Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят аз шиканҷа. "Ангуштони Алиҷон доғи сиёҳ дошт"


Нурулло Қодиров. Акс аз Маркази мустақили ҳизфи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, узви Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, рӯзи 22-юми феврал хабар дод, ки сокини ноҳияи Рӯдакӣ Алиҷон Ашӯров барои эътирофи гуноҳ шиканҷа шудааст.

Ашӯрови 27-сола ба ҳайси сартарош дар Русия кор мекард ва моҳи декабри соли гузашта ҳамроҳи зану кӯдаконаш аз онҷо ихроҷ шуд ва ба Тоҷикистон баргашт. Ӯро дар фурудгоҳи Душанбе маъмурони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил дастгир кардаанд.

Наздиконаш гуфтанд, ки ӯ барои "таваҷҷуҳ ба терроризм" ва "нияти сафар ба Сурия" муттаҳам аст. Нурулло Қодиров, падари Алиҷон, ба Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфтааст, писараш то 3-юми январи имсол дар бинои Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил нигоҳдорӣ шуда, баъдан ба СИЗО интиқол ёфт.

Ӯ нақл кардааст, ки рӯзи 28-уми декабри соли гузашта гӯиё як нафари ношинос аз Тоҷикистон ба Алиҷон занг зада ва пешниҳоди сафар ба Сурияро кардааст. “Алиҷон дар навбати худ ҷавоби рад додааст. Рӯзи дигар мақомоти шаҳри Санкт-Петербург ӯро аз Русия ихроҷ карданд. Вале ман ба ин иттиҳом бовар намекунам", - афзудааст Нурулло Қодиров.

Ин сокини ноҳияи Рӯдакӣ мегӯяд, мақомот то замони ба СИЗО фиристодан, имкони дидор бо писарашро надодаанд. Ба қавли ӯ, "баъди ин, ман ба худ омада наметавонам. Ангуштони Алиҷон доғҳои сиёҳ доштанд ва ӯ базӯр ҳаракат мекард."

Худи Алиҷон ҳам ба падараш гуфтааст, ӯро шиканҷа кардаанд, то қасди сафар доштан ба Сурияро эътироф кунад. Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Алиҷон Ашӯров мегӯяд, нисбат ба нафари таҳти ҳимояти ӯ "аз усулҳои ғайриқонунии тафтишот ва зӯроварии ҷисмонӣ истифода бурда шудааст. Ба ангуштони дасту пояш ноқил пайваст карда, қувваи барқ сар додаанд."

Абдураҳмон Шарифов мегӯяд, нафари таҳти ҳимояташ танҳо баъди гирифтани ин таҳдид, ки "волидонашро “маҳкам” ва бо зану модараш бадрафторӣ мекунанд”, гуноҳро ба дӯш гирифтааст.

Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар ин замина ба Додситонии кул муроҷиат кардааст. Манобеи Додситонии кул ба ин созмон гуфтаанд, ки аз рӯи далели эҳтимоли шиканҷа санҷиши прокурорӣ оғоз шуда ва ташхиси тиббӣ-додгоҳӣ ҳам гузаронда шудааст.

Вале мақомот дар ин бора ҳанӯз шарҳи расмӣ надодаанд. Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳам мегӯяд, муроҷиати онҳо дар ин бора ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бенатиҷа буд.

Истифода аз шиканҷа ҳангоми бозпурсӣ дар Тоҷикистон аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Созмонҳои байналмилалӣ борҳо Тоҷикистонро барои шиканҷа танқид карда ва аз мақомот хостаанд, ки шиканҷаро аз байн бибаранд.

Соли гузашта беш аз 40 нафар аз шиканҷа шудани худ ё наздиконашон ба Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон шикоят кардаанд. Дар Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта дар робита ба шиканҷа чаҳор парвандаи ҷиноӣ боз карда, ду парвандаро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристоданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Ҳалокати духтари сафири Эрон дар Маскав
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00
XS
SM
MD
LG