Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи қонун "Дар бораи ҳолати ҷангӣ" ба баррасии парлумон ирсол шуд


Саҳнае аз машқҳои низомӣ дар Ҳарбмайдон
Саҳнае аз машқҳои низомӣ дар Ҳарбмайдон

Ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 28 феврал тарҳи қонун “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”-ро муҳокима карда барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ирсол кард. Ношири ин хабар - вебсайти президенти Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти тарҳи ин қонун хабар намедиҳад.

Вале дар як сохтори қудратии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки тарҳи қонуни нав аз ҷониби мутахассисони соҳаи низомии мақомоти қудратии Тоҷикистон таҳия шуда вазифаву рисолатҳои ҷузъу томи кишварро дар ҳолати ҷангӣ дар ҳудуди кишвар мушаххас ва таъин мекунад.

Дафтари матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон бо назардошти “сиррӣ будани тарҳи мазкур” аз шарҳи ҷузъиёт худдорӣ кард. Айни замон, як мақоми Вазорати мудофеаи Тоҷикистон, ки аз тарҳи қонун огоҳ аст, ба шарти ифшо нашудани номаш рӯзи 1 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин санад барои ҳолати мабодо пеш омадани ҳолати ҷангӣ таҳия шуда, чунин қонун дар қонунгузориҳои кишварҳои зиёд амал мекунад.

Дар тарҳи қонун паҳлӯҳои қонунии амалиёти ҷангӣ, дифоӣ ва вазифаҳои мақомоти қудратӣ - шуруъ аз ҷузъу томи вазорати мудофиа то неруҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, вазорати корҳои дохилӣ дар ҳолати ҷанг арзёбӣ шудааст. Ӯ гуфт: “Масъалаи ақибгоҳ дар ҳолати ҷангӣ ва таъмини он бар дӯши кадом ниҳодҳо гузошта мешавад, дар тарҳи мазкур нишон дода шудааст ва ҳамчунин роҳҳои қонунии ҷалби нерӯҳои захиравӣ бар асоси фаслҳо ва моддаҳо зикр карда шудааст”.

Дар Тоҷикистони замони истиқлолият қонуне дар бораи ҳолати ҷангӣ вуҷуд надошт ва солҳои 1990-ум ҳам, ки ин кишвар шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ шудааст, мақомоти кишвар муқаррароти хоси мисли "қуюди шабгардӣ" ва "ҳолати фавқулодда"-ро ҷорӣ карда буданд.

Чунин қонун дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ вуҷуд дошт ва яке аз мавридҳои татбиқи он ба 22 июни соли 1941, рӯзи ҳамлаи Олмони фашистӣ ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ марбут аст. Дар Русия, ки чунин қонунро соли 2001 қабул кардааст, бар асоси қонун “Дар бораи ҳолати ҷангӣ”, шароити ҷорӣ шудани ҳолати ҷангӣ дар дар тамоми қаламрави ин кишвар ваё манотиқи ҷудогонаи он бар асоси Конститутсияи Русия пешбинӣ шудааст. Масъулияти эълони ҳолати ҷангӣ дар кишвар ба дӯши президент мебошад. Дар ин қонуни Русия гуфта шудааст, ки ҳолати ҷангӣ дар ҳоле эълон мешавад, ки қаламрави ин кишвар аз ҷониби кишвари дигаре мавриди ҳамла қарор бигирад.

XS
SM
MD
LG