Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд “чаро?”-и СММ аз Тоҷикистон дар бораи шиканҷа


Ҳайати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ. Женева, 8-уми ноябри соли 2012
Ҳайати Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ. Женева, 8-уми ноябри соли 2012

Аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон пурсиданд, ки чаро ба омилони шиканҷа ҷазои сабук дода, қурбониёни чунин ҳодисаҳоро бо пизишк ва вакили дифои мустақил таъмин намекунад. Қазияҳои пурсарусадо ва маҳкумшудаҳое, ки ҳомиёни ҳуқуқ парвандаашонро “сиёсӣ” унвон мекунанд, аз суолҳои дигаре ба намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Женева буд.

Барои шиканҷа, тавре худи Шумо гуфтед, то 3,5 соли ҷазо пешбинӣ мешавад. Дар ҳоле ки барои ҷиноятҳои дигар аз 12 то 27 сол ҳукми зиндон медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора таъкид мекунанд, ки, барои мисол, ҳабси соҳибкор ва раҳбари ҳизби сабтнашудаи Тоҷикистони нав Зайд Саидов, аъзои маҳкумшудаи ҲНИТ, вакилони дифоъ – Шуҳрат Қудратов, Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов сиёсӣ набуд. Аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ пурсиданд, ки оё ягон ниҳоди мустақил дар Тоҷикистон ин парвандаҳоро таҳқиқ ва дақиқ кардааст, ки воқеан боздошти онҳо ангезаҳои сиёсӣ ва ба кори адвокатиашон вобастагӣ надошт?

Суолборон пас аз суханронии додситони кулл

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон

Нишасти Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милал рӯзи 4-уми май бо гузориши мақомоти Тоҷикистон дар робита ба вазъи шиканҷа шурӯъ шуд. Юсуф Раҳмон, додситони кулл, ҳангоми суханронӣ аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо шиканҷа ҳимоят кард.

Аммо аъзои Кумитаи зидди шиканҷа зимни ин муколамаи рӯ ба рӯ ҳайати баландпояи Тоҷикистонро суолборон карда, аз онҳо мехостанд дар робита ба шиканҷа омор ва маълумоти мушаххас пешниҳод кунад. Онҳо аз ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа дар Тоҷикистон дар 7 соли пеш истиқбол карданд, вале пешбинӣ шудани ҷазои сабук барои шиканҷаро мояи нигаронӣ хонданд. Барои шиканҷа, тавре худи Шумо гуфтед, то 3,5 соли ҷазо пешбинӣ мешавад. Дар ҳоле ки барои ҷиноятҳои дигар аз 12 то 27 сол ҳукми маҳбас дода мешавад. Онҳое, ки шиканҷаро раво мебинанд, тибқи қонун дар ин кишвар ҳамчунин ҳуқуқ доранд, зимни иҷрои қонуни афв озод шаванд”, - гуфтанд аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба мақомоти Тоҷикистон.

"Фаррухҷон Ҳайталиев аз чӣ фавтид?"

Фаррухҷон Ҳайталиев
Фаррухҷон Ҳайталиев

Кумита оид ба шиканҷа аз Тоҷикистон хост, ҷазо барои шиканҷаро сахт ва ин навъи ҷиноятро аз қонуни афв пурра берун кунад. Дар зимн аз қазияи Фаррухҷон Ҳайталиев, сарбозе мисол оварда шуд, ки соли 2016 дар пайи латту кӯб ва озору азияти ду афсар фавтида буд. Афсарон барои сӯистифода аз вазифаи давлатӣ аз 4 то 14 сол маҳкум ба зиндон шуданд, аммо тибқи қонуни афв соли 2016 мӯҳлати ҷазои онҳо поин оварда шуд.

Дар нишасти Женева, ки вазъи шиканҷа дар боздоштгоҳу маҳбасҳои Тоҷикистон дар 6 соли ахир баррасӣ шуд, бо такя ба иттилои мақомот гуфта шуд, дар кишвар 15 ҳолати марги иҷборӣ сабт шудааст. Мақомот сабаби марги чанд нафари онҳоро беморӣ гуфтаанд. Аммо аъзои Кумита талаб карданд, Тоҷикистон натиҷаи ташхиси ин афродро пешниҳод кунад ва бигӯяд, ки то куҷо ин далел воқеият дорад.

"Даҳҳо вакили дифоъ бекор монданд"

Нуктаи муҳими дигаре, ки дар нишасти Кумитаи СММ оид ба шиканҷа бо мақомоти тоҷик матраҳ шуд, таъмини дастрасии боздоштшудаҳо дар лаҳзаи аввали боздошт ба табибону вакилони дифои мустақил буд. Ҳамчунин аз маҳдуд ва камранг шудани кори адвокатҳо нигаронӣ шуд. Пешниҳод шуд, ки қонун дар ин замина бозбинӣ шавад, зеро “дар ду соли ахир дар пайи тағйири қонун “Дар бораи адвокатура” 70 дарсади вакилон аз фаъолият монданд ва танҳо 30 саддарсад аз ҳаққи мардум ҳимоят мекунанд”.

"Фарзандони як қурбонии шиканҷа ҳар рӯз падари худро суроғ мекунанд". Акс аз намоишгоҳи зидди шиканҷа дар Душанбе, соли 2013
"Фарзандони як қурбонии шиканҷа ҳар рӯз падари худро суроғ мекунанд". Акс аз намоишгоҳи зидди шиканҷа дар Душанбе, соли 2013

Дар нишасти Кумитаи зидди шиканҷа дар Женева аз он нигаронӣ шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди ҷубронпулӣ ба қурбониёни шиканҷа омори дақиқе пешниҳод накардааст. Онҳо аз қазияи Шаҳбол Мирзоев ёдовар шуданд, ки соли 2014 дар артиш маъюб шуда, ҷубронпулии ночиз гирифт. “Барои табобат маҷбур шуданд, манзили зисташонро ба фурӯш гузоранд”, - гуфт як намояндаи Кумитаи зидди шиканҷа.

16 шикоят аз шиканҷа дар се моҳ

Дар баробари гузориши мақомоти баландпояи Тоҷикистон, созмонҳои ҷамъиятӣ ҳам гузориши муштарак ва алтернативии худро дар робита ба вазъи шиканҷа ва шеваи татбиқи конвенсияи зиди шиканҷа ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ирсол кардаанд. Дар ин гузориш, ҷомеаи шаҳрвандӣ аз шиканҷа ва дигар бадрафториҳо дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла дар шуъбаҳои милиса, СИЗО ва муассисаҳои ислоҳотӣ ва дар сафи нирӯҳои мусаллаҳ нигаронӣ кардаанд.

Таваҷҷуҳи бештар дар ин санад ба гуруҳҳои осебпазир, аз ҷумла занону кӯдакон, ва ҳамҷинсгароён равона гардидааст. Як бахши ин санад ҳам ба вазъи созмонҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла онҳое, ки бо шиканҷа мубориза мебаранд, бахшида шудааст.

Абдураҳмон Шарифов
Абдураҳмон Шарифов

Ба унвонии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа дар Тоҷикистон танҳо дар се моҳи соли 2018 - 16 нафар аз рафтори мақомоти интизомӣ ва бахусус маъмурони милиса шикоят кардаанд. Вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов гуфт, Тоҷикистон дар ин самт иқдомҳое рӯйи даст гирифтааст, аммо кофӣ нест. “Тоҷикистон дар ин робита ташаббусҳои хуб нишон дод, яъне шиканҷаро ҳамчун ҷиноят эътироф кард ва дар Кодекси ҷиноятӣ ворид намуд. Аммо ҳанӯз чанд масъалаи дигар боқӣ мондааст. Дар мавриди дастрасии вакили дифоъ ба нафари таҳти ҳимояташ ва ё дастрасии боздоштшудаҳо бо табибон ҳам мушкилот вуҷуд дорад", - афзуд ӯ.

"Вазъ тағйир наёфтааст"

Вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон то 7-уми майи имсол дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ баррасӣ мешавад. Ин севумин гузориши Тоҷикистон ба Кумита аст, ки вазъ дар 6 соли охирро дар бар мегирад. Дар гузориши аввал ва дуввум вазъи шиканҷа дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Тоҷикистон то соли 2006-2011 тасвир шуда буд. Аммо бо таваҷҷӯҳ ба расонаӣ шудани хабарҳои зиёд дар бораи шиканҷа ва бадрафторӣ таҳлилгарон мегӯянд, вазъ дар ин муддат зиёд тағйир наёфтааст.

XS
SM
MD
LG