳрро намояндагӣ мекунад ва ҳаммуалифи арзнома ба Гуруҳи кории СММ оид ба боздошти ғайриқонунӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG