Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп хитоб ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ: "кишвар пур шуд"


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, эълон кард, ки кишвараш "пур шуда" ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ бояд хотима ёбад.

Трамп ин мавзӯъро дар ҷараёни сафараш ба марзҳои ҷанубии Амрико бо Мексика иброз кард. Президент Трамп дар як мулоқот бо мақомот ва мардуми шаҳри сарҳадии Колексико дар иёлати Калифорния гуфт, паноҳҷӯёни дигарро қабул карда наметавонанд.

Ӯ изҳор дошт, ки кишвараш пур аст ва ба касоне, ки паноҳҷӯ ҳастанд ва ё муҳоҷирини ғайриқонунӣ мебошанд, хитоб кард, то ба роҳ худ баргарданд.

Доналд Трамп дар давраи раёсати ҷумҳуриаш ба амнияти марзҳои кишвари худ бо Мексика бисёр тавваҷуҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG