Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбекистон бонувони дорои шавҳари хориҷиро рӯйхат карданд


Дар Ӯзбекистон духтаронеро, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд, рӯйхат мекунанд. Ҳадафи ин иқдом ҷамъоварии маълумот дар бораи шароити зиндагии онҳо дар хориҷ аз кишвар гуфта мешавад.

Бино ба хабари расонаҳои Ӯзбекистон, Кумитаи занони ин кишвар 22 апрел нишасти хабариеро баргузор ва масъалаи ҳимояти духтаронеро баррасӣ кардааст, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ намудаанд.

Масъулони кумита гуфтаанд, ҳамаи бонувони ӯзбекеро, ки бо шаҳрвандони хориҷӣ издивоҷ кардаанд, рӯйхат хоҳанд кард. Ин рӯйхат дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон таҳия мешавад.

Пештар дар бораи чандин шаҳрванди Ӯзбекистон хабар дода шуда буд, ки пас аз издивоҷ бо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла чиниҳо мавриди озору азият қарор гирифтанд. Ин духтарон бо кумаки Консулгарии Ӯзбекистон дар Чин ба ватан баргардонида шуданд.

XS
SM
MD
LG