Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз доғи судӣ то андоз. Ҳукумат ба адвокатҳо чӣ "гузашт" мекунад?


Анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015
Анҷумани адвокатҳои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки баъзе аз маҳдудиятҳои эҷодшуда дар фаъолияти вакилони мудофеъ ё адвокатҳоро бекор кунанд.

  • Дар як барномаи кории ҳукумат гуфта шудааст, "барои тақвияти мустақилии вакилони мудофеъ, зарурати тағйири қонун дар бораи "Адвокатура" пеш омадааст." Барномаро моҳи январи имсол қабул кардаанд.
Ин қонун ҳадафмандона ва ба хотири як гурӯҳ адвокатҳои фаъол қабул шуда буд.

Аз доғи судӣ то андоз

Чаҳор сол пеш қонун дар бораи “Адвокатура” тағйир ёфт ва тибқи он нафаре, ки доғи судӣ дорад ё соҳиби душаҳравандӣ аст, аз ҳаққи ҳимоя маҳрум шуд. Феълан адвокатҳо дар додгоҳ ҳаққи дифоъ аз наздиконашонро надоранд ва бояд аз нӯги “гонорар”-и худ ба давлат ҳамчун соҳибкор андоз супоранд.

Инчунин, Кумисюни махсуси Вазорати адлияи Тоҷикистон ҳал мекунад, ки Шумо метавонед ба ҳайси вакили мудофеъ кор кунед ё не. Ин тағйирот боис ба интиқоди тунди созмонҳои байналмилалӣ шуд ва онҳо гуфтанд, ки мақомот аз ин тариқ мехоҳанд аз вакилони “саркаш” халос шаванд.

Кумисюни назди Вазорати адлия бекор мешавад?

Саидбек Нуриддинов
Саидбек Нуриддинов

Саидбек Нуриддинов, раиси Иттиҳоди адвокатҳои Тоҷикистон, рӯзи 3-юми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндаи онҳо ҳангоми муҳокимаи барномаи ҳукуматӣ ҳузур дошт ва пешниҳодҳои худро низ барои тағйири қонун ироа кардааст. Ӯ гуфт, пешниҳод кардаанд, ки Кумисюни тахассусӣ аз зери итоати Вазорати адлия берун карда шавад, чун мустақилии адвокатҳоро халалдор мекунад.

“Вобаста ба ин тавсияи СММ пешниҳод шудааст. Масъалаи андози адвокатҳо ва фаъолият баъди адои давраи ҷазо ҳам. Дастрасӣ ба касб бояд маҳдуд нашавад. Умед дорем, ки монеаҳо бардошта хоҳад шуд”, - афзуд ӯ.

Нуриддинов мегӯяд, тағйири қонун дар бораи фаъолияти адвокатҳо амри ҳукумати кишвар аст ва он бояд дар давоми соли 2019 бозбинӣ мешавад.

"Тарафдорем, ки худашон мустақил шаванд"

Абубакр Инъомов, корманди Вазорати адлияи Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пешниҳодҳои навро барои берун кардани Кумисюни тахассусӣ аз назди Вазорати адлия қабул дорад. Таъсиси ин кумисюн дар назди Вазорати адлияро созмонҳои байналхалқӣ халалдор шудани мустақилии адвокатҳо арзёбӣ карда буданд.

Ин масъули Вазорати адлия гуфт, таъсиси кумисюн муваққатӣ буд. “Шахсан ин масъаларо дастгирӣ мекунам. Чун мо дар вақташ инро муваққатӣ, то таъсис ёфтани Иттифоқи адвокатҳо пешбинӣ карда будем. Барои он ки он вақт адвокатҳо дар зери як созмон ҷамъ нашуда буданд. Ҳоло иттиҳодия таъсис ёфта ва рушд кадааст. Худашон мустақил шаванд, мо тарафдорем”, - афзуд ӯ.

Як банди аслие, ки чандин адвокатро аз фаъолияти вакилӣ дур сохтааст, манъи кори афроде буд, ки дар гузашта ҳукм гирифтаанд.

Дар баъзе аз моддаҳои Кодекси ҷиноӣ гуфта мешавад, шахси маҳкумшуда баъди адои давраи ҷазо аз ду то панҷ сол ҳаққи корро надорад. Вале дар қонуни “Адовакатура”, ки соли 2015 тағйир ёфт, ҳар касе ҳукм гирифтааст, барои ҳамеша аз фаъолияти адвокатӣ маҳрум аст.

Чаро Баҳром аз ҳаққи вакил будан маҳрум шуд?

Баҳром Назирзода, корманди собиқи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, баъди аз рафтан аз мақом чанд сол ба ҳайси адвокат фаъолият дошт. Вале баъди қабули қонуни нави "Адвокатура" дар чаҳор соли пеш аз ин ҳақ маҳрум шуд.

Ӯ гуфт, нисбаташ бо итттиҳоми қаллобӣ парванда боз шуда буд, вале баъдан қатъ гардид. Аммо дигар ба ӯ иҷоза надоданд, ки ҳамчун вакили мудофеъ кор кунад. Ҳарчанд, модда қаллобӣ пешбинӣ кардааст, ки муҷрим “танҳо ду сол наметавонад фаъолият кунад”.

Ҳоло Баҳром Назирзода умедвор аст, ки ин маҳдудият ҳарчи зуд бардошта мешавад ва ӯ дубора ба кори адвокатӣ бармегардад.

Як тан аз вакилоне, ки аз зиндон озод шудааст, бе зикри номаш гуфт, бо эҳтимоли зиёд қонуни “Адвокатура” тағйир кунад. Чун, ба гуфтаи ӯ, қонуни соли 2015 вазифаи худро, ки берун кардани адвокатҳои ба қавли ӯ “саркаш” буд, иҷро намуд.

"Қонун вазифаашро анҷом дод"

Ӯ гуфт: "Ин қонун ҳадафмандона ва ба хотири як гурӯҳ адвокатҳои фаъол қабул шуда буд. Адвокатҳое, ки нотарсона аз кори худ сӯҳбат мекарданд. Як қисми онҳо маҳбасӣ шуданд, як қисми дигар гурехта рафтанд. Баъди санҷиши тахассусӣ ҳар касе лозим набуд, нагузарониданд. Дигар адвокатҳо хомӯш шуданд. Фикр мекунам, ки ин қонун вазифаашро иҷро кард ва аз дардҳои сар халос шуданд."

Масъалаи ҳуқуқи адвокатҳо дар Тоҷикистон чаҳор соли охир борҳо аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ ба миён гузошта шуд ва онҳо аз мақомот хостанд, ки ба таъқибу озори вакилон хотима диҳанд. Баъди зиндонӣ шудани чанд вакили дифоъ, аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов, Нуриддин Маҳкамов, ки ҳукуматро ошкор танқид мекарданд, интиқод аз ҳукумат бештар шуд.

Созмони Афви Байналмилал дар як гузориши хос дар бораи адвокатҳо соли 2017 гуфт, “вакилони дифоъ зимни иҷрои вазифаи касбии худ ба монеаҳои бузург дучор мешаванд.” Ба гуфтаи Афви Байналмилал, “дар Тоҷикистони имрӯза адвокат, хусусан адвокати ҳуқуқи инсон будан, маънои ба хатарҳои бемисл рӯ ба рӯ шуданро дорад”. Иддаое, ки мақомот намепазиранд.

XS
SM
MD
LG