Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Бо сабаби камбудӣ" аз кор рафтанд, аммо мансаби нав гирифтанд


Шавкат Бобозода – вазири саноат ва узви ҳукумати Тоҷикистон ва Заробиддин Файзуллозода – сардори Сарраёсати геология ҳамроҳ бо муовинони худ аз мақомҳояшон озод шуданд.

Барканорӣ - ба хотири камбудҳои ҷиддӣ

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 28-уми январ гуфт, ки онҳо "бо сабаби ҷой доштани камбудиҳо дар сохтор ва ниҳодҳои зертобеи худ" аз вазифа ронда шуданд. Вале айни замон бо фармони президент, Шавкат Бобозода раиси Оҷонсии нави содироти Тоҷикистон ва Заробиддин Файзуллозодаи 54-сола вазири саноат ва технологияҳои нав таъйин гардиданд.

Шавкат Бобозода аз соли 2013 вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон буд. Ӯ 57 сол дошта, қаблан дар шуъбаи саноат ва энержии Дастгоҳи иҷроияи президент кор кардааст. Ниҳоди нави зери раҳбарии ӯ тобистони соли гузашта бо ҳадафи мусоидат ба "содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар" таъсис ёфтааст.

Ҳадафи чаҳоруми стратегӣ ва тими нав

Тағйирот дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав дар ҳоле сурат гирифт, ки Тоҷикистон саноатӣ кардани иқтисоди кишварро ҳадафи чаҳоруми стратегии худ эълон намудааст. Умед Давлатов, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, низ гуфт, мақомот ба хулосае расид, ки дар ин марҳила тими наве бояд даст ба кор шавад.

  • "Дар соли гузашта саҳми саноати кишвар дар иқтисоди Тоҷикистон 17,2 дар сад баробар буд. Мақомот тасмим дорад, то соли 2030 ин рақамро то ба 22 дар сад афзоиш диҳад. Ба ин далел қарор шуд, ба арсаи саноати Тоҷикистон нафарони нав ҷалб карда шаванд, ки расидан ба ин мақсад воқеӣ гардад”, - афзуд ӯ.

Чанд "магар" ва "агар"

Мақомот мегӯянд, рӯзи душанбе дар Вазорати молия, Вазорати энержӣ, Кумитаи андоз ва баъзе ниҳодҳои дигар дар сатҳи муовинон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, танҳо бо ҷойивазкунии кадрҳо расидан ба ҳадафи пешрафти иқтисодӣ дар Тоҷикистон ғайримумкин аст.

Абдумалик Қодиров
Абдумалик Қодиров

Абдумалик Қодиров, таҳлилагари тоҷик, гуфт, "магар метавон муовини вазири энергетикаро дар дуздии нерӯи барқ ва масрафи барзиёди он айбдор кард? Магар ин вазорат қудрат дорад, ки бар зидди ширкати “Барқи Тоҷик” иқдом анҷом диҳад? Ё магар муовини раиси Кумитаи андоз дар бад шудани фазои соҳибкорӣ дар кишвар айбдор аст? Агар ҳукумат, воқеан, мехоҳад, ки ба пешрафти иқтисодӣ ноил гардад, бояд иқдоми муассиртаеро рӯйи даст бигирад."​

Раисони чанд шаҳру ноҳия иваз шуданд

Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, рӯзи душанбе дар ҳукумати ноҳияҳои Айниву Деваштичи вилояти Суғд, Шоҳмансури Душанбе ва шаҳри Роғун ҳам тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Неъматулло Раҳматуллозода "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мақоми раиси ноҳияи Айнӣ озод ва ба ҷойи ӯ муовини аввалаш Муқим Муродзода омадааст. Неъматулло Раҳматуллозода дастикам панҷ соли охир ба ҳайси раиси ноҳияи Айнии вилояти Суғд фаъолият дошт. Муқим Муродзода аз соли 2007 дар ҳукумати ноҳияи Айнӣ кор мекунад ва тайи тақрибан ду сол боз муовини аввали раис буд.

Рустами Боймурод низ "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мақоми раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд озод шудааст. Ба ҷои ӯ Сулаймон Зиёзода омадааст. Билол Иброҳим аз мақоми раиси шаҳри Роғун озод ва раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тайъин шуд. Феълан Музаффар Сулаймонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Роғун аст.

Сабаби барканории Низом Ҳакимзода, раиси ноҳияи Шоҳмансур низ "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст. Аммо мақоми нави ӯ, ки дар гузашта дар симати вазири нақлиёт кор карда буд, ҳанӯз маълум нест.

Ҳар сол дар моҳи январ, дар остона ва баъди маҷлиси солонаи ҳукумат, тағйироти кадрӣ сурат мегирад. Ҳафтаи гузашта раисони ширкати давлатии «Тоҷик Эйр» ва бонки давлатии «Амонатбонк» иваз шуданд. Аз он пеш раиси вилояти Хатлон низ тағйир кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Таъйини раисони нави "Тоҷик Эйр" ва "Амонатбонк"

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати молия ва Дастгоҳи президент

Ҳакимзода ба ҷои Гулмаҳмадзода раиси Хатлон шуд

XS
SM
MD
LG