Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трамп: Аввал Амрико, баъд дигарон. ВИДЕО


Доналд Трамп – президенти нави Амрико – дар ҳоле ки гуфт, барои давлати ӯ "Амрико аз ҳар чизи дигар муқаддам аст", ба сокинони ин кишвар ваъда дод, ҷойҳои кориро барояшон баргардонда ва "терроризми исломии радикал"-ро аз рӯи замин пок хоҳад кард. Трамп рӯзи 20 январ бо адои савганд расман ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ нишаст ва дар Кохи Сафед Барак Обамаро иваз намуд. Аз ӯ пештар, Майк Пенс, муовини раиси ҷумҳури нави Амрико, қасам ёд кард.

Доналд Трамп суханронии худро бо такрори ин шиораш, ки "азамату бузургии Амрикоро дубора бармеградонем", ба поён расонд.

​Доналд Трамп, намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, дар интихоботи моҳи ноябри соли гузашта ба Ҳилларӣ Клинтон – номзади Ҳизби Демократ – пирӯз шуд. Ҳарчанд ниҳодҳои амниятии Амрико ахиран аз эҳтимоли дахолати Русия ба ҷараёни интихобот сухан гуфта ва Трампро барои гӯё пуштибонӣ ёфтанаш аз тарафи Кремлин муттаҳам карданд, вале ӯ чунин иддаоро рад кард. Ӯ гуфт, тарафдори муносибати хуби Вашингтону Маскав аст ва изҳор дошт, ки дар замони президентии ӯ Русия Амрикоро бештар эҳтиром хоҳад гузошт.

Бо ин ҳол, Трамп дар савганди расмияш пойбандии худ ба меъёрҳои Қонуни асосии ин кишварро эълон кард. Ӯ бо роҳнамоии Ҷон Робертс, раиси Додгоҳи олии Амрико, гуфт, "ман, Доналд Ҷон Трамп, расман савганд ёд мекунам, ки содиқона дар мақоми раёсати ҷумҳури Амрико кор мекунам ва тамоми тавононии худро ба харҷ медиҳам, то аз Қонуни асосии Иёлоти Муттаҳида дифоъ намоям. Барои ин, Худовандо, кумакам кун."

Доналд Трамп баъд аз адои савганд дар як суханронӣ хитоб ба мардуми Амрико гуфт, ки "имрӯз фақат рӯзи интиқоли қудрат аз як маъмурият ба маъмурияти дигар ё аз як ҳизб ба ҳизби дигар нест. Мо имрӯз дар ҳоли интиқол ва бозгардондани қудрат аз Вашингтон ба Шумо, яъне мардум ҳастем." Вай афзуд, "рӯзи 20 январи соли 2017 ба унвони рӯзе ёд хоҳад шуд, ки мардум бори дигар бар кишвари худ ҳоким шуданд."

Президенти 45-уми Амрико гуфт, даврони гапҳои пучу холӣ гузаштааст ва, инак, замони амал ва иқдом фаро расид. "То охирин нафасе, ки дорам, барои Шумо хоҳам ҷангид. Садои Шумо ва умедҳои Шумо сарнавишти Амрикоро таъин хоҳад кард. Ҳама гуна тасмим дар хусуси тиҷорат, андоз, масъалаи муҳоҷират ва сиёсати хориҷӣ бар асоси манфиати коргарони амрикоӣ ва хонаводаҳо дар Амрико гирифта хоҳад шуд", – таъкид намуд ӯ.

Доналд Трамп дар масоили байналмилалӣ гуфт, эътилофҳои кӯҳнаро мустаҳкам карда ва эътилофҳои навро бунёд хоҳанд гузошт. Ӯ афзуд, "тамоми ҷаҳонро алайҳи терроризми исломӣ сафарбар хоҳем кард, то аз рӯи замин батамом нест кунем." Ин намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ суханронии худро бо такрори ин шиораш, ки "азамату бузургии Амрикоро дубора бармегардонем", ба поён расонд.

Доналд Трамп бо муовинаш Майк Пенс
Доналд Трамп бо муовинаш Майк Пенс

Дар маросими адои савганди Доналд Трамп, Барак Обама ва муовинаш - Ҷозеф Байден бо аъзои хонаводаи худ иштирок карданд. Президенгтҳои пешини Амрико Ҷимми Картер, Ҷорҷ Буши хурдӣ ва Билл Клинтон бо ҳамсараш Ҳилларӣ Клинтон низ дар ин маросим буданд. Аммо Ҷорҷ Буши калонӣ ба далели бистарӣ будан ба маросим ҳозир нашуд.

Бино ба гузоришҳо, маросими савганди Доналд Трамп бо эътирозҳо ҳамроҳ будааст. Дар Вашингтон бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони пулис сурат гирифтааст. Эътирозҳои густарда алайҳи савганди оқои Трамп дар Ню-Йорк дар наздикии меҳмонхонаи "Trump International" низ баргузор шудааст. Дар ин тазоҳурот ҳунарпешаҳо Роберт Де Ниро, Салли Филд, Синтия Никсон, Марк Руффало ва коргардони кино Майкл Мур ҳузур пайдо карданд.

Доналд Трамп, президенти 45-уми Амрико, 70 сол дорад ва дар Ню-Йорк дар оилаи Фред Трамп, як соҳибкори сарватманд ба дунё омадааст. Падараш ба сохтмон ва фурӯши амволи ғайриманқул машғул буд. Доналд Трамп мактаби хусусии "Академияи низомии Ню Йорк"-ро хатм карда ва чанд сол дар Донишгоҳи Фордем дар Бронкс таҳсил кардааст. Соли 1968 мактаби иқтисодии Донишгоҳи Пенсилванияро хатм карда ва унвони бакалаврро гирифтааст. Дар артиш хидмат накардааст ва дар замони ҷанги Ветнам ё ба сабаби донишҷӯ будан ва ё беморӣ ӯро ба ҷанг набурдаанд.

Ҳанӯз дар замони таҳсилаш дар коллеҷ Доналд Трамп дар яке аз ширкатҳои падараш кор мекард. Соли 1999 баъди марги падараш раҳбари ширкати сохтмонии ӯ шуд. Ширкати Трамп дар саросари дунё ва бахусус дар Ню-Йорк чандин биноҳои осмонхарош ва казино сохтааст ва озмунҳои байналмилалии маликаи зебоӣ баргузор кардааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG