Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳақиқат ва оқибат". Қиссаи собиқ афсари Хадамоти амнияти Узбекистон. ВИДЕО


Сироҷиддини Ислом,

бахши узбекии Радиои Озодӣ

Бинои Хадамоти амнияти миллии Узбекистон. Дар паси деворҳои ин бино асрори зиёде ниҳон аст. Қаҳрамони матлаби мо низ дар паси ҳамин деворҳо яке аз мансабҳои муҳимро бар дӯш дошт. Ин нафар аз соли 2000 то 2004-ум теъдоди зиёди соҳибкорони саршиносро бозҷӯӣ кардааст. Ҳоло дар Истанбул зиндагӣ мекунад.

Модарам ба далели беморӣ дарро зуд боз карда натавонист. Ин афрод вориди хона шуда, ба модари пирам носазо гуфта, бо автомат таҳдид кардаанд. Ин ҳодиса бароям бештар дарднок буд.

Дар Узбекистон номи ӯро дар рӯйхати афроди мавриди ҷустуҷӯ ворид кардаанд. Фаррух Тӯхтамамедови 42-сола чаҳор сол қабл подполковники амнияти миллӣ буд. Раҳбарии шӯъбаи якуми бахши бозрасии ин ниҳодро бар ӯҳда дошт. Сазовори медали “Ҷасорат” шудааст. Имрӯз аз онҳо нишоне нест. Чаҳор сол қабл Узбекистонро тарк кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Ҳақиқат ва оқибат (қиссаи собиқ афсари хадамоти амнияти Узбекистон)
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:22:03 0:00

Дар Узбекистон Фаррух Тӯхтамамедов ба даст доштан дар ҷиноятҳое назири суистифода аз мақоми хидматӣ, гирифтани пора ва мардумфиребӣ гумонбар шудааст. Аммо афсари пешини амният ба таври қонунӣ Узбекистонро тарк карда, дар Туркия мубталои бемории сангин аст.

Бо Фаррух Тӯхтамамедов дар яке аз бемористонҳои Истанбул вохӯрдем. Ӯ ба сӯҳбати бидуни намоиши чеҳрааш розӣ шуд. "Дар соли 2013 ними гӯлузиндонакамро гирифтанд. Ин бемориро шояд, ки ҳама дошта бошанд. Феълан ҳамарӯза доруеро бо номи эутерокс истеъмол мекунам. Агар шахс ин доруро ду ё се рӯз нахӯрад, варам карда беҳол мешавад. Аз соли 2014 асосан табобати кимиёӣ мегирам. Чанд дафъа ба бахши эҳёгарӣ мунтақил шудам", - афзуд ӯ.

Хабарнигор: Ҳамроҳи хонаводаатон ҳастед?

Фаррух Тӯхтамамедов: "Бале. Панҷ фарзанд дорам. Фарзандонам низ ҳамроҳи мананд. Дуруст аст, ки дар хориҷа зиндагӣ кардан душвор аст. Ба далели бемории ман инҷо ҳастанд, чун парастори дигаре надорам. Дар хобгоҳи дохили бемористон зиндагӣ мекунем. Пизишкон мегӯянд, ки доруҳои мухталиф пайдо шудааст. Ҳоло тавассути ман аз санҷиш мегузаронанд."

Хабарнигор: Саратони дараҷаи чанд аст?

Фаррух Тӯхтамамедов: "Вақте саратон гӯед, "рак" мефаҳманд. Дар дараҷаи дувуми "рак" ҳастам. Ҳоло дар марҳилаи гузариш ба дараҷаи севум қарор дорам. Ҳатто дар дараҷаи дуюм ҳам бимонам, ҳадди аксар панҷ сол умр хоҳам дид. Худатон хуб медонед."

Дар мавриди саломати Фаррух Тӯхтамамедов бо масъулони бемористон ба таври ҷудогона сӯҳбат кардем. Онҳо аз бемории саратон табобат шудани ӯро тасдиқ карданд. Яке аз пизишкон таъкид дошт, ки Фаррух Тӯхтамамедов дар марҳилаи гузариш аз дараҷаи дуюм ба сеюми саратон қарор дорад.

Агар фардо мурдӣ, аз сатаи қалб (инфаркт) мурд гуфта маълумотнома (справка) медиҳанд

Подполковники собиқи адлия Фаррух Тӯхтамамедов дар идома ба фаъолияташ дар Хадамоти амнияти миллӣ рӯшанӣ андохт: "Ниҳоди мо низомӣ маҳсуб шуда, мо хидматчии низомӣ ҳисоб меёфтем. На танҳо, хидматчии низомӣ, балки ба мисли додситонии низомӣ бозраси низомӣ ба шумор мерафтем. Яъне, ба унвонҳоямон вожаи “адлия” ҳамроҳ мешуд. Ман бозраси низомӣ маҳсуб мешудам. Раёсати мо асосан ҷиноятҳои марбут ба моддаи 34-и Кодекси ҷиноиро бозрасӣ мекард."

Хадамоти амнияти миллии Узбекистон дар муддати чаҳор аср аз қудрати беҳад бархӯрдор буд. Аммо президент Шавкат Мирзиёев мегӯяд, он замон гузашт. Мирзиёев, ки якуним сол қабл ба қудрат расид, мегӯяд, ҳама бояд дар назди халқ ҳисобот диҳанд. Аз ҷумла, Хадамоти амнияти миллӣ.

Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон, аввали имсол ба истеъфо рафт
Рустам Иноятов, раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон, аввали имсол ба истеъфо рафт

Хабарнигор: Чанде қабл президент Шавкат Мирзиёев гуфт, Хадамоти амният сари соҳибкоронро "хӯрдааст". Шумо маҳз дар бахши ҷиноятҳои иқтисодӣ фаъолият доштед. Ин ҳарфҳо ба Шумо низ рабт надорад?

Фаррух Тӯхтамамедов: "На. Умдатан бо ҷароиме, ки дар Вазорати молия, Вазорати иқтисоди хориҷӣ ва гумрук содир шудааст, сари кор доштам. Ҳамчун бозрас тибқи моддаҳои Кодекси ҷиноӣ фаъолиятамро пеш мебурдам. Ҳодисаҳои талаву тороҷ дар идораҳои давлатиро бозрасӣ мекардам. Шуъбае, ки кор мекардам, дар самти ҷиноятҳои иқтисодӣ фаъолият мекард."

Хабарнигор: Худи Шумо сари ягон соҳибкорро “нахӯрдаед”?

Фаррух Тӯхтамамедов: "Сари як нафарро «хӯрдан» ё «нахӯрдан» ба ваколати ман рабт намегирад. Санадҳои иқтисодиро меомӯхтам. Агар аломатҳои ҷиноят ҷой дошта бошад, таҳти назорати додситонӣ парвандаи ҷиноӣ боз мекардам."

Маҳбаси Хадамоти амнияти миллӣ дар канори шаҳри Тошканд. Ин макон дар миёни мардум бо номи "Гвардейский" маъруф аст. Фаррух Тӯхтамамедов маҳз дар ин маҳбас афроди боздоштшударо бозҷӯӣ кардааст. Аммо дар замони президентии Ислом Каримов Хадамоти амният на танҳо "Гвардейский", балки дигар боздоштгоҳ ва маҳбасҳоро назорат мекард. Аз ҷумла, Тоштурма, маҳбаси кӯҳнатарин дар Узбекистонро.

Гуфтам, вазъам бад аст, пизишкро даъват кунед. Гуфтанд, ки дурӯғ мегӯӣ, худро ба касалӣ наандоз.

Ҷамшед Нуриддинови 42-сола, соҳибкори тошкандӣ дар соли 2007 нахустин ширкати пешниҳоди хадамоти мошинҳои гаронбаҳоро ифтитоҳ кард. Дар зарфи 5 сол теъдоди мошинҳои гаронбаҳои ширкат ба 60 адад расид. Ба гуфтаи Ҷамшед Нуриддинов, моҳи феврали соли 2012 ӯ барои мухолифаташ нисбати ба зӯр гирифтани ширкаташ зиндонӣ шуд. Ва ба гуфтаи ӯ, дар муддати ҳаштуним моҳ мавриди шаканҷаи гӯшношунид қарор гирифтааст.

"Корманди оперативӣ омад. Гуфт, ки Ҷамшед вазъиятро фаҳмидӣ? Гуфтам, ба фикрам фаҳмидам. Гуфт, ман ба он ду нафари СНБ кор мекунам. Ба онҳо иҷозат доданд, ки бо ту ҳама корро раво бинанд. Агар фардо мурдӣ, аз сатаи қалб (инфаркт) мурд гуфта маълумотнома (справка) медиҳанд", - нақл кард ӯ.

Хабарнигор: Ҳангоми таҳияи матлаб бо чанд нафар сӯҳбат доштем. Бархе гуфтанд, агар аз ҷониби бозрас шиканҷа истифода нашавад ҳам, дар камера тавассути ҷинояткорони ашаддӣ барои эътирофи айбнома шиканҷа истифода мешудааст. Шумо аз чунин усул истифода кардаед?

Фаррух Тӯхтамамедов: "Аввал, ба ҳайси бозрас барои истифода аз чунин усул ниёзе надоштам. Дигар, барои чунин амалҳо ҳақ надорам. Сеюм, утоқи бозрасӣ ниҳоди ҷудогона ҳисоб меёбад ва Раёсати бозрасӣ ба умури ин ниҳод мудохила намекунад. Онҳо дар раёсати ҷудогона ҳастанд."

Моҳи майи соли 2014 даҳҳо афсари Хадамоти амнияти миллии Узбекистон боздошт шуданд. Дар миёни онҳо Фаррух Тӯхтамамедов ҳам буд. ​"Дар миёни 12 нафари боздоштшуда танҳо ман урён будам. Дигарон либос доштанд", - нақл кард ӯ ва афзуд, "мехостанд ба ман фишори равонӣ кунанд. Нимашаб бо кормандони маҳбас омада бедор карда, гуфтанаш ҷоиз набошад ҳам “модаратро фалон кунам” гуфтанд. Имкони хоб кардан намедиҳанд."

Хабарнигор: Шуморо латту кӯб мекарданд?

Фаррух Тӯхтамамедов: "Бо чӯбдаст вориди камера шуда, як зарба мезаданд. Сипас, “модаратро фалон кунам” гуфта баромада мераванд. Омад, маҷбур мекард, ки лучи модарзод бошам. Дар чунин шароит шок шудам. Вазъи саломатиам хеле бад шуд. Гуфтам, вазъам бад аст, пизишкро даъват кунед. Гуфтанд, ки дурӯғ мегӯӣ, худро ба касалӣ наандоз. Вазъи саломатиам, воқеан, хеле бад буд. Афроди ниқобпӯш бо автомат моро ба кӯча мебурданд. Маҷбур мекарданд, ки дар замин шинем. Нӯги автоматро ба пешониам мегузоштанд. Айбномаи ман суистифода аз мақоми хидматӣ буд. Ҳар рӯз варақеро ба ман медоданд, имкони хондан надода, талаб мекарданд, имзо гузорам. Барои видео ба навор мегирифтанд. Ҳамон рӯз бо неруҳои вижа ба манзили ман рафта, тафтиш гузоронданд. Модарам - муаллима ба далели беморӣ дарро зуд боз карда натавонистанд. Ин афрод вориди хона шуда, ба модари пирам носазо гуфта, бо автомат таҳдид кардаанд. Ин ҳодиса бароям аз ҳама бештар дарднок буд."

Пас аз 45 рӯзи боздошт додгоҳи низомӣ Фаррух Тӯхтамамедовро ҷарима кард ва аз боздошт озод намуд. Вай мегӯяд, то ҳол ба Узбекистон содиқ мондааст. Аммо рӯшан нест, ки ӯро дар ватан чӣ интизор аст: ҳабс ё озодӣ? Барои ба суолҳо посух ёфтан Фаррух Тӯхтамамедов бояд интизор бимонад...

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG