Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳ Искандаров: "Таъйини ман набояд боиси нороҳатии касе шавад" САДО


Муҳаммадшоҳ Искандарзода (Шоҳ Искандаров)
Муҳаммадшоҳ Искандарзода (Шоҳ Искандаров)

Генерал Муҳаммадшоҳ Искандарзода (Шоҳ Искандаров) аз мақоми сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Турсунзода озод ва сардори идораи умури дохилии Исфара-1-и вилояти Суғд таъйин шуд. Ин тағйирот рӯзи 3-юми декабр сурат гирифт. Дар баробари Искандарзода, сардорони идораҳои корҳои дохилӣ дар 22 шаҳру ноҳияи дигари кишвар иваз шуданд.

  • Ин фармондеҳи собиқ соли 1997 корро дар сохторҳои пулис оғоз карда, соли 2012 дар пайи пахши гурӯҳҳои Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло дар водии Рашт ва амалиёти низомии Хоруғ рутбаи генерал-майорро гирифт. Панҷ соли охир сардори идораи умури дохилии шаҳри Турсунзода буд. Аз он пеш ба ҳайси муовини сардори Раёсати корҳои дохилии минтақаи Рашт фаъолият кардааст.
Ман шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам ва Исфара яке аз шаҳрҳои кишвари мо ҳаст. Вақте ҷаноби олӣ ба ман бовар мекунад ва вазири корҳои дохилӣ таъин менамояд, дигар аз касе ҳарос надорам

"Зидди ҷинояткорҳо муборизаи беамон мебарем"

Муҳаммадшоҳ Искандарзода дар ҳоле барои кор ба Исфара меравад, ки дар гузашта ҳузури ӯ ва афродаш дар минтақаи ҳаммарз бо Қирғизистон, мояи нигаронии мақомоти кишвари ҳамсоя шуда буд. Соли 2014 Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон барои сафарбар шудани генерал Искандарзода ба Исфара пас аз як муноқишаи марзӣ ба Тоҷикистон нота фиристод.

Исфара ҳанӯз ҳам як минтақаи доғи марзист ва он ҷо сари чанд вақт баҳсу задухӯрд миёни сокинони ду тарафи сарҳад бар сари замину об рух медиҳад.

Тағйироти кадрӣ дар шуъбаҳои корҳои дохилии 23 шаҳру навоҳии кишвар рӯзи 3-юми декабр сурат гирифт
Тағйироти кадрӣ дар шуъбаҳои корҳои дохилии 23 шаҳру навоҳии кишвар рӯзи 3-юми декабр сурат гирифт

Муҳаммадшоҳ Искандарзода рӯзи 3-юми декабр дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, таъйини ӯ ба ин мақом набояд боис ба нороҳатии касе ё кишваре шавад. “Сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ таъйин шудаам. Вазифаи ман таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон аст. Барои иҷрои вазифа меравам. Ман шаҳрванди ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастам ва Исфара яке аз шаҳрҳои кишвари мо ҳаст. Вақте ҷаноби олӣ ба ман бовар мекунад ва вазири корҳои дохилӣ таъин менамояд, дигар аз касе ҳарос надорам. Баръакс, касе душмани миллат аст; касе ҷинояткор аст, ҳарос дошта бошад, ки зидди онҳо муборизаи беамон мебарем”, - афзуд ӯ.

Гуфтугӯ бо Шоҳ Искандаров
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00
Линки мустақим

"Аз ин зиёд ҳадафи дигар надорам"

Исфара ба ҷуз аз минтақаи ҳассоси марзӣ будан, инчунин, аз лиҳози гароиши сокинон ба гуруҳҳои тунрав дар рӯйхати минтақаҳои осебпазири кишвар аст. Мақомот мегӯянд, беш аз 100 сокини шаҳр ба гурӯҳҳои тундрав дар Сурияву Ироқ пайвастаанд.

Аз генерал Искандарзода пурсидем, ки дар Исфара чӣ корро анҷом доданист. Ӯ гуфт, “ҳар вазифае, ки ба уҳдаи корманди милиса вогузор шудааст, ҳамонро иҷро мекунем. Кӯшиш мекунем, тамоми фаъолияти мо дар доираи қонун бошад. Мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, пешгирӣ аз ҷиноят, ошкор кардани ҷиноят, умуман он чизеро, ки вазифаи милиса ҳаст, анҷом хоҳем дод. Аз ин зиёд, ягон ҳадаф ҳам надорем ва ягон кор ҳам карда наметавонем”.

Ӯ дар мавриди баҳсҳои марзӣ гуфт, “комиссияи ҳукуматӣ кор мекунад ва фикр мекунам, ин масъала ба хубӣ анҷом хоҳад ёфт. Дар масъалаи таъмини бехатарӣ дар марз сарҳадбонҳо фаъолият доранд.”

Тағйироти кадорӣ дар ШКД-и 23 шаҳру навоҳӣ

Таъйини Муҳаммадшоҳ Искандарзода ба мақоми сардори шуъбаи корҳои дохилии Исфара-1 рӯзи душанбе сурат гирифт. Дар қатори ӯ сардорони шуъбаи корҳои дохилӣ дар 22 шаҳру ноҳияи дигари кишвар, аз ҷумла дар Ваҳдату Норак, Кушониён, Дӯстӣ, Шамсиддини Шоҳин, Данғара, Панҷ, Восеъ, Муминобод, Хуҷанду Конибодом, Истаравшан, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Айнӣ ва Деваштич иваз шуданд.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз онҳо хостааст, ки “бо дасту дилу нияти пок барои волоияти қонун, таъмини амният, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ саҳми муносиб гузоранд”.

Шикоят аз бархӯрди баъзе маъмурони милиса

То ба ҳол мақомот сабаби тағйироти дастҷамъӣ дар шуъбаҳои корҳои дохилии кишварро баён накардаанд. Вале солҳои охир бархе аз сокинон аз бархӯрди номуносиби маъмурони пулис дар минтақаҳо шикоят доранд.

Ҳомиёни ҳуқуқ ҳам мегӯянд, баъзе афсарони милиса ҳангоми дастгир кардани гумонбар ба ҷиноят ӯро маҷбур мекунанд, ки "ба гуноҳаш эътироф намояд". Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва Созмони Милали Муттаҳид аз давлати Тоҷикистон борҳо хостаанд, онҳоеро, ки бо муттаҳамону боздоштшудагон бадрафторӣ мекунанд, ҷазои сазовор бидиҳад ва ин зуҳуротро решакан кунад.

Феҳристи сардорони нави шуъбаҳои ВКД дар 23 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон:


  • Умари Хайём Амиршо - сардори Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи милитсия"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб);
  • Тоҳир Баротзода – сардори Шуъбаи ВКД дар хатти фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Раёсати Вазорат дар нақлиёт;
  • Валихон Ҳамдамзода - сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
  • Фахриддин Сафарзода - сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав;
  • Алимардон Маҳмадзода – сардори ШВКД дар шаҳри Ваҳдат;
  • Алихон Рустам - сардори ШВКД дар шаҳри Турсунзода;
  • Фирӯз Одиназода – сардори ШВКД дар шаҳри Истаравшан;
  • Исохӯҷа Олимов – сардори ШВКД дар ноҳияи Шаҳристон;
  • Қосим Насимзода – сардори ШВКД дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ;
  • Сайдаҳтам Одиназода – сардори ШВКД дар ноҳияи Айнӣ;
  • Раҷабалӣ Эмомзода – сардори ШВКД дар ноҳияи Деваштич;
  • Сафар Пирзода – сардори ШВКД дар шаҳри Конибодом;
  • Эмин Ҷалилзода – сардори ШВКД дар ноҳияи Мастчоҳ;
  • ​Олим Бурҳониён – сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд;
  • Муҳаммадшоҳ Искандарзода – сардори ШВКД-1 дар шаҳри Исфара;
  • Рустам Сайфуллозода – сардори ШВКД дар ноҳияи Муминобод;
  • Хуршед Иброҳимзода – сардори ШВКД дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин;
  • Шамсулло Маҳмудзода – сардори ШВКД дар ноҳияи Панҷ;
  • Темур Воҳидзода – сардори ШВКД дар ноҳияи Восеъ;
  • Ҷамшед Раҳимзода – сардори ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ;
  • Абдураҳим Мирзозода – сардори ШВКД дар ноҳияи Кушониён;
  • Рустам Раҷабзода – сардори ШВКД дар ноҳияи Данғара;
  • Илҳомҷон Файзуллозода – сардори ШВКД дар шаҳри Норак;
  • Фирдавс Шомадзода – сардори ШВКД-2 дар шаҳри Исфара.
XS
SM
MD
LG