Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1215 рӯз ҳабси Бузургмеҳр Ёров


Бузургмеҳр Ёров
Бузургмеҳр Ёров

Як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба таъқиби вакилони мудофеъ дар кишвар хотима дода, адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро билофосила озод кунад. Рӯзи 24-уми январ рӯзи ҳуқуқшиносонест, ки таҳти хатар ҳастанд.

Ҳоло бар сари беш аз 11 ҳазор аҳолии кишвар 1 адвокат рост меояд.

"Бо ангезаҳои сиёсӣ паси панҷара бурданд"

Марк Коттриҷ ҳамкори ширкати ҳуқуқии Hogan Lovells ва яке аз муаллифони муроҷиатнома ба унвонии Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди қазияи Бузургмеҳр Ёров аст.

Вай рӯзи панҷшанбе бо нашри гузориш таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва бахусус мақомоти Тоҷикистонро ба сарнавишти Бузургмеҳр Ёров ва вакилони дигар ҷалб кардааст. Коттриҷ мегӯяд, вакилони мудофеъ барои иҷрои масъулиятҳои касбиашон зиндонӣ шуда ва ё таҳти таъқиб қарор доранд.

Марк Коттриҷ дар муроҷиаташ тавассути вебсайти "Дипломат" гуфтааст, Тоҷикистон бояд мустақилии вакилони мудофеъро таъмин кунад. "Бузургмеҳр Ёров ва ҳуқуқшиносони дигар, ки бо ангезаҳои сиёсӣ паси панҷара рафтаанд, бояд бе қайду шарт озод шаванд", - таъкид шудааст дар муроҷиатнома.

"Ҳар кас барои аъмоли ҷиноиаш зиндонӣ шудааст"

Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015, баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзат дастгир ва дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ айбдор шуд. Додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар давоми се соли охир дастикам панҷ вакили дифои дигар зиндонӣ ваё таҳти таҳқиб қарор гирифтанд. Шӯҳрат Қудратов охири соли 2018 ва аз он пештар Фахриддин Зокиров аз зиндон озод шуда, Нуриддин Маҳкамов ҳанӯз дар маҳбас аст.

Зариф Ализода
Зариф Ализода

Зариф Ализода, Омбудсмени Тоҷикистон, рӯзи 24-уми январ нақзи ҳуқуқи вакилони мудофеъро дар кишвар рад кард ва иддаои созмонҳои байналмилалиро "бепоя" хонд. Ӯ гуфт, "ҳар як вакили дифои зиндонӣ барои ҷинояти мушаххас аз тарафи додгоҳ ба зиндон маҳкум шудааст. Аз ҷумла, айбҳои марбут ба қаллобии Бузургмеҳр Ёров дар додгоҳ собит шудаанд."

"Аз мавқеи худ нагаштааст"

Рӯзи 24-уми январи соли 2019 аз замони ба ҳабс гирифта шудани Бузургмеҳр Ёров 1215 рӯз гузашт. Дар ин рӯз ҳамсари ӯ Заррина Набиева пушти дари зиндон буд, то Ёров дидор кунад.

Набиева бори охир бо ҳамсараш моҳи гузашта дар зиндон вохӯрданд. Ӯ дар ҷавоб ба суоли онки вазъи шавҳараш дар зиндон чӣ гуна аст, гуфт, мавқеашро тағйир надодааст ва ҳукми худро ноодилона меҳисобад. "Вазъи саломатии шавҳарам бад нест, аммо зиндон - зиндон аст", - афзуд ӯ.

Зарина Набиева
Зарина Набиева

Даъвати ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои ғарбӣ бо талаби озодӣ ва бозбинии парвандаи Бузургмеҳр Ёрови 49-сола дар гузашта бисёр садо додааст. Бори охир Эмилия Пума, муовини ёвари котиби давлатии Амрико моҳи октябри соли 2018 дар чаҳорчӯби машваратҳои сиёсии миёни Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида аз сарнавишти Бузургмеҳр Ёров ёдовар шуд ва бозбинии парвандаи ӯро тақозо кард.

Вакилони мудофеъ ё миёнравҳо?

Бархе аз кормандони созмонҳои байналмилалӣ мегӯянд, маҳз сарнавишти Ёров ва чанд ҳамкори дигари ӯ боис шудааст, ки вакилон аз кор бо парвандаҳои ба истилоҳ сиёсӣ худдорӣ кунанд. Як корманди созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон бе зикри номаш гуфт, "боздошти адвокатҳо сабаб шуд, ки вакилон вазифаи худро асосан дар "салому алейк" ва расонидани паёмҳо ба наздикони маҳбусон мебинанд".

​Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар пайи фишору таъқиби ҳуқуқшиносон ва ҳам роҳандозӣ шудани таҷрибаи аз санҷиш гузаронидани вакилон, ҳоло чизе дар ҳудуди 800 адвокат ҳаққи иҷрои вазифаҳои касбии худро дорад. Қаблан ин рақам ба якуним ҳазор нафар баробар буд.

Ҳоло бар сари беш аз 11 ҳазор аҳолии кишвар 1 адвокат рост меояд.

Гузориши The Diplomat ин ҷо қобили дарёфт аст:

https://thediplomat.com/2019/01/fighting-for-tajikistans-jailed-lawyers/

XS
SM
MD
LG