Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кони тило. Вазири тоҷик аз чиниҳо тавсиф ва аз ғарбиҳо гила кард


Заробиддин Файзуллозода
Заробиддин Файзуллозода

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон шарҳ дод, ки чаро Душанбе бисёре аз конҳои тилоро дар ихтиёри сармоягузорони чинӣ мегузорад. Заробиддин Файзуллозода рӯзи 12-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, "танҳо онҳо метавонанд ба захираҳои қаъри замини Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд".

  • Тоҷикистон аз Чин беш аз як миллиард доллар қарздор аст. Ва ширкатҳои чинӣ то кунун ҷилави кони тилои Сайёд дар шаҳри Ваҳдат, конҳои Дуобаи шарқӣ ва Кумарғ дар ноҳияи Айнӣ ва конҳои марбут ба корхонаи тилои "Зарафшон"-ро ба даст гирифтаанд. ​
Вақте давлат қарзро бо пул баргардонда наметавонад, маҷбур аст, бар иваз чизи дигарро пешниҳод кунад. Ин қарз аст ва рӯзе бояд баргардонд

Дар доираи қонун ва озмун

"Конҳо дар доираи қонун ва бар асоси озмун ба ширкатҳои чинӣ дода шудаанд", - гуфт ин узви ҳукумати Тоҷикистон. Вай, ҳамин тавр, аз майли зиёди чиниҳо барои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон тавсиф ва айни замон аз ҳамкории, ба гуфтаи ӯ, номуввафақи ширкатҳои ғарбӣ шиква кард.

Зарробиддин Файзуллозода, барои мисол, аз фаъолияти ширкатҳои "Тетис Петролиюм" ва "Commonwealth & British Mineral Ltd" гила кард, ки ба қавли ӯ натавонистанд, ба ҳайси сармоягузор аз ӯҳдаи кори худ бароянд.

"Ширкати "Тетис Петролиюм", ки барои истихроҷи нафт дар Хатлон даҳҳо иҷозатнома дошт, натавонист барои анҷоми корҳои иктишофӣ сармояи кофӣ ба даст биорад. Ба ин хотир, ширкат бо фурӯши саҳмияҳои худ ба чиниҳо аз бозори саноати куҳии Тоҷикистон берун шуд. Чунин ширкатҳо бисёр ҳастанд", - афзуд вазир.

Чаро ширкати бритониёӣ "Зарафшон"-ро ба чиниҳо дод?

Интиқоди дигари вазири саноат ва технологияҳои нав аз ширкати бритониёии "Commonwealth & British Mineral Ltd" буд, ки гӯиё бо мушкили ҷалби сармоя рӯбарӯ шуд.

Ҳудуди 13 сол бахши умдаи саҳмияҳои корхонаи тиллои "Зарафшон" дар шаҳри Панҷакент маҳз ба ширкати "Commonwealth & British Mineral Ltd" тааллуқ дошт. Аммо соли 2007 онро ширкати чинии "Zijin Mining Group Co.Ltd" харид. Ҳоло 75 дар сади саҳмияҳои корхона ба ширкати чинӣ ва 25 дар сади он ба ҳукумати Тоҷикистон тааллуқ дорад.

"Конҳоро танҳо ширкатҳои чинӣ метавонанд, сармоягузорӣ кунанд. Алакай ширкати саноатӣ - кӯҳии Тоҷикистону Чин дар шаҳраки Зарнисор дар вилояти Суғд марҳилаи дувуми коркарди истихроҷи маъданро шурӯъ кардааст", - афзуд ӯ.

Давоми панҷ соли охир чанд ширкати чинӣ ба Тоҷикистон ворид шуда, дар бахшҳои мухталиф сармоягузорӣ мекунанд. Бар асоси иттилои расмӣ, конҳои тилло низ, ки яке аз боигариҳои Тоҷикистон дониста мешаванд, аксаран аз ҷониби ширкатҳои чинӣ ҷустуҷӯ ва коркард мешаванд.

Истихроҷи тило барои иқтисоди Тоҷикистон бисёр муҳим аст ва қисми зиёди тилои ҳосилшударо барои зиёд кардани захираи тилову асъори кишвар мехаранд.

Чиниҳо шарҳ намедиҳанд

Бино ба гуфтаи мутахассисон, дар Тоҷикистон 15 майдони мушаххасшудаи тило вуҷуд дорад ва дар онҳо ҳудуди 400 тонна тило нуҳуфтааст. Мақомот се сол пеш ифшои иттилоъ дар бораи истихроҷи тилоро манъ карданд. То замони сиррӣ эълон шудани ин маълумот, дар соли 2016 Тоҷикистон 5 тонна тилло ва беш аз се тонна нуқра истихроҷ карда буд.

Намояндагони ширкатҳои чинӣ, ки дар Тоҷикистон ба коркарди тило машғуланд, аз шарҳи ҳамагуна иттилоъ аз ҳосили ҳамкориҳояшон худдорӣ мекунанд. Мақомоти давлатӣ ҳам хуш надоранд, ки дар мавзӯи коркарди конҳои тилои Тоҷикистон бо саҳмияҳои бештар ба тафсил сӯҳбат кунанд.

Аммо иқтисоддонҳо мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон конҳои тилоро бо имтиёзҳои хеле зиёд ба ширкатҳои чинӣ медиҳад. Ба ҷуз аз супурдани андоз, аксари ширкатҳои чинӣ аз 50 то 75 дар сади фоидаи конҳоро бо худ мебаранд.

Саҳми бештар ба он хотир ба чиниҳо дода мешавад, ки тамоми хароҷот дар коркарди тилло ба ӯҳдаи онҳост. Сӯзишворӣ, техника ва маоши кормандонро низ чиниҳо пардохт мекунанд ва танҳо ҳукумат 25 ё 30 дар сади фоидаи корро мегирад.

"Қарзро бояд баргардонд"

Нигарониҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон аз ин аст, ки рӯзе Чин дар ивази қарзҳояш конҳоро бигирад. Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории "Азия-Плюс", ҳам мегӯяд, таҷрибаи кишварҳои дигар нишон додааст, ки дар ҳолати напардохтани қарз ба кишвари ҳамсоя, он метавонад корхонаҳои истеҳсолиро аз худ кунад.

  • "Вақте давлат қарзро бо пул баргардонда наметавонад, маҷбур аст, бар иваз чизи дигарро пешниҳод кунад. Ин қарз аст ва рӯзе бояд баргардонд. Агар мо натавонем, ин қарз ба фарзандон ва набераҳои мо мемонад", - афзуд Чоршанбиев.
Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Дар чанд соли охир Чин ба шарики аслии тиҷоратии Тоҷикистон табдил шуда, ҳар ду кишвар ҳамасола ба беш аз 2 миллиард доллар додугирифт мекунанд. Айни замон Тоҷикистон аз Чин беш аз 1,2 миллиард доллар қарздор аст, ки бахши аъзами қарзи берунии кишварро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG