Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасдиқи расмии ҳалокати Мулло Абдулло


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар як баёния ҳалокати Мулло Абдулло ва 14 мусаллаҳи ӯро тасдиқ кард.

Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки амалиёти зидди гурӯҳи мазкур пас аз ошкор шудани маҳалли будубоши он "дар қисмати ғарбии ноҳияи Рашт, дар масофаи беш аз 50 км дуртар аз маркази ноҳия, дар мавзеи баланду мушкилгузар" рӯзи 15-уми апрел оғоз ёфт.

Ҳангоме ки нерӯҳои давлатӣ барои боздошти Абдулло Раҳимов, бо лақаби «Мулло Абдулло», ба ин маҳал омаданд, задухӯрди шадиде шурӯъ шуда, бар асари он Абдулло Раҳимов ва 14 нафар аз "аъзои гурӯҳи ҷиноии ӯ" кушта шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон изҳори таассуф кардааст, ки дар ин даргирӣ "ду нафар аз сокинони маҳаллӣ, ки бо иродаи матини Ватанахоҳӣ аз ҳамсафони ихтиёрии сохторҳои қудратии кишвар буданд, ба шаҳодат расиданд ва ду нафар аз кормандони мақомоти амният ҷароҳати ҷисмонӣ гирифт."

Манбаи мазкур ҳамчунин аз кашфи миқдори зиёди яроқи оташфишон, муҳимоти ҷангӣ, васоити мухобира, маводҳои тарканда ва дигар лавозимоти ҳарбӣ аз махфигоҳи гурӯҳи Мулло Абдулло хабар додааст.

"ДАРГИРӢ ИДОМА ДОРАД"

Дар ҳамин ҳол, бар пояи манобеъи ғайрирасмӣ, дар минтақаи баланкӯҳе таҳти унвони Маҳкамаи Эшонҳо, ки миёни деҳоти Шоле ва Болошаҳри ноҳияи Рашт миёни гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 12 нафар таҳти сарварии нафаре бо номи Юсуф ва нерӯҳои ҳукуматӣ даргирӣ идома дорад. Тибқи ин манобеъ, дар раддаи аввали амалиёт размандагон аз гурӯҳҳои Шоҳ Искандаров, ҳоло ноиби сарвари шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Рашт ва Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи собиқи мухолифин ширкат доранд.

Ҷунайд, аз размандагони гурӯҳи ахирӣ ба радиои Озодӣ гуфт: «Онҳо дар як минтақае ҷойгир ҳастанд, ки мавҷи телефон нест. Бо онҳо на ҳамеша метавонем, ки дар тамос шавем. Гоҳ- гоҳ берун меоянду мо ҳамсӯҳбат мешавем. Охирин бор гуфтанд, ки вазъият ҳамон гуна ҳаст, ки буд. Мурдаҳоро ҳанӯз надидаанд. Агар кушта бошанд ҳам, ҷамъугир накардаанд.»

ОЁ МИНТАҚА ОРОМ АСТ?

Сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки дар миёни нерӯҳои ҳукуматӣ талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад. Аммо ба гуфтаи сокинони Навободи Рашт, ки дар масофаи 10 километр аз маҳалли даргирӣ ҷойгир аст, ба беморхонаи ин шаҳрак аз ҷумлаи нерӯҳои ҳукумат захмиён оварда шудаанд.

Рустам, аз сокинони ин шаҳрак мегӯяд, вазъ дар минтақа ором аст ва ҳанӯз посгоҳе ба назар намерасад: «Ягон тағйирот нест. Ҳама тинҷу ором аст. Агар дар атрофи ҳамон минтақа посгоҳҳо бошанд мумкин. Садои тир ҳам шунида намешавад. Ҳамин қадар, ки дирӯз пагоҳӣ баъд аз гузаштани чархболҳо ташвиш шудем. 7 чархбол гузашт. Баъд фаҳмидем, ки сарбоз бурдаанд. Шукри Худо, ҳоло оромист.»

ДАР ҶУСТУҶӮИ "БИН ЛОДИН"-И ТОҶИК

Зимнан, бар асоси иттилои манобеъ аз ситоди Мирзохуҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони Иттиҳоди мухолифони пешин, ки ҳамакнун дар ҳайати нерӯҳои давлатӣ аст, амалиёт алайҳи гурӯҳи Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло аз субҳи рӯзи панҷшанбе оғоз шудаааст. Ҳарчанд вазорати корҳои дохилӣ эълом дошт, ки дар шарқи Тоҷикистон на амалиёт, балкӣ тамриноти низомии нерӯҳои интизомии кишвар оғоз шудааст.

Нерӯҳои давлатии Тоҷикистон аз тирамоҳи соли гузашта алайҳи нерӯҳои Мулло Абдулло амалиёти густардаи худро оғоз карда буданд. Ин амалиёт баъд аз ҳамла ба корвони Вазорати дифои Тоҷикистон ва кушта шудани 25 сарбоз дар дараи Камароб оғоз шуд.

Мақомоти Тоҷикистон масъулияти ҳамлаи Камаробро бар дӯши Мулло Абдулло, Алии Бедакӣ, аз фармондеҳони собиқи мухолифон вогузор намуданд.

Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба Мулло Абдулло, дар соли 1997 шароити созишномаи сулҳи миёни давлат ва мухолифонро напазируфт ва ба ҷанги худ идома дод. Аммо баъдтар бино ба хабарҳо ба Афғонистон ва Покистон паноҳанда шуда буд. Шабаҳи ӯ аз ду сол ба ин ҷониб дар шарқи Тоҷикистон гашту гузор дошт.
XS
SM
MD
LG