Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзохӯҷа Аҳмадов: Маро Ҳоҷӣ Ҳалим ва Шоҳ Искандаров аз кӯҳ фароварданд. ВИДЕО, САДО


Мирзохӯҷа Аҳмадов

Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷик, гуфт, ки нахустин санади сулҳ дар авҷи даргириҳои дохилӣ дар ноҳияи Ғарми собиқ имзо шуда буд. Оқои Аҳмадов дар остонаи 20-умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо Радиои Озодӣ дар ин бора сӯҳбат кард.

Суҳбати видеоӣ дар инҷост:

Радиои Озодӣ: Дар солҳои 1994-1995, дар ҳоле ки миёни нирӯҳои ҳукуматӣ ва фармондеҳони мухолифин даргирӣ ҷараён дошт, оё дар саҳнаҳои ҷанг кӯшише барои расидан ба сулҳ ба харҷ дода мешуд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Мо аз аввалин нафароне будем, ки сулҳ кардем. Дар он солҳо, воқеан, ҷанги шадид дар минтақаи Рашт ҷараён дошт. Ба сари мо фишор меоварданд, ки ҳамингуна як иқдоме барои сулҳ сурат нагирад, аммо муваффақ шудем, ки созиши аввалинро ба имзо расонем."

Радиои Озодӣ: Ин кадом вақт буд? Метавонед ба ёд оред?

Он вақт генерал Шоҳ Искандаров (ҳоло раиси Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Турсунзода) ҳамроҳи Абдуҳалим Назаров (муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон) маро пайдо карда ва гуфтанд, ки аз ҷанг дида сулҳ беҳтар аст.

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Санаи дақиқаш дар ёдам нест. Аммо замоне буд, ки минтақаи Рашт дар оташи ҷангу даргириҳо месӯхт. Ҳеҷ кас фикри оштиро надошт ва фазо ба гунае буд, ки умедҳоро барбод медод. Мо вақте ба нирӯҳои ҳукуматӣ пешниҳоди сулҳ кардем, намояндаҳои ҳукумат ба назди мо омаданд. Машварат кардем ва сипас ба маркази Рашт (Ғарм) рафтем. Намояндаҳои ҳукумат ҳама дар тааҷҷуб буданд, ки чигуна мо вориди маркази ноҳия шудем. Он вақт бо сардори Раёсати умури дохилии ноҳия Шариф Давлат ва сардори контрразведкаи ҷумҳурӣ Юрий Федушкин мулоқот кардем. Дар ҳамин мулоқот санади сулҳро имзо намудем, ки ҷанг намекунем ва ба даргириҳо поён медиҳем. Баъд аз имзои ин санад намояндаҳои ҷониби ҳукумат моро беҳад эҳтиром намуда, гуфтанд, ки аз ин ба баъд ҳар масъалае пеш омад, онҳоро дар ҷараён бигузорем."

Радиои Озодӣ: Баъди ин созиш ҳолатҳои кушта шудани сокинони оддӣ буд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "На чунин ҳолатҳо набуданд. Вале дар оғози ҷанг дар Рашт деҳоту манзили мардум бомбаборон мешуд ва сокинон фирор мекарданд. Мо кӯдаконро аз зери вайронаҳо мегирифтем ва ба ҷойҳои амн мебурдем. Шукри Худо, ки оштӣ ба даст омад ва ин ҳама поён ёфт."

Радиои Озодӣ: Оё гаравгон доштед? Бо гаравгонҳо чӣ тавр муносибат мекардед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "На, мо аслан гаравгон нагирифта будем ва кӯшиш ҳам намекардем, ки гаравгон бигирем."

Мирзохӯҷа Аҳмадов. Акс аз бойгонӣ
Мирзохӯҷа Аҳмадов. Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ: Баъд аз чанд соли имзои Созишномаи сулҳ дар минтақаи Рашт аз тарафи баъзе фармондеҳон нооромӣ сар зад ва дар натиҷа, ба гуфтаи мақомот, гурӯҳи Алии Бедакӣ аз байн бурда шуд. Дар соли 2010 дар натиҷаи як амалиёт манзили шумо ҳам тирборон гардид. Фикр мекунед, ин ҳодисаҳо иштибоҳ буд, ё бархе нирӯҳо оромиро намехостанд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Фикр мекунам, ки сабаби ҳамаи ин нофаҳмӣ буд. Дар натиҷаи ин нофаҳмиҳо ҳодисаи Алии Бедакӣ сар зад. Ҳар ҷанг сабаби аслии худашро дорад ва якбора ҳал намешавад. Яроқ дар дасти ҳар касе бошад, хаёл мекунад, ки подшоҳ ӯст. Ҳоло шукри Худо на силоҳ аст ва на харобкорӣ. Мардум фаҳмиданд, ки танҳо бо субот мешавад, зиндагии осоишта дошт."

Радиои Озодӣ: Ҳамин манзили шумо тирборон шуда буд? Дар ҳамон лаҳза дар куҷо будед?

Мусолиҳа намуда, силоҳҳои худро супурдем. Аз кӯҳ ба кӯҳ гаштан дар дили ҳама зада буд

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Мо, ки дар он нооромиҳо ҳамроҳ набудем, дар дохили хона нишаста будем. Раиси ҳукумати ноҳия низ гуфта буд, ки ором бошам, чун ба ман дахл надорад. Дар соати 11-и рӯз тирпарронӣ сар шуд ва ман аз пушти хона баромада рафтам”.

Радиои Озодӣ: Баъд ба куҷо рафтед?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Аз даруни деҳа баромада, ба тарафи дара рафтам. Баъди 25 рӯз, пас аз музокира бо намояндаҳои ҳукумат, ба ноҳия баргаштам ва ба зиндагии маъмулии худ идома додам."

Радиои Озодӣ: Он чӣ гуна музокира буд? Бо кӣ музокира доштед?

Лаҳзае аз сӯҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Мирзохӯҷа Аҳмадов
Лаҳзае аз сӯҳбати Мирзонабии Холиқзод бо Мирзохӯҷа Аҳмадов

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Он вақт генерал Шоҳ Искандаров (ҳоло раиси Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Турсунзода) ҳамроҳи Абдуҳалим Назаров (муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон) маро пайдо карда ва гуфтанд, ки аз ҷанг дида сулҳ беҳтар аст. Баъди чанд давраи гуфтугӯ ба маркази ноҳия омадем. Мусолиҳа намуда, силоҳҳои худро супурдем. Аз кӯҳ ба кӯҳ гаштан дар дили ҳама зада буд ва сулҳ беҳтар аз ҳамаи ин корҳост."

Радиои Озодӣ: Тақрибан 8 сол сардори минтақавии Раёсати УБОП (Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати умури дохилӣ) дар Рашт будед. Ҳоло мақомоти интизомӣ шуморо барои машварату маслиҳат даъват мекунанд?

Мирзохӯҷа Аҳмадов: "Акнун суботу оромӣ ҳукмфармост ва масъулони ниҳодҳои минтақавӣ ҳам ботаҷриба ҳастанд. Ба мо дигар ниёз нест."

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG