Пайвандҳои дастрасӣ

Азизхӯҷа бекор монд. Чаҳор корхонаи тиллои Шугновро бастанд


Баъди онки чаҳор корхонаи тилои Шугнов дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон натавонистанд дубора иҷозаи фаъолиятро ба даст биоранд, садҳо нафарро аз кор ҷавоб доданд.

Чанде аз бекоронро дар “Тиллои тоҷик” ҷой кардем. Бархеи дигар, ки соҳиби маълумот буданд, дар мактабу бунгоҳи тиббӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд

Азизхӯҷа Сафолови 33-сола дар корхонаи тиллои «Ганҷ» ба ҳайси ронанда кор мекард ва ҳар моҳ ба буҷети хонаводааш ҳазор сомонӣ ворид менамуд. Як сол қабл ба ӯ гуфтанд, ки муваққатӣ ба рухсатии бемузд равад ва пас аз дарёфти муҷаввиз дубора ба кор хоҳад омад. Аммо пас аз як соли интизорӣ барояш хабар расонданд, ки умедро аз кор биканад.

Азизхӯҷа аввал хост ба чорводорӣ машғул шавад ва ҳоло касби ронандагиро бо аробакашӣ дар бозорҳои Душанбе иваз кардааст. “Дар онҷо кор мекардем ва чархи зиндагиро мегардондем. Ҳоло дар пойтахт аробакашӣ мекунам, чун кори дигаре наёфтам. Дар он куҳҳо кишоварзӣ карда намешавад. Барои чорводорӣ ҳам пул зарур аст. Хулоса, фақат барои шикам кор мекунем, намедонам, оянда чӣ хоҳад шуд”, - шиква кард ӯ рӯзи 15-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ.

Як сол қабл дар ҷамоати Шугнови Ховалинг ҳашт корхонаи тилло фаъол буд. Ҳоло корхонаҳои "Ганҷ”, “Исроил-2011”, “Абдулазиз” ва “Гули Мурод” ба далели нагирифтани иҷозатнома фаъолияти худро пурра қатъ кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, муҳлати муҷаввизи ду корхонаи дигар – “Помир” ва “Союз-зар” – низ ба итмом расидааст ва онҳо дар такудави гирифтани «литсензия» ҳастанд.

Феълан дар Шугнов корхонаи давлатии “Тиллои тоҷик” ва корхонаи хусусии “Одина” расман фаъоланду бас.

Як мақоми яке аз корхонҳаое, ки аз фаъолият мондааст, гуфт, дар аввал коргаронро ба рухсатии бемузд фиристода буданд, чну бовар доштанд соҳиби муҷаввиз хоҳанд шуд. “Акнун пурра ҷавоб додем, чун дигар умеди кор нест. Ҳарчанд дархост додем, ба мо иҷозати фаъолият надоданд. Сабабшро нагуфтанд”, - афзуд ӯ.

Раиси ноҳияи Ховалинг мегӯяд, ба сабаби аз кор мондани корхонаҳои тилло дар ин минтақа беш аз 600 нафар бекор монданд. Ӯ моҳи август дар суҳбат бо хабарнигорон гуфта буд, ки аз миёни ин афрод тақрибан 300 нафари соҳиби диплому ихтисосро ба корҳои мухталиф ҷалб карданд, аммо 300 нафари дигар ҳамчун бекор сабтином шудаанд.

Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ховалинг гуфт, “коммиссияи вижа дар ҳукумат аст, ки бояд баъди омӯзиш иҷозатнома бидиҳад. Вақте иҷоза надоданд, корхона аз байн меравад. Мо чанде аз коргарони бекормондаро дар “Тиллои тоҷик” ҷой кардем. Кадоме дигар маълумот дошт, дар мактабу бунгоҳи тиббӣ бо ҷойи кор таъмин шуд”, - гуфт Нурулло Мирзозода.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло ҷойгир аст. Коркарди тиллои Шугнов дар охирҳои асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шудааст. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тило дар Тоҷикистон гуфта мешавад.

Дар замони пойбарҷоии Шӯравӣ тиллои ин мавзеъ коркард мешуд ва мустақим ба Русия интиқол меёфт. Масъулон мегӯянд, ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ Шугнов моли қумандонҳо буд ва онҳо аз фаъолияти худ дар ин мавзеъ ба касе ҳисобот намедонанд.

Истихроҷи тилло барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тиллои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тиллову асъори кишвар мехаранд. Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тилло вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тилло нуҳуфтааст.

Солҳои охир ширкатҳои Чин ба захираҳои қаъри замин дар Тоҷикистон, аз ҷумла конҳои тилло таваҷҷуҳи хос зоҳир мекунанд. То кунун кони тиллои Сайёд дар ноҳияи Ваҳдат, конҳои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғ дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тилои “Зарафшон” ба дасти ширкатҳои чинӣ гузаштаанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG