Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп чиро иваз мекунад? Нигоҳҳо аз Тоҷикистон. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон маросими адои савганди Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби Амрикоро пайгирӣ карданд. Бахусус, коршиносон мегӯянд, бо омадани раҳбари нав дар Кохи Сафед таъсирҳое дар минтақа, бо шумули Тоҷикистон, эҳсос хоҳад шуд. Агар бархеи онҳо тахмин мезананд, ки мавзӯъҳое мисли ҳуқуқи башар ва демократия дувумдараҷа хоҳанд шуд, вале баъзеи дигар ба оддӣ шудани равобити Вашингтону Маскав бо нигоҳи умед менигаранд ва мегӯянд, аз ин муносибат Тоҷикистон ҳам ҳосили хуб хоҳад бардошт.

Нуқтаи назари Саъдии Юсуфӣ инҷост:

Киссинҷер як сиёсатмадори бузург аст ва ба Ховари Миёна сулҳ оварда буд. Сулҳ байни Мисру Исроил, ки ҳеч кас дар фикраш набуд. Бинобар ин, фикр мекунам, низоъ байни Русия ва Амрико шояд, ки камтар шавад.
Фаридун Ҳодизода

Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик, рӯзи 20 январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, номи Доналд Трамп бо ҷанҷолҳое печидааст, ки бахше аз он мутааллиқ ба мавзӯъҳое мисли ҳуқуқи башар ва мазҳаб аст. Ӯ гуфт, то омадани Трамп ин сарусадо зиёд буд, ки Иёлоти Муттаҳида дар масъалаи ҳимоят аз демократия ва озодии ҳуқуқи башар дар берун аз Амрико зиёд садоқат надорад, “бо омадани ӯ ин мушкилот мушкили дохилии Амрико ҳам шуд”.

Ба қавли Саъдии Юсуфӣ, раиси ҷумҳури нави Амрико бо сароҳати тамом дар муқобили мусалмонон ва равобити ин кишвар бо ҳамсояҳои ҷанубии Амрико ҳарфҳое задааст, ки хеле ҷанҷолбарангез буданд ва нишон доданд, ки ӯ мисли сарони дигари ИМА аз равиши собиқ кор намегирад. “Ба ҳамин хотир, рӯи кор омадани ӯ ва тимаш намешавад зиёд мунтазир буд, ки метавонад таъсирҳои мусбате дар ростои ҳимоят аз демократия ва ҳуқуқи башар дар берун аз Амрико дошта бошад”, - хулоса кард ӯ.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Вале Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари дигари тоҷик, аз омадани Трамп ба Кохи Сафед хушбин аст ва мегӯяд, Трапм хатоҳои сарони қаблии Амрикоро ислоҳ хоҳад кард. Ҳодизода бо ишора ба инки Трамп Генрӣ Киссинҷерро ба ҳайси мушовири худ гирифтааст, ба ин бовар аст, ки ӯ дар муносибати Русияву Амрико ба Доналд Трамп кумак хоҳад кард. “Чунки Киссинҷер як сиёсатмадори бузург аст ва ба Ховари Миёна сулҳ оварда буд. Сулҳ байни Мисру Исроил, ки ҳеч кас дар фикри он набуд. Бинобар ин, фикр мекунам, низоъ байни Русия ва Амрико шояд, ки камтар шавад”, - афзуд ӯ.

Умеди равобити хуби Доналд Трамп бо Владимир Путин ба хушбинии коршиносон афзудааст, ки ин робитаи хуб ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна ва хусусан Тоҷикистон таъсири мусбате хоҳад дошт. Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик, гуфт, Трамп эълон кардааст, ки сиёсати байналмилалиро ба эътидол меоварад ва бо Чин низ муносибати хуб ба роҳ мемонад.

Собир Вазиров
Собир Вазиров

Ба гуфтаи Вазиров, “ин мустақим ба Тоҷикистон таъсири мусбат мерасонад. Барои онки худи Осиёи Марказӣ зери таъсири Русия ва Чин қарор дорад. Табиист, ки агар амалҳое ба монанди бартараф кардани таҳримҳо ва беҳбуди равобит бо Русия карданӣ бошад, ин ба баланд шудани иқтисоди Тоҷикистон таъсир дорад”.

Ин иқтисоддони тоҷик мегӯяд, Русия дар ду соли таҳрим имкон надошт 220 миллиард доллар аз бонкҳои байналмилалӣ қарз бигирад. Ба бовари ӯ, ин маблағҳо, ки ба сармоягузорӣ ва сохтмон равон шуда буданд, метавонистанд ба ҳар восита вориди Тоҷикистон шуда ва ба афзоиши даромарди мардуми Тоҷикистон ва сокинони дигари Осиёи Марказӣ сабаб шаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG