Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Мексика: "Пули бунёди ҳеҷ девореро намедиҳем"


Энрике Пеня Нето, раиси ҷумҳури Мексика рӯзи чаҳоршанбе дар вокуниш ба дастури Доналд Трамп барои бунёди девор дар марзи Амрико ва Мексика як бори дигар гуфтааст, ки кишвараш хароҷоти бунёди девор дар марз бо Амрикоро намепардозад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 25 январ бо имзои як фармон дастури бунёди девор байни марзи ин кишвар бо Мексикаро имзо кард. Доналд Трамп рӯзи гузашта гуфт, ки раванди бунёди ин девор тайи чанд моҳи оянда оғоз мешавад ва Мексика 100 дарсад хароҷоти онро ба Амрико пардохт хоҳад кард. Бунёди ин девор миллиардҳо доллар хароҷот дорад.

Энрике Пеня Нето, раиси ҷумҳури Мексика дар паёми видеоӣ, ки дар Твиттер нашр шуд, гуфтааст, ки "ман борҳо гуфтаам ва як бори дигар низ мегӯям, ки Мексика хароҷоти бунёди ҳеҷ девореро намепардозад". Раиси

Президенти Мексика гуфтааст, ки кишвараш хароҷоти бунёди девор дар марз бо Амрикоро намепардозад.

ҷумҳури Мексика ҳамзамон гуфтааст, ки мунтазири натиҷаи гуфтугӯҳои ҳайатҳои ин кишвар дар Вашингтон хоҳад буд. Ин ҳайати ҳукумати Мексика рӯзи чаҳоршанбе вориди Вашингтон шудааст ва қарор аст бо намояндагони ҳукумати Доналд Трамп музокира кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед пресс", раиси ҷумҳури Мексика гуфтааст, ки "ҳайати Мексика, ки ҳамакнун дар Вашингтон ба сар мебарад, дар хусуси иқдомоти баъдӣ тасмимгирӣ мекунад. Вай дар идома аз дастури Доналд Трамп барои бунёди девор ибрози таассуф кардааст.

Раиси ҷумҳури Мексика дар ин паёми видеоӣ гуфтааст, ки "Мексика дасти дӯстиии худро ба сӯи мардуми Амрико дароз мекунад ва умедвор аст ба созише бо ҳукумати Амрико даст ёбад, ки ба нафъи мардуми Мексика

Марзи Амрико ва Мексика.
Марзи Амрико ва Мексика.

бошад". Дар ҳамин ҳол мақомҳои ҳукумати Мексика гуфтаанд, ки эҳтимол дорад раиси ҷумҳури он кишвар сафари ҳафтаи ояндаи худ ба Вашингтонро лағв кунад. Андерс Мануэл, аз рақибони раиси ҷумҳури Мексика аз ҳукумати он кишвар хостааст, то алайҳи иқдоми Доналд Трамп барои сохтани девори марзӣ, ба Созмони Милали Муттаҳид шикоят кунад.

Раиси ҷумҳури Мексика қаблан низ гуфта буд, ки кишвараш хароҷоти бунёди девор дар марз бо Амрикоро намепардозад. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Амрико беш аз 3200 километр марзи муштарак бо Мексика дорад ва Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ гуфта буд, ки бо бунёди ин девор, монеи ворид шудани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва ҳамчунин маводи мухаддир ба дохили кишвар хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG