Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Узбекнафтгаз" аз Чин $16 миллион қарздор шудааст


Ширкати "Узбекнафтгаз" аз ширкати давлатии China Petroleum Technology & Development Corporation (CPTDC) бештар аз 16 миллион доллар қарздор аст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Ӯзбекистон хабар медиҳанд.

"Мо борҳо дархост кардем, ки қарзро пардозанд. Аммо посух гирифтем, ки ба далели набудани маблағ наметавонанд, қарзи моро баргардонанд. Ин ҳолат бештар аз 10 сол инҷониб идома дорад. Мо ахиран ба президенти Узбекистон муроҷиат кардем", - омадааст дар изҳороти ширкати чинӣ.

Дар як музокирот ҳанӯз дар поёни соли 2017 "Узбекнафтгаз" ваъда кардааст, ки то тирамоҳи соли 2018 12 миллион доллари қарзро мепардозад. 4 миллиони боқимонда мебоист то поёни соли 2019 пардохт мешуд. Аммо то имрӯз ширкати узбекӣ ҳамагӣ 100 ҳазор доллари қарзашро пардохтааст.

Ширкати "Узбекнафтгаз" то кунун ин моҷароро шарҳ надодааст.

XS
SM
MD
LG