Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯ ва фурӯши лаълу ёқут дар Тоҷикистон осон мешавад? ВИДЕО


Дар Тоҷикистон тарҳи қароре таҳия шудааст, ки ба ҷустуҷӯгарони сангҳои гаронбаҳо ва заршӯён имкон медиҳад, қонунӣ маҳсулоти худро бифурӯшанд. Қарор ҳанӯз ниҳоӣ ва тасвиб нашудааст.

  • Дар ҳоли ҳозир бахше аз сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ба хориҷ қочоқ мешавад. Мақомот мегӯянд, ҳар сол чандин нафарро бо гумони қочоқи сангҳои гаронбаҳо, ки нархашон ба садҳо ҳазор сомонӣ мерасад, дастгир мекунанд.
Сангҳои қиматбаҳо дар ду канори дарёи Зарафшон, Кофарниҳон, қад-қади дарёи Панҷ ва минтақаи Помир ҳастанд.

"Геологияи тоҷик" ҷонибдорӣ кард

Алимаҳмуд Ализода, саргеологи идораи "Геологияи тоҷик", рӯзи 10-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарори ҳукумат ҳафтаи гузашта ба дасти онҳо расид. Муаллифи тарҳи қарор Вазорати молия аст ва идораҳои дигар аз он пуштибонӣ кардаанд.

  • "Мо низ ба тарҳи қарор назари мусбат дорем ва аз он ҷонибдорӣ мекунем. Тибқи он шахс бо иҷозати одӣ аз Вазорати молия, метавонад ба ҷустуҷӯи сангҳои қиматбаҳо ва заршӯӣ машғул бошад. Гирифтани иҷозат бисёр содда мешавад, мушкилӣ нахоҳад дошт. Аммо танҳо дар маконҳое, ки дар тароз (баланс)-и давлатӣ гузошта шуда набошад", - иброз дошт Ализода.

Ин мақоми идораи геология мегӯяд, қарор ҷустуҷӯ ва истихроҷи сангҳои гаронбаҳоеро ба монанди рубин, сапфир, флюарит ва ғайра дар бар мегирад. Ӯ афзуд, "дар минтақаҳои кишвар нуқтаҳои хариди метал ва сангҳои гаронбаҳо ташкил мешавад. Ҳамчунон Вазорати молия метавонад, онро харад. Дар сурате ки вазорат нахарад, ба соҳиби санг иҷозат дода мешавад, онро дар ҷойи дигар фурӯшад."

То замоне қонуни ҷиноӣ ислоҳ нашавад...

Ҳудуди 93 дар сади қаламрави Тоҷикистон куҳистон аст ва ба гуфтаи геологҳо, навъҳои гуногуни сангҳои гаронбаҳо вуҷуд дорад. Бино ба иттилои Саридораи геология дар Тоҷикистон, конҳои сангҳои гаронбаҳое мисли фирӯза, турмалин (қаҳрабо), аквамарин, гранат, скаполит, ёқути сурх, ёқути кабуд, лаъл, зумурад вомехӯранд.

ВИДЕО: Агар санги гаронбаҳо ваё хазина ёфтед, чӣ кор мекунед?

Агар хазинаи гаронбаҳо ёбед, чӣ мекунед?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Зайниддини Насриддин, геологи тоҷик, мегӯяд, барои мардуми одӣ дар дар куҳистон иҷозат додани ҷустуҷӯи сангҳои гаронбаҳо ва баъдан фурӯши он ба давлат метавонад мушкили бекориро то ҳадде ҳал кунад. Вале, ба гуфтаи ӯ, дар ин маврид ҳоло мухолифат дар қонунгузории Тоҷикистон ба назар мерасад.

Бар асоси моддаҳои 283 ва 284-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, истихроҷ ва фурӯши сангҳои гаронбаҳо ҷиноят маҳсуб меёбад ва зиндонро низ дар пай дорад. Зайниддини Насриддин гуфт, то муқаррароти ин ду модда бозбинӣ нашавад, ҳеҷ гуна қарор наметавонад, ин соҳаро ба маҷрои қонунӣ баргардонад.

"Дар ҷараёни корҳои илмӣ-тадқиқотӣ санги қиматбаҳо ёфта будам. Санги ёқут буд, ки аз ноҳияи Мурғоб ёфт шуд. Дар Тоҷикистон дар ду канори дарёи Зарафшон, Кофарниҳон, қад-қади дарёи Панҷ, ҳамчунон дар минтақаи Помир сангҳои гаронбаҳо ҳастанд. Мардуми маҳаллӣ низ таҷрибаи шинохти сангҳои гаронбаҳоро доранд", - афзуд ӯ.

"Шарти мақомот вазнин буд"

Бештари навъҳои сангҳои гаронбаҳо маҳз дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон вомехӯрад. Маконе, ки мизони бекорӣ дар он хеле баланд аст ва бархе аз вакилон мегӯянд дар сурати қонунӣ шудани заршӯӣ ва истихроҷи сангҳои гаронбаҳо ин мушкил метавонад то ҳадде ҳал шавад.

Гулшан Ҷумъахонов, вакили маҷлиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, гуфт, борҳо ба ҳукумат муроҷиат кардаанд, ки барои заршӯӣ дар ноҳияи Ванҷ ва Рӯшон иҷозат бидиҳад. Вай афзуд, "дархостҳо ҳамчунон дар бораи гирифтани иҷозат барои ёфт ва коркарди сангҳои қиматбаҳо низ буданд. Аммо барои ин кор гирифтани иҷозатнома ва иҷрои чанд шартҳое пеш омад, ки хеле барои мардум душвор буд."

Ҷумъахонов гуфт, дар сурати қабул шудани қарор аз сӯи ҳукумат ва осон шудани дарёфти иҷозатнома барои заршӯӣ ва сангҳои қиматбаҳову нимқимат ба фоидаи мардум ва мақомоти маҳаллӣ мешуд. Чун, ба гуфтаи ин вакил, ҳоло талаботи қонун нисбат ба ёфтан ва фурӯши сангҳои гаронбаҳо хеле вазнин аст, аммо пеши роҳи мардумро намегирад ва одамон даст ба кочоқи он мезананд.

"Сабукӣ диҳанд, қочоқ кам мешавад"

"Сангҳои қиматбаҳо ва тило одатан дар минтақаҳои дурдасти куҳистон ҷойгир аст ва барои расидан ба он гоҳе ду-се рӯз бояд роҳро тай кард. Ин гуна мавзеъҳо барои коркарди саноатӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ на ҳама вақт судовар ҳастанд. Барои истихроҷи дастӣ мувофиқ аст. Аз як тараф сокинон даромад мегиранд, аз сӯи дигар аз ҳисоби даромадҳои андоз будҷаҳои маҳаллӣ ғанитар мешавад", - иброз дошт Гулшан Ҷумъахонов.

Бино ба иттилои охирини Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар соли 2017 беш аз 20 ҳолати қочоқи метал ва сангҳои қиматбаҳо ошкор ва арзиши сангҳои қочоқшуда беш аз 1 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дар аксар маврид қочоқбарон лаълу ёқути сурху кабуд ва турмалину рубинро қочоқ мекардаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG