Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мероси Шӯравӣ, "Артели заршӯии Помир", ба дасти як ширкати офшорӣ гузашт


Баҳсу кашмакашҳо миёни саҳомон боис шуда, ки куҳантарин ширкати истихроҷи тилои Тоҷикистон -- "Артели заршӯии Помир" ба дасти як ширкати офшорӣ гузашта, аз кор монд ва беш аз 150 коргари он бе маош монданд.

Айни замон молики "Артели заршӯии Помир" ширкати "Таджик эмират Бритиш майнинг компани" (ТЭБМК) аст ва онро чиниҳо раҳбарӣ мекунанд. Бино ба иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, ТЭБМК ба навбати худ ба ширкати офшорие бо номи "VAST OCEAN MININGINVESTMENT LIMITED" тааллуқ дорад. Номи моликони ин ширкат маълум нашудааст.

Аз даст ба даст

То як сол пеш ширкати "Артели заршӯии Помир" ба ду шаҳрванди Тоҷикистон Нарзулло Анаев ва Владимир Дауров тааллуқ дошт.

Аммо ТЭБМК - коршарики онҳо даъво пеш овард, ки ҳама саҳмияҳои "Артели заршӯии Помир" ба ӯ тааллуқ дорад ва талаб пеш гузошт, ки Анаев ва Дауров ширкатро тарк кунанд.

Баҳси ҷонибҳо то ба Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон расид ва дар охир ин додгоҳ баҳсро ба фоидаи ТЭБМК ҳал кард. Ҳамакнун дар феҳрасти ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ТЭБМК молики ягонаи "Артели заршӯии Помир" зикр шудааст.

Аммо дар ин миён Анаев ва Дауров, ки зоҳиран, нахостанд, ширкатро ба осонӣ аз даст диҳанд, на танҳо аз саҳмияҳои "Артели заршӯӣ" маҳрум гаштанд, балки боздошт шуданд.

Саидкомил Қурбонов, вакили мудофеи Анаев ва Дауров, рӯзи 22-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз боздошти зерҳимояҳош ҳудуди 6 моҳ сипарӣ мешавад, аммо Додситонии кул ҳанӯз ҳам тафтишотро ба анҷом нарасонидааст. Тафтишот ин ду нафарро ба тасарруфи маблағу воситаҳои молии ҷамъияти саҳомӣ айбдор мекунанд.

"Нисбат ба зерҳимояҳои ман айби пешакӣ эълон карданд, инак, қариб шаш моҳ мешавад, ки тафтишот идома дорад. Касе намепурсад, ки айби онҳо тасдиқ шуд ё не. Ҳол он ки тафтишот мешуд дар ду моҳ анҷом ёбад", -- иброз дошт вакили мудофеъ.

Қурбонов мегӯяд, чанд боре бо нафарони таҳти ҳимояташ дар боздоштгоҳ дидор дошт, онҳо айбро рад карда ва худро бегуноҳ мешуморанд. Боздошт шудани Анаев ва Дауровро вакили мудофеъ кори дасти ҷониби манфиатдор, яъне ширкати «ТЭМБК» барои аз сари роҳи худ дур кардани монеа медонад.

Тило истихроҷ намешавад…

"Артели заршӯии Помир", ки ҳанӯз аз соли 1978 дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба истихроҷи тило дар Тоҷикистон оғоз карда буд, дар як сол иқтидори истихроҷи то 1 тонна тилоро дошт.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ корхона ба ҷамъияти саҳомӣ табдил ёфт ва муҳандис Шоҳамдам Назриддинов яке аз саҳмдорони асосии он шуд. Соли 2014 мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ Шоҳамдам Назриддиновро ба фурӯши ғайриқонунии металҳои мухталифи ранга ва қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёти артел дар ҳаҷми 2 000 000 сомонӣ айбдор карданд.

Тафтишот нисбат ба ӯ се сол идома кард ва соли 2017 додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ӯро ба 11 соли зиндон маҳкум намуд. Натиҷаи зиндонӣ шудани Назриддинов ин шуд, ки Нарзулло Анаев ва Владимир Дауров саҳомони асосии «Артели заршӯии Помир» шуданд.

«Артели заршӯи Помир» солҳои охир аз мавзеи кони тиллои Шугнов то 25-30 кило тило истихроҷ мекард. Аммо ҳамакнун ин ширкати як замон азим, ки даҳҳо миллион сомонӣ ба будҷаи давлат фоида меовард ва то 150 нафарро бо кор таъмин мекард, комилан аз кор мондааст.

Ғайрат Ҷӯрақулов, яке аз 150 корманди собиқи "Артели заршӯии Помир" мегӯяд, таҷрибаи беш аз 20-солаи истихроҷи тилоро дорад ва қаблан роҳбари яке аз қитъаҳои кори ин ширкат буд. Аммо чун артел аз фаъолият монд, маҷбур шуд, ба муҳоҷират равад.

"Бо таҷрибаи беш аз 20-солаи корӣ ҳоло дар Русия ронандагӣ мекунам. Мисли ман даҳҳо нафари дигар ҳамин хел бекор монданд. Бисёр мехоҳам, ки дар Ватан ҷойи кори шоиста бошад ва дар назди зану фарзандонамон бошем", -- иброз дошт Ҷӯрақулов.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тило вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тило нуҳуфтааст. Мақомот се сол пеш ифшои иттилоъ дар бораи истихроҷи тилоро манъ карданд. То замони сиррӣ эълон шудани ин маълумот, дар соли 2016 Тоҷикистон 5 тонна тило ва беш аз се тонна нуқра истихроҷ карда буд. Ин нукта низ ҳақиқат дорад, ки бузургтарин конҳои тилои Тоҷикистон тадриҷан ба дасти ширкатҳои давлатӣ ва хусусии Чин гузаштаанд.

XS
SM
MD
LG