Пайвандҳои дастрасӣ

Аз дабири СММ хостанд, ҳуқуқи инсонро бо Раҳмон матраҳ кунад


Антонио Гутеррес ба зудӣ ба 5 кишвари Осиёи Марказӣ меравад.

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ аз дабири кулли Созмони Милал хостааст, зимни сафараш ба Осиёи Марказӣ ва зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон масъалаи мурооти ҳуқуқи инсон, хотима додан ба азобу шиканҷа ва фишор ба хабарнигоронро дар миён бигузорад.

Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 8-уми июн бо нашри баёнияе гуфт, “риояти ҳуқуқи инсон дар кишварҳои минтақа бояд як масъалаи аслии сӯҳбати Антонио Гуттереш бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бошад. Дабири кулли Созмони Милал рӯзи 12-уми июн ба Душанбе меравад ва бо раҳбарони Тоҷикистон аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон гуфтӯгу мекунад.

Ҳю Вилямсон, мудири барномаҳои Дидбони Ҳуқуқи Башар барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар ин баёния гуфтааст, “Мо аз дабири кулл мехоҳем бо истифода аз нахустин сафараш ба минтақа ба раисони ҷумҳур ҳушдор бидиҳад, ки ончиро, ки қонунҳои байналмилалӣ ва аҳдномаҳои Созмони Милал талаб доранд, иҷро кунанд, онҳоеро, ки нодуруст пушти панҷара андохтаанд, озод кунанд, бигзуоранд, то хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ корашонро кунанд ва онҳоеро, ки азобу шиканҷа мекунанд, ҷазо бидиҳанд."

Талаби раҳонии беқайду шарти се вакил

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Бузургмеҳр Ёров бегуноҳ зиндонӣ шудааст.
Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, Бузургмеҳр Ёров бегуноҳ зиндонӣ шудааст.

Дар баёния бахусус аз давлати Тоҷикистон хостаанд, вакилони зиндонии дифо Бузургмеҳр Ёров, Нуриддин Маҳкамов ва Шӯҳрат Қудратовро бе ҳеҷ қайду шарт ва фавран озод кунад ва ба таъқиби хешовандони мунтақидоне, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд, хотима бидиҳанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, сафари Антонио Гутерреш ба Осиёи Марказӣ фурсати олие барои матҳар кардани нигарониҳо аз вазъи ҳуқуқи инсон дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказист.

Дар баёнияи созмон омадааст, сафари дабири кулли Созмони Милал ба Тоҷикистон дар замоне сурат мегирад, ки кишвар шоҳиди бадтарин саркӯбиҳо дар муддати 20 соли ахир аст. Ҳукумат соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро мамнӯъ кард ва бештар аз 150 фаъолони ҳизб ва вакилони дифоъро “бо иттиҳоми сохта” ба зиндон андохт.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз дабири кулли Созмони Милал тақозо кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон бихоҳад, ки “ба занҷираи табъизҳо хотима диҳад.”

Давлати Тоҷикистон соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро яке аз тарҳрезони ошӯб ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода номид. Баъдан ин ҳизбро созмони террористӣ эълон карданд ва фаъолияташро дар Тоҷикистон мамнӯъ карданд, баъзе аз раҳбарони ҳизб аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, ки ба хориҷ паноҳ бурданд, ин иддаоро рад мекунанд.

Антонио Гутерреш ҳангоми сафараш ба Осиёи Марказӣ дар як ҳамоиш дар бораи мубориза бо терроризм ширкат мекунад ва Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфтааст, Антонио Гутерреш бояд ба ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ фишор биёрад, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризм ҳуқуқи мардумро зери по накунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG