Ширкати "Фароз" барои омӯзиши ду кон – яке кони тилло ва дигаре кони сурма – дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд иҷозатнома гирифтааст.
Саридораи геологияи тоҷик феҳрасти навини ширкатҳоеро, ки барои омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифтаанд, нашр кард. Бино ба ин феҳраст, ки рӯзи 3-юми ноябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, ширкати "Фароз" барои омӯзиши кони тиллои "Уқобхона" ва кони сурмаи "Паҳндара" дар ноҳияи Айнӣ то соли 2022 иҷозати омӯзишро ба даст овардааст.
"Фароз" аз бузургтарин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки тиҷораташ чанд соҳаро дар бар мегирад. Ин ширкат тиҷораташро дар арсаи тиб аз ҷамъоварии шираи камол шуруъ кард, ки барои истеҳсоли чандин навъи дору ашёи хом ба ҳисоб меравад.
Ширкат дар ҷануби кишвар серпентарий ва ё макони парвариши морҳоро низ дар ихтиёр дорад, ки дар он беш аз 500 мори афъиву айнакдор нигоҳдорӣ мешаванд. Аз ин заҳри мор низ истеҳсол мекунанд, ки дар тиб барои таҳияи позаҳрҳо ба таври густарда истифода мешавад.
Ширкати "Фароз" ҳамчунон дар ворид кардани сӯзишворӣ ба мисли газу бензин пештоз аст. Нашри шаҳодтаномаи ронандагӣ, рақами мошин, таълими маҳорати ронандагӣ, суғуртаи нақлиёт ва ташхисгоҳҳои муосири тиббӣ низ аз тиҷоратҳои пурдаромади "Фароз" ҳастанд.
Чанд сол пеш ширкат маҷмаи лижаронии “Сафед-дара” дар ноҳияи Варзобро низ аз давлат харида ва бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ онро бозсозӣ кард. Ҳамакнун ин мавзеъ бо таноброҳи 2-километрии муосир таъмин аст ва алоқамандони лижаронӣ ва варзишгарон онро аз беҳтарин мавзеъҳо дар Осиёи Миёна медонанд.
Аммо ахиран ба назар мерасад “Фароз” ба соҳаи истихроҷи сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон рӯ овардааст. Ба ҷуз аз ин ду муҷаввиз, ки ахиран соҳиб шуд, “Фароз” барои омӯзиши 7 кон – гранит дар мавзеи Шайдон ва Пискокати ноҳияи Ашт, магнетит ва гаҷсанг дар мавзеи Бувак, оҳаксанг дар мавзеи Харангони ноҳияи Варзоб, гранит дар мавзеи Такоб ва гилу регсанг дар мавзеи Чашмасанг муҷаввиз дорад.
Ширкати “Фароз” исми моликони воқеии худро боре ҳам нашр накардааст. Вале расонаҳо борҳо гузориш нашр кардаанд, ки он ба яке аз афроди наздик ба хонаводаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон тааллуқ дорад.