Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳакимзода ба ҷои Гулмаҳмадзода раиси Хатлон шуд


Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 14-уми январ аз тағйироти густурдаи кадрӣ дар шуморе аз ниҳодҳои давлатӣ хабар дод.

Тибқи фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Давлатшо Гулмаҳмадзода аз мақоми раиси Хатлон - калонтарин вилояти Тоҷикистон, барканор ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист таъйин шудааст. Ӯ аз моҳи ноябри соли 2013 иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон ва аз моҳи феврали соли 2014 дар cиммати раиси ин вилоят кор мекард.

Ба ҷои Давлатшо Гулмаҳмадзода дар ин мақом, Қурбон Ҳакимзода таъйин шудааст, ки то ин замон дар симати раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон фаъолият мекард. Раиси нави вилояти Хатлон зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд буда, хатмкунандаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мебошад.

Ӯ солҳои 2013-2018 муовини аввали раиси вилояти Хатлон буд ва 13-уми январи соли гузашта раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин гардид. Курсии раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ пас аз оқои Ҳакимзода, ҳоло ба муовини раиси вилояти Суғд Ориф Хоҷазода расид.

Бо фармонҳои дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Назирмад Ализода ба сабаби ба кори дигар гузашта, аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон озод ва Хайрулло Ибодзода ҷойгузини ӯ шудааст.

Шералӣ Ҷонон, сафири Тоҷикистон дар Покистон низ аз мақомаш озод шудааст. Дар фармони президенти Тоҷикистон, сабаби барканории ӯ "гузашта ба кори дигар", гуфта шудааст. Аммо гуфта нашудааст, ки ӯ дар кадом мақом ба фаъолияти худ идома хоҳад дод.

Ҳар сол дар остонаи ҷаласаи солонаи ҳукумати Тоҷикистон дар матбуот аз зарурати тағйироти кадрии ҷиддӣ сӯҳбат мешавад. Ин мавсим дар расонаҳои маҳаллӣ ҳатто "Дилзанак" таъбир мешавад, чунки аксари мансабдорони баландпоя то итмоми ҷаласаи солона нигарони сарнавишти мақоми худ боқӣ мемонанд.

XS
SM
MD
LG