Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоии ҳазорон нафар алайҳи Трамп. АКС, ВИДЕО


Баъд аз як рӯзи савганди Доналд Трамп - президенти нави Амрико - садҳо ҳазор нафар дар Вашингтон ба раҳпаймоӣ баромада, хостори арҷгузорӣ ба ҳаққи занону муҳоҷирон шуданд. Доналд Трамп, намояндаи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, ки рӯзи гузашта ба ҳайси президенти 45-уми Амрико савганд ёд кард, барои баёнияҳояш алайҳи занон ва муҳоҷирати мусалмонҳо дар маъракаи интихоботӣ мавриди интиқод қарор дорад.​

Дар аввал гуфта мешуд, дар раҳпаймоии Вашингтон то 200 ҳазор нафар иштирок хоҳанд кард. Вале мақомоти пойтахти Амрико гуфтанд, иштироки то ним миллион нафар дар назар аст. Бино ба гузоришҳо, раҳпаймоӣ ба таври осоишта ҷараён дорад ва дар ин маърака занону кӯдакон, баъзе аз мардон ва фаъолони иҷтимоӣ, ҳунарпешаҳо ва афроди шинохта иштирок доранд. Чунин гирдиҳамоӣ дар шаҳрҳои дигари Амрико, ба мисли Чикаго ва Ню-Йорк ҳам баргузор шудааст. Мақомоти Чикаго мегӯянд, дар ин маърака 150 ҳазор нафар иштирок карданд.

Ҳунарпеша ва фаъоли ҷомеи маданӣ Америка Феррейра ин раҳпаймоиро бо суханони инки "Президент Амрико нест, мо Амрико ҳастем" оғоз бахшид. Мадонна, овозхони маъруфи бо норизоятӣ аз интихоби Доналд Трамп гуфт, "дар натиҷаи интихобот некӣ пирӯз наомад, аммо он билохира бояд ғалаб кунад." Скарлетт Йоҳансон, яке дигар аз афроди маъруф, хитоб ба Трамп гуфт, "мехостам аз Шумо пуштибонӣ кунам, вале қабл аз он аз Шумо мехоҳам, ки аз ману занони дигар ҳимоят кунед."

Ҳилларӣ Клинтон, номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Амрико аз Ҳизби Демократ ва рақиби Доналд Трамп, ҳарчанд дар раҳпаймоӣ нест, аммо рӯзи 21 январ дар "Твиттер" аз "марши занон" истиқбол карда ва навишт, "воқеан, мо дар якҷоягӣ нирӯ ҳастем."

Майл Мур, коргардони маъруфи синамо ва аз мухолифони Доналд Трамп, дар суханронияш дар Вашингтон гуфт, "бисёре аз амрикоиҳо раёсати Трампро намехоҳанд" ва, ба қавли ӯ, "раҳпаймоӣ далели ин аст". Вай аз сокинон хост, ҳар рӯз бо аъзои Конгресс тамос гирифта ва онҳоро барои раъйи мухолиф додан ба сиёсату барномаҳои раиси ҷумҳури нави Амрико водор кунанд.

Раҳпаймоӣ дар Лондон. 21 январи 2017
Раҳпаймоӣ дар Лондон. 21 январи 2017

Дар ҳамин ҳол, ба унвони ҳамраъйӣ дар гӯшаҳои дигари дунё, аз ҷумла шаҳрҳои асосии Австралия ва Зеландияи Нав занон ба кӯчаҳо баромада, алайҳи Доналд Трамп, президенти нави Амрико шиор доданд. Онҳо гуфтанд, ки "бадбинӣ, суханони нафратангез ва табъиз – мушкили танҳо Амрико не, балки проблемаи ҳамаи ҷаҳон аст." Садҳо тани дигар дар шаҳрҳои бузурги Зеландияи нав чунин ҳамоишҳои эътирозӣ барпо карданд.

Як рӯз пеш дар Брюссел раҳпаймоии занон баргузор шуд:

Чунин раҳпаймоӣ дар шаҳрҳои Белград, Лондон ва Прагаву Берлин ҳам баргузор шудааст. Фаъоли иҷтимоӣ дар Берлин Глория Стайнем дар суханрониаш баъзе аз барномаҳои кори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури нави Амрико, аз ҷумла ваъдаи сохтмони девор дар марз бо Мексика ва "эҳсоси зиддиисломӣ" танқид кард. Ӯ гуфт, "мо дар Берлин медонем, ки девор ба кор намеояд."

Раҳпаймоии занон дар Белград
Раҳпаймоии занон дар Белград

Ин ҳамоишҳо аз ҷумлаи 673 раҳпаймоие ба шумор мераванд, ки қарор аст дар манотиқи мухталифи ҷаҳон баргузор шуда, дар маҷмӯъ, ду миллион наафар иштирок кунанд. Баргузоркунандагони раҳпаймоӣ интизор доранд, садои муътаризон ба гӯши маъмурияти Трамп хоҳад расид.

Рӯзномаи "Вашингтон-Пост" дар моҳи октябри соли гузашта навори сӯҳбати Доналд Трамп дар 11 соли пешро нашр карда буд, ки вай дар онҷо бо калимаҳои дағал дар бораи занон суҳбат мекунад. Трамп дар ин навор, аз ҷумла аз талоши бидуни натиҷаи худ барои ҳамбистар шудан бо як зани шавҳардор суҳбат кардааст. Баъдан Трамп дар видеое гуфт, ин ҳарфҳоро задааст, вале иштибоҳ карда ва узр мехоҳад.

Тазоҳуроти мухолифони барномаҳои кори Доналд Трамп як рӯз пеш дар Вашингтон, дар лаҳзаҳои маросими адои савганди президенти нави Амрико сурат гирифта, вале ба даргирӣ бо пулис печид. Дар натиҷа, шаш нафар захмӣ ва беш аз 200 нафар боздошт шуданд. Ин гуруҳи тазоҳургарон, ки бо либосҳои сиёҳ ва ниқоб ба кӯчаҳо баромада буданд, шишаи чанде аз биноҳоро шикаста ва чанд худравро ҳам оташ заданд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG