Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Тавилдараро дар Шугнов меҷӯянд


Ба қавли манобеъи расмӣ, ин гурӯҳ бо дархости шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ховалинг ҳамагӣ чанд рӯз пеш дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара боздошт гардидааст. Рустам Темуров, сардори шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ховалинг мегӯяд, афроди боздоштшуда узви як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ буда, дар рабудани амволи мардуми ҷамоати Шугнови ин ноҳия гумонбар дониста мешаванд. Вай мегӯяд, қабл аз боздошт маълум шуд, ки беш аз сад аспи савории сокинон ва зиёда аз 4000 сар гӯсфандони ҷамъиятӣ аз ҷамоати Шугнов дар соли 1998 маҳз аз ҷониби ин гурӯҳ ба яғмо бурда шудааст: “Чанде қабл мо чанд нафари онҳоро оварда пурсон кардем ва онҳо иқрор карданд, ки фалониҳо ҳамроҳи онҳо ин ҷиноятҳоро содир кардаанд.”

Ин манбаъ инчунин гуфт, ки Аъзам Зиёев, Мулло Сиддиқ, Ҳусейн ва Сулаймон аз ҷумлаи аъзои гурӯҳи мазкуранд, ки дар судури ҷиноятҳое, амсоли ғоратгарӣ, гунаҳкор дониста мешаванд. Аммо бо сабаби халал ворид нагардидан ба кори тафтишот Темуров аз шарҳи бештари ин мавзӯъ худдорӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол, Фаррухи Мирзо, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, минтақаи Шугнови ноҳияи Ховалинг, ки бо ноҳияи Тавлидара ҳамҳудуд аст, ҳанӯз дар замони ҷанги шаҳрвандӣ шоҳиди даргириҳои зиёди байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва нерӯҳои Иттиҳоди мухолифин буд. Ба қавли вай, ҳатто пас аз имзо шудани созишномаи истиқрори сулҳ низ дар ин минтақа даргириҳо сурат гирифтааст. Фаррухи Мирзо боздошти ин афродро ба ҳодисаҳои ахири ноҳияи Тавилдара рабт медиҳад. Вай мегӯяд, шояд ин гурӯҳ дар ҳамкорӣ бо силоҳбадастон низ, ки моҳи гузашта дар Тавилдара фаъол буданд, гунаҳкор дониста шавад.

Масъулини шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Ховалинг мегӯянд, дар қиболи ба тороҷ бурдани амволи мардум аз мавзеи Шугнов ҳанӯз соли 1998 парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Вале бо сабаби набудани далели кофӣ ин парванда то имрӯз мавриди амал қарор нагирифта буд.
XS
SM
MD
LG