Пайвандҳои дастрасӣ

Охирин нишасти хабарии Барак Обама дар Кохи Сафед


Обама дар тӯли солҳои президентияш

Дар Кохи Сафед охирин нишасти хабарии Барак Обама дар мақоми раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида баргузор шуд. Ӯ дар ин нишасти хабарӣ, аз ҷумла, изҳор намуд, ки робитаҳои созандаи Вашингтону Маскав ба нафъи Амрико ва ҳама кишварҳои олам хоҳад буд. Аммо аз нигоҳи ӯ, дубора ба сифати раиси ҷумҳури Русия интихоб шудани Владимир Путин боис ба афзоиши амрикоиситезӣ гардид ва ба «бозгашти ҷанги сард» мусоидат намуд, ки мушкилтар шудани муносибатҳои миёни ду кишварро дар пай хоҳад дошт.

Обама дар робита ба кам кардани мӯҳлати ҳабси Челси Мэннинг изҳор намуд, ки ба ӯ барои дар ихтиёри сомонаи WikiLeaks гузоштани асноди сиррӣ ҷазои беҳад сангин – 35 соли маҳбас муқаррар шуда буд. Ба қавли раисиҷумҳур, Мэннинг аллакай ҷазо дид ва гуноҳи худро комилан дарк кард.

Ҳамчунин Обама дар охирин нишасти хабарии худ аз сиёсатмадорони ҷумҳурихоҳ интиқод кард.

Барак Обама изҳор намуд, ки даъвои ширкат дар ягон сабқати интихоботиро надорад. Ӯ мехоҳад баъд аз ширкат дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нав ҳамроҳ бо хонаводааш чанд муддат истироҳат кунад. Обама гуфт, ки мехоҳад дар тарбияи духтаронаш Саша ва Малия саҳм бигирад. Раисиҷумҳур имкони аз таҷрибаи президентияш навиштани китоберо низ байид намехонад.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, аз ин пеш - шоми 10 январ дар шаҳри Чикаго охирин суханронии даврони раҳбариашро ироа карда буд. Вай дар муроҷиат ба мардум муҳимтарин дастоварди давраи президентии худро аз соли 2009 то 2017 ёдовар шуда, ба масоиле чун мубориза бо гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ва рақибоне ба мисли Русияву Чин низ дахл кард.

Барак Обама дар ин суханронии худ созиши ҳастаии Эрон, барқарории равобит бо Куба ва қатли Усома бин Лодин, раҳбари пешини "Ал-Қоида"-ро аз дастовардҳои муҳими даврони раёсати ҷумҳурияш донист.

Ӯ гуфт, "агар ҳашт сол пеш мегуфтам, Амрико қодир хоҳад буд, ки раванди бузургтарин рукуди иқтисодиро тағйир диҳад, саноати мошинсозиро эҳё кунад, тӯлонитарин даврони таъсиси ҷойҳои кориро дар таърих дошта бошад;

Агар мегуфтам, фасли тозае аз робита бо мардуми Куба боз хоҳад шуд, бидуни андохтани ҳатто як тир барномаи ҳастаии Эрон мутаваққиф хоҳад шуд;

Агар мегуфтам, мағз ва тарроҳи ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 аз байн хоҳад рафт, ҳаққи бима ё суғурта барои 20 миллион шаҳрванд таъмин хоҳад шуд, шояд он вақт мегуфтед, ки инҳо баландпарвозона аст."

Ҷаҳон дар даҳ рӯзи оянда шоҳиди яке аз муҳимтарин нишонаҳои демократияи мо хоҳад буд. Интиқоли қудрат аз як раиси ҷумҳуре, ки ба таври демократӣ ва озод интихоб шудааст, ба як раиси ҷумҳури мунтахаби дигар ба таври сулҳомез анҷом хоҳад шуд."

Обама дар идома гуфт, дар демократия зарур нест, ки ҳама якпорча ва якшаклу якақида бошанд. "Бунёдгузорони ин кишвар ҳам ихтилоф доштанд, вале дар ниҳоят бо якдигар мусолиҳа карданд. Онҳо интизор доранд, ки мо низ чунин кунем", - афзуд ӯ. Вай илова кард, "ҷаҳон дар даҳ рӯзи оянда шоҳиди яке аз муҳимтарин нишонаҳои демократияи мо хоҳад буд. Интиқоли қудрат аз як раиси ҷумҳуре, ки ба таври демократӣ ва озод интихоб шудааст, ба як раиси ҷумҳури мунтахаби дигар ба таври сулҳомез анҷом хоҳад шуд."

Барак Обама бо ишора ба таҳдидҳои террористӣ дар баробари Амрико гуфт, "ҳушёр бошем, вале натарсем. Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" мардуми бегуноҳро мекушад. Аммо наметавонад Амрикоро шикаст диҳад. Магар инки дар ин ҷанг мо ба Қонуни асосӣ ва усули бунёдии худ хиёнат кунем."

Раёсати ҳаштсолаи Барак Обама, президенти 44-уми Амрико, рӯзи 20 январ ба поён мерасад. Қарор аст, ки ҳамон рӯз маросими савгандёдкунии Доналд Трамп баргузор шавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG