Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигоҳ ба озодии баён аз толори Варшава. ВИДЕО


Шаҳло Акобирова ба саволҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ посух медиҳад
Шаҳло Акобирова ба саволҳои хабарнигори Радиои Озодӣ Мӯъмин Аҳмадӣ посух медиҳад

Ду намояндаи матбуоти Тоҷикистон - раиси Шӯрои ВАО Шаҳло Акобирова ва раҳбари Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, ки дар баррасии масоили ҳуқуқи башар дар Варшава ширкат мекунанд, аз минбари САҲА аз мушкилоти матбуот ва озодии баён сӯҳбат карданд.

Ин ҳомиёни озодии матбуот мегӯянд, ки дар солҳои охир вазъи матбуоти мустақил дар Тоҷикистон хеле тағйир ёфта, мушкилоту чолишҳои нав домангири журналистони тоҷик шудааст.

Озодии баён қурбони мушкилоти молӣ мешавад

Махсусан расонаҳои бонуфузи Тоҷикистон ба худсензура гузаштаанд, аз мавзӯъҳои ҳассоси марбут ба сиёсати дохилӣ парҳез мекунанд ва бештар дар бораи масоили иҷтимоӣ мавод омода мекунанд

Шаҳло Акобирова, ки дар арзёбиҳои вазъи матбуот аз ҷониби Тоҷикистон суханронӣ кард, гуфт, дар изҳороти худ мушкилоти молӣ ва ҳам дастрасии матбуот ба иттилоъро аз чолишҳои аслии журналистикаи мустақили ин кишвар унвон кард. Дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ дар Варшава Акобирова гуфт:

“Вазъи озодии баён дар ҷаҳон дар умум поин рафта, аз назари раддабандӣ мавқеи Тоҷикистон зоҳиран назар ба ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ баландтар аст. Вале дар асл вазъи озодии баён ба он сатҳе нест, ки мо дидан мехоҳем. Мо дар ин ҷаласа гуфтем, ки ҳукумат бояд заминаҳои ҳуқуқиро беҳтар кунад, то ки расонаҳои мустақил тавонанд бо ҳам рақобати солим дошта бошанд ва ҷои худро бигиранд. Имрӯз бо кӯмаки буҷаи кишвар шумори зиёди расонаҳо маблағгузорӣ мешаванд. Он васоити ахбори умум, ки имкони пул кор кардан надоранд, наметавонанд, ки вуҷуд дошта бошанд ва рақобатпазир бошанд".

Акобирова гуфт, ки дар баробари пешниҳоди дастгирии молии расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон, беҳтар шудани ҷараёни дарёфти хабару иттилоъ аз ҷониби журналистон дар сохторҳои давлатиро ба ҳам матраҳ кардааст.

Ш.Акобирова: Вазъи озодии баён ба он сатҳе нест, ки мо дидан мехоҳем
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:04 0:00

Ӯ гуфт: “Дар сохторҳои давлатӣ бояд нафароне мутасаддӣ шаванд, ки тавони додани посухи саривақтӣ ба саволҳои матбуотро дошта бошанд. Ва дар сурати вазифаҳои худро иҷро накардани он шахси масъул, ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Танҳо дар ин сурат мо метавонем дастрасӣ ба иттилоотро дар Тоҷикистон беҳтар кунем”.

Зикри ин мушкилот дар ҳолест, ки созмонҳои ҳомии озодии баён дар Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир, аз ҷумла бо сабаби мушкилоти молӣ чандин расонаи мустақил аз кор монд. Танҳо соли 2016 чор расонаи фаъоли хабарӣ аз майдон берун шуд. Бо ҳамин сабаб ҳам даҳҳо журналист тарки пеша карда, бархе ба хориҷа дар ҷустуҷӯи кор рафтанд.

"Расонаҳои бонуфуз ва мушкилоти худсензура ​

Раҳбари НАНСМИТ ё Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев дар ҷаласаи САҲА таваҷҷӯҳи ҷомеаи байналмилалиро ба зиёд шудани мизони худсензура дар расонаҳои мустақили кишвар ҷалб кард.

“Махсусан расонаҳои бонуфузи Тоҷикистон ба худсензура гузаштаанд, аз мавзӯъҳои ҳассоси марбут ба сиёсати дохилӣ парҳез мекунанд ва бештар дар бораи масоили иҷтимоӣ мавод омода мекунанд”, гуфт Нуриддин Қаршибоев дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Ба гуфтаи ӯ, сабаби чунин ҳол, тарси аз даст додани бозору ва ҳам мушкил бо мақомот аст, ки метавонанд фаъолияти онҳоро маҳдуд кунанд.

“Як мушкили дигар ин ба журналистика нарафтани насли нави журналистон аст. Ҳатто дар донишгоҳ расонаҳои мустақил дар образи манфӣ маънидод карда мешавад ва ба донишҷӯён имконият дода намешавад, ки давраҳои омӯзиширо дар созмонҳои ҷамъиятӣ баргузор кунанд. Ин боиси нигаронӣ аст ва, ба назари ман, вазорати илму маориф набояд ширкати донишҷӯёнро дар конфронсу мизигирдҳое, ки аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятӣ ташкил мешаванд, манъ кунад”, гуфт Қаршибоев.

Н.Қаршибоев: Расонаҳо аз мавзӯъҳои ҳассоси сиёсати дохилӣ парҳез мекунанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:23 0:00

Нишасти САҲА оид ба арзёбиҳои ҳуқуқи башар, ки дар шаҳри Варшава ҷараён дорад, рӯзи 10 сентябр шурӯъ шуда то 21 сентябр идома мекунад. Дар ин ҷаласаҳо ҳайате ба намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии муовини аввали вазири хориҷа Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳам мухолифони тоҷики муқими хориҷа иштирок мекунанд.

Нишасти 22-юми арзёбиҳои ҳуқуқи башари САҲА ҳар сол моҳи сентябр дар пойтахти Полша ҷараён мегирад ва дар он намояндагони ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ аз 57 кишвари узви ин созмон ва ҳам ташкилоти ҳомии ҳуқуқ иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG