Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеҳсоли хишти тилло баъди фалокат дар Покрути Тоҷикистон


Истеҳсоли тилло дар яке аз корхонаҳои бузурги истихроҷи тилло дар Тоҷикистон баъди бештар аз як соли таваққуф аз сар гирифта шуд. Ширкати "Чайна Нонферрос Голд Лимитед" (Сhina Nonferrous Gold Limited) рӯзи 4-уми июл эълон кард, ки баъди рафъи паёмади фалокатҳои табиӣ дар кони Покрут рӯзи якуми июл расман ба тавлиди хиштҳои тиллоӣ оғоз кардааст.

Покрут ягона ширкати истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аст, ки ҳамаи саҳмияҳояш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тааллуқ дорад.

Паёмадҳои тарма

Истеҳсоли тилло дар Покрут соли 2016 шурӯъ шуд ва дар он сол аз ин кон 162 кило тилло гирифтанд. Моҳи феврали соли 2017 тарма се хатти баландшиддати нерӯи барқи корхонаро вайрон кард ва нақбҳо пур аз об шуда, хатти коркарди маъдан ва тиллогудозӣ осеб диданд.

Шианг Ву, мудири Сhina Nonferrous Gold Limited, дар як баёнияи расмӣ гуфтааст, қарор аст, онҳо соли 2019 истихроҷи маъданро ба 660 ҳазор тонна ва истеҳсоли тиллоро ба 1 тоннаву 300 кило бирасонад.

"Ширкат айни замон қудрати тавлидотии корхонаро зиёд мекунад ва азм дорад, тавоноии истеҳсоли тилло то соли 2021 ду баробар зиёдтар шавад", - омадааст дар баёнияи Шианг Ву.

Корхонаи мазкурро моҳи июни соли 2016 бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба истифода доданд ва дар он бештар аз 900 нафар кор мекунанд.

Дар Покрут беш аз 130 тонна тилло нуҳуфтааст

Покрут ягона ширкати истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аст, ки ҳамаи саҳмияҳояш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин тааллуқ дорад. "Сhina Nonferrous Gold Limited" дар гузашта гуфтааст, ки дар марҳилаи аввал дар як сол то 2 тонна тилло тавлид мекунад, вале фалокат дар Покрут нақшаҳои онро баҳам зад.

Кони Покрут дар дараи Ромит, дар ноҳияи Ваҳдат ва начандон дур аз пойтахти Тоҷикистон ҷойгир аст ва ба ҳисоби геологҳои тоҷик тақрибан 134 тонна тилло дорад.

Истихроҷи тилло барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тиллои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тиллову асъори кишвар мехаранд.

Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тилло вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тилло нуҳуфтааст.

XS
SM
MD
LG