Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед: "Трамп барои бунёди девор вазъи фавқулодда эълон мекунад"


Кохи Сафед рӯзи панҷшанбеи 14-уми феврал эълон кард Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико тасмим гирифтааст, ки дар кишвар вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармони бунёди девори марзӣ дар ҷануби кишварро содир кунад. Ин амр аммо вокунишҳои демократҳо дар Конгресси Амрикоро дар пай доштааст.

Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки Доналд Трамп бо эъломи вазъияти изтирории миллӣ, "ба ваъдаи худ барои бунёди девори марзӣ ва ҳифозат аз марзҳои Амрико", амал хоҳад кард.

Дар сурати эъломи вазъияти фавқулодда дар марзҳои ҷанубии Амрико, Трамп метавонад аз будҷаи вазорати дифоъ ё будҷаи кӯмакҳои башардӯстона барои бунёди девори марзӣ, истифода кунад.

Кохи Сафед ҳамчунин гуфтааст, бо вуҷуди он, ки дар тарҳи будҷа барои бунёди девори марзӣ пуле дар назар гирифта нашудааст, аммо Трамп қасд дорад тарҳи пешниҳодии Конгрессро имзо кунад, то аз қатъи дигарбораи фаъолияти бахшҳое аз ҳукумат пешгирӣ кунад.

Аммо Ненси Пелосӣ, раиси демократи Маҷлиси Намояндагони Амрико, дар пайи эълони ин хабар гуфт, агар Доналд Трамп дар робита ба марзҳои ҷанубии кишвар вазъияти фавқулодда эълон кунад, раиси ҷумҳури демократи баъдӣ дар робита бо аслиҳа чунин хоҳад кард.

Хонум Пелосӣ, ки бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, аз аввалин солрӯзи тирандозӣ дар як мактаб дар иёлати Флорида ёддоварӣ кард ва пурсид, ки чаро раиси ҷумҳур дар робита ба ин ҳодиса, ки боиси кушта шудани 17 хонанда шуд, вазъияти фавқулодда эълон накард. Вай дар ниҳоят гуфт, ки Доналд Трамп бо ин иқдоми худ Конгрессро нодида мегирад ва акнун демократҳо бояд имкониятҳои худро баррасӣ кунанд.

Марзи Амрико ва Мексика.
Марзи Амрико ва Мексика.

Дар сурати эъломи вазъияти фавқулодда дар марзҳои ҷанубии Амрико, Трамп метавонад аз будҷаи вазорати дифоъ ё будҷаи кӯмакҳои башардӯстона барои бунёди девори марзӣ, ки аз ваъдаҳои интихоботии ӯст, истифода кунад.

Ихтилофоти ҳукумати Доналд Трамп ва демократҳо дар бораи ҷудо кардани маблағ аз будҷа барои сохтани девори марзӣ дар ҷануби Амрико боис шуд, ки бахше аз идораҳои ҳукумати федералии Амрико ба муддати 35 рӯз фаъолияти худро қатъ кунанд. Ин тӯлонитарин таътили идораҳои давлатӣ дар таърихи муосири Амрико буд, ки дар ниҳоят бо мувофиқати тарафҳо бар сари будҷаи муваққат, ба поён расид.

Мӯҳлати ин тавофуқ ҷумъаи 15-уми феврал ба поён мерасад -- дар ҳоле, ки дар тарҳи будҷаи ниҳоӣ низ маблағи дархостшудаи ҳукумат барои бунёди девори марзӣ дар назар гирифта нашудааст. Маблағи дархосткардаи ҳукумати Доналд Трамп барои бунёди девори марзӣ бо Мексика 5,7 миллиард доллар мебошад.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG