Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп дар рӯзи аввали фаъолияти расмияш чанд фармон имзо мекунад


Президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп 20 январ, дар рӯзи маросими савганд ва оғози расмии фаъолияташ чанд фармонро имзо мекунад. Ин фармонҳо чораҳоеро фаро мегирад, ки президенти хуруҷӣ Барак Обама ҷорӣ карда буд. Дар ин бора сухангӯи Трамп Шон Спайсер хабар дод.

Трамп ният дорад, ки дар рӯзҳои нахустини роҳбарияш Амрикоро аз паймони ҳамкориҳои уқёнуси Ором хориҷ ва созишномаи минтақаи озоди иқтисодиро, ки моҳи феврали соли гузашта имзо шуд, бекор кунад. Вай ҳамчунин барои маҳдуд кардани муҳоҷират тадбир меҷӯяд ва сохтмони деворро дар марз бо Мексико шуруъ мекунад.

Бино бар иттилои хабаргузории Reuters, наздики 200 санад барои имзо ба Трамп пешниҳод мешавад. Дар рӯзҳои аввали кораш вай муҳимтарини онҳоро баррасӣ мекунад. Рӯзи шанбе Трамп ба ситоди Раёсати марказии иктишофӣ ё CIA меравад. Вай борҳо ин ситодро танқид кардааст.

Маросими савгандёдкунии Трамп имрӯз дар Вашингтон баргузор мешавад. Биноан чораҳои амниятӣ дар Вашингтон тақвият ёфтаанд. Мухолифони Трамп имрӯз дар чанд шаҳри Амрико даст ба тазоҳурот мезананд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG