Пайвандҳои дастрасӣ

Варшава: Нишасти паси дарҳои бастаи ҳайати Тоҷикистон ва HRW


Нишасти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони созмони Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) паси дарҳои баста дар Варшава баргузор шуд. Ду тараф масъалаи мубориза бо нақзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ кардаанд. Мулоқот рӯзи 11-уми сентябр сурат гирифт.

Вале ҳарду ҷониб гуфтанд, ки қарор шудааст ҷузъиёти суҳбатро ба матбуот ошкор накунанд. Стив Свердлов, пажуҳишгари Ҳюман Райтс Вотч дар умури Осиёи Марказӣ, рӯзи 12-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "аз рӯҳия ва натиҷаҳои суҳбат қаноатманд буда, ба ҳамкории бештар умедвор аст".

Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷӣ бар уҳда дошт.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар борҳо аз мақомоти Тоҷикистон барои нақзи густардаи ҳуқуқи инсон дар кишвар танқид кардааст. Ин танқидҳо бахусус ҳангоми боздошту ҳабси вакилони мудофеъ ва хабарнигорон дар кишвар садо додаанд.

Тоҷикистон имсол барои иштирок дар нишасти ҳуқуқи башари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар Варшава як ҳайати иборат аз намоядагони сохторҳои гуногунро фиристодааст. Ин ҳайат дар ҳошияи нишасти САҲА бо намояндагони баъзе созмонҳои байналмилалӣ мулоқот карданд.

Дар баробари намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи САҲА фаъолони мухолифони тоҷик дар хориҷа низ иштирок доранд.

Видеоҳои охирин

Кӯча ва ё хиёбоне ба номи Раббониву Аҳмадшоҳ Масъуд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG