Пайвандҳои дастрасӣ

Зоҳидӣ: "Агар мухолифон ба арзишҳои мо арҷ гузоранд, ҷояшон Тоҷикистон аст" ВИДЕО


Низомиддин Зоҳидӣ

Пас аз ду сол ҳайати Тоҷикистон зери раҳбарии Низомиддин Зоҳидӣ, муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳуқуқи башари САҲА дар Варшава иштирок кард. Соли 2016 иштироки мухолифин ва эътирози густардаи онҳо ҳайати ҳукуматро маҷбур намуда буд, ки ҷаласаро аз нимаш тарк намоянд.

  • Низомиддин Зоҳидӣ, ки ҳоло ҳайати ҳукуматро дар ин нишаст раҳбарӣ мекунад, рӯзи 14-уми сентябр дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо “эътимодро аз даст додааст”. Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин гуфт, онҳо омаданд, то ба масъулони созмон эроди худро бирасонанд. Ӯ ба суолҳо дар бораи ҳуқуқи башар, маҳдудиятҳои сиёсӣ ва мухолифон низ посух дод.
Ҳама гуна имконият ҳаст, агар онҳо ба Тоҷикистон баргарданд. Тоҷикистон ватани онҳост ва онҳо бародарони мо ҳастанд​

Радиои Озодӣ: Дар рӯзи чаҳоруми нишасти САҲА суҳбатҳои аслӣ дар мавриди ҳуқуқи башар ва озодиҳои динӣ аҷом ёфт. Бардошти Шумо аз ин нишаст ва суҳбатҳо чӣ ҳаст?

Низомиддин Зоҳидӣ: Мехоҳам таъкид кунам, ки Тоҷикистон ҳамкорӣ ва муколама бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалиро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Бинобар ин, иштироки мо дар ҷаласаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ҳамин сиёсат бармеояд. Он чизе, ки ба назар мерасад, имрӯз ҳамон рӯҳияе, ки Ҳелсинки, ки асоси фаъолияти ин созмон аст, коҳиш ёфтааст. Бовар ва эътимод миёни кишварҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Ин чиз дар ҷаласаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон бармало эҳсос мешавад. Ба назари мо, яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани боварӣ ва эътимод, ин истифодаи арзишҳои духӯра дар арзёбии ин ё он падидаи сиёсӣ, дар арзёбии ин ё он ҳодисаю воқеа дар минтақаи САҲА аст. Дар арзёбии ҳодисаву воқеаҳо манфиатҳои ин ё он кишварҳо боло мегирад ва натиҷаи ҳамин аст, ки меъёрҳои дугона дар арзёбии ҳодисаву падидаҳо мавриди истифода қарор мегирад. Як мисоли бисёр рӯшани ин, иштироки баъзе созмонҳо ва ҳаракатҳо дар кишварҳои аъзои САҲА аст, ки террористиву экстремистӣ эълон шудаанд. Аз ҷониби онҳо истифода кардани минбари Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон мавриди интиқод ва эроди кишварҳои дигар ҳам қарор гирифт. Барои иштироки ин гуна созмонҳо, бояд қоидаҳои даъвати созмонҳои ғайридавлатиро таҷдиди назар намуд. Имрӯз ба воқеияти рӯз, талаботи кишварҳои узви САҲА мувофиқат намекунад.

Радиои Озодӣ: Дар суханрониатон низ ба ифротӣ ва террористӣ будани ин гурӯҳҳо таъкид кардед. Аммо масъулини ин созмон гуфтанд, ки ҳеҷ далел ва фаъолияти тундравонаи онҳоро намебинанд.

Низомиддин Зоҳидӣ: Далел надорем гуфтанд, вале чизе, ки пеш аз ҳама ба он такя мекунанд, қоидаҳои иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин ҷаласаҳо ҳаст. Ин қоидаҳо имкон медиҳад, ки ин гуна ҳаракатҳо, ин гуна ҳизбҳо дар ин ҷо ширкат варзанд. Имрӯз аз ҷониби Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, аз ҷониби созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, аз ҷониби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардидаанд. Кишварҳое, ки ба ин созмон ворид ҳастанд, имрӯз сиёсати ҷаҳонро муайн мекунанд, нуфузи хеле зиёд ба самтҳои сиёсату иқтисоди ҷаҳон доранд. Эътирофи инҳо натиҷаи он аст, ки ҳукумати Тоҷикистон далелҳои раднопазир дар бораи даст доштани ин ҳизб ба аъмоли террористиву экстремистӣ пешниҳод кардааст.

Навори видеоӣ дар инҷост:

Зоҳидӣ: Агар мухолифон ба арзишҳои мо арҷ гузоранд, ҷояшон Тоҷикистон аст
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:10:21 0:00

Радиои Озодӣ: Дар посух ба ин иддао созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфтанд: вориди рӯйхати як созмон шудани кадом ҳизбу ҳаракат, ки он аз ҷониби як кишвар пешниҳод мешавад, маънои онро надорад, ки ҳама кишварҳои узви ин созмон ин ҳизбро террористӣ медонанд. Барои террористӣ хондан ба гуфтаи онҳо, бояд додгоҳҳои ҳар кишвар дар алоҳидагӣ қарор қабул кунанд. Чаро кишварҳои узви ин созмон дар алоҳидагӣ ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро террористӣ эътироф накарданд?

Лаҳзае аз суҳбати Муъмин Аҳмадӣ бо Низомиддин Зоҳидӣ
Лаҳзае аз суҳбати Муъмин Аҳмадӣ бо Низомиддин Зоҳидӣ

Низомиддин Зоҳидӣ: Гап дар сари он меравад, ки оиннома ва фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ имрӯз ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест. Бубинед, имрӯз дар бисёре аз гӯшаҳои олам бисёр низоъҳо ҷараён дорад, доман паҳн мекунад, вале созмонҳои байналмилалӣ, созмонҳои минтақавӣ имкони нуфузу таъсир гузоштан барои ҳалли ин қазияҳоро надоранд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин гуна созмонҳо фаъолияташон бояд ба талаботи имрӯз мувофиқ гардонида шавад.

Радиои Озодӣ: Ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ замони ҷанги шаҳрвандӣ як тарафи даргирӣ буд. Он замон бо вуҷуди муқовиматҳои мусаллаҳона бо онҳо музокира ва сулҳ шуд. Оё феълан чунин имкони созиш бо ин ҳизб ва дигар гурӯҳҳои мухолиф имкон дорад?

Низомиддин Зоҳидӣ: Ҳама гуна имконият ҳаст, агар онҳо ба Тоҷикистон баргарданд. Тоҷикистон ватани онҳост ва онҳо бародарони мо ҳастанд. Бинобар ин, метавонанд, дар ҷомеаи демокративу дунявии Тоҷикистон зиндагӣ ба сар баранд. Ба як нукта ишора мекунам, ки дар ҳайати Тоҷикистон ду нафаре ҳастанд, ки аз таъсисдиҳандагони Ҳизби наҳзати исломӣ буданд. Агар онҳо сулҳу ваҳдатро, ягонагии мардуми моро ва ингуна арзишҳои моро арҷ гузоранд, ҷойи онҳоро дар Тоҷикистон мебинам.

Радиои Озодӣ: Рӯзи 10-уми сентябр намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти САҲА аз маҳдудиятҳои сиёсӣ, озодиҳои эътиқодӣ ва матбуот дар Тоҷикистон интиқод кард. Назари шумо ба он интиқодҳо чӣ ҳаст?

Низомиддин Зоҳидӣ: Як нуктаро мехоҳам таъкид кунам, ки дар Тоҷикистон маҳбусони сиёсӣ нестанд. Дар бораи ба ҳабс кашидани адвокатҳо ё журналистон сухан меравад. Журналист ҳам пеш аз ҳама шаҳрванд аст. Шаҳрванд баъдан журналист мешавад. Журналист будан инсонро аз маъсулияти шаҳрвандӣ раҳо намекунад. Баъзе нафароне, ки ҳастанд, ба ин ё он қонуншиканӣ даст задаанд. Агар онҳо барои қонуншикании худашон масъулият надошта бошанд, оё ин адолат аст. Албатта, ин адолат нест.

Радиои Озодӣ: Ин назар вуҷуд дорад, ки онҳо барои фаъолияти кориашон ба додгоҳ кашида мешаванд.

Низомиддин Зоҳидӣ: Ҳар як қазияро бояд ба таври мушаххас дид. Кадом қазияеро намебинам, ки танҳо ба хотири фаъолияти рӯзноманигорӣ ба ҳабс кашида шуда бошад.

Радиои Озодӣ: Аз Бузургмеҳр Ёров, вакили шинохта ёд шуд, ки маҳз барои фаъолиятҳои касбиаш зиндонӣ шуд.

Низомиддин Зоҳидӣ: Ин иддаоро низ қабул карда наметавонем. Он кас барои амалҳои коррупсиониаш ба маҳбас кашида шуд. Ҳар касе мехоҳад, бо қазияи ӯ шинос шавад. Он вақт ба дурустии он чизе, ки ман гуфтам, бовар ҳосил мекунад.

Радиои Озодӣ: Се рӯз қабл бо намояндагони созмони Ҳюман Райтс Вотч гуфтугӯ доштед. Сӯҳбат сари кадом масъала буд ва кадом мавзӯъ матраҳ шуд?

Низомиддин Зоҳидӣ: Онҳо назари худашонро дар бораи масъалаҳои таъмини ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон баён доштанд ва мо ҳам назари худро гуфтем. Ман гуфтам, ки имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барқарор аст. Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо дар ҳоле имконпазир мешавад, ки ҳуқуқи инсон ҳимоя шуда бошад. Агар инсон зери фишор бошад, агар ҳуқуқҳояш таъмин нагардад, ҳеҷ вақт дар он кишвар сулҳу субот ва ваҳдат нахоҳад буд. Мо инро таъкид кардем ва назари мусоҳибони худро ба зарурати ба таври обективона инъикос кардани вазъи воқеии Тоҷикистон ва талошҳои Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ҷалб кардем.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG