Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду нишасти фаврӣ дар Макка дар пасманзари танишҳо бо Эрон


Арабистони Саудӣ муттаҳидони худро дар минтақа ба ду нишасти фаврӣ даъват кардааст. Шоҳи Саудӣ рӯзи 18-уми май аз раҳбарони Шӯрои Ҳамкории Халиҷ ва Иттиҳодия ё Лигаи Араб хост, ки рӯзи 30-юми май дар Макка ҷамъ оянд. Мавзӯи асосии нишастҳо Эрон хоҳад буд.

Мақомоти Арабистони Саудӣ ҳам гуфтанд, ки дар музокирот ҳамла ба чаҳор киштӣ дар соҳили Имороти Муттаҳидаи Араб ва силсилаи ҳамлаҳо бо дрон ба маҳалли тавлиди нафт дар наздикии Риёз баҳс хоҳад шуд.

Эрон даст доштани худро дар ҳамла ба киштиҳо рад кардааст. Вале шӯришиёни ҳусӣ дар Яман, ки аз пуштибонии Теҳрон бархӯрдоранд, масъулияти ҳамлаҳо бо дрон ба Арабистони Саудиро ба дӯш гирифтаанд.

Одил Ҷубайр, вазири корҳои хориҷии Саудӣ, ба хабаргузории он кишвар гуфтааст, ки дар ду нишасти фаврӣ "ин дастдарозиҳо ва пайомадҳои он дар минтақа"-ро баҳс мекунанд.

Имороти Муттаҳидаи Араб яке аз муттафиқони наздики Саудӣ аз даъвати Шоҳ Салмон барои гирдиҳамоӣ дар Макка истиқбол кардааст. Мақомоти ин кишвар мегӯянд, “вазъияти буҳронӣ дар Ховари Миёна мавқеи ягонаи кишварҳои арабӣ дар Халиҷи Форс ва гӯшаҳои дигарро талаб мекунад”.

Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб дар набарди геополитикӣ зидди Эрон аз муттаҳидони хеле қавии Амрико ҳастанд.

Одил Ҷубайр, вазири умури хориҷии Саудӣ, рӯзи 19-уми май Эронро "ба талоши бесубот кардани минтақа" муттаҳам кард ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то масъулиятро ба дӯш бигиранд ва Теҳронро аз идомаи ин кор боздоранд.

XS
SM
MD
LG