Палатаи поёнии порлумони Русия баъди қироати саввум ва ниҳоӣ, қонунеро тасвиб кард, ки ба гуфтаи мунтақидон, бахше аз талошҳои ҳукумти Владимир Путин барои тақвияти назорат бар Интернет аст.
Дар ҷаласаи Думаи Давлатӣ дар рӯзи 16-уми апрел 307 вакил ба тарафдорӣ ва 68 нафар мухолифи санаде раъй доданд, ки ба андешаи мунтақидон, давраи нави сензураро дар Русия оғоз мебахшад. Тарҳи қонун акнун бояд дар Шӯрои Федератсия баррасӣ ва сипас барои имзо ба раиси ҷумҳур Владимир Путин пешниҳод шавад.
Тарҳи қонуни ба истилоҳ “интернети мустақил” талаб мекунад, ки тамоми иттилоот аз тариқи провайдерҳои давлатӣ бигзарад ва домени дохилии номгузории саҳифаҳои интернетӣ таъсис дода шавад.
Тарафдорони қонун мегӯянд, ки ин санад ҳавзаи русии Интернет ба номи “Рунет”- ро мустақилтар мекунад. Ба қавли онҳо, ин қонун барои монеъ шудан ба ҳамлаҳои рахнагарони интернетӣ ба муассисаҳои Русия зарур аст. Тарҳи қонун моҳи гузашта сабаби тазоҳурот дар Маскав шуд.