Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп сафари Пелоси ба хориҷро лағв кард


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 17-уми январ сафари хориҷии Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони он кишвар ва ҳайати ҳамроҳи ӯро ба далели қатъи фаъолияти бахшҳое аз ҳукумати Амрико, ба таъхир андохт. Хонум Пелоси ва ҳайати ҳамроҳи ӯ қарор буд ним соат баъд аз ин эълони Доналд Трамп, бо истифода аз як ҳавопаймои низомӣ роҳии Белгия, Миср ва сипас Афғонистон шаванд.

Лағви сафари Ненси Пелоси аз сӯи раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле аст, ки рӯзи гузашта раиси Маҷлиси Намояндагони ИМА бо ишора ба қатъи фаъолияти бахшҳое аз ҳукумати федеролӣ, аз Доналд Трамп хост бинобар нигарониҳои амниятӣ, суханронии солонаи худро ба вақти дигар гузорад. Ин танишҳо дар ҳоле аст, ки аз бистуҳафт рӯз ба ин тараф бахшҳое аз ҳукумати Амрико фаъолият намекунад ва ҳудуди 800 ҳазор корманди давлатӣ ба кор ҳозир намешаванд ва ё бемузд кор мекунанд.

Доналд Трамп хоҳони ҷудо кардани 5,7 миллиард доллар барои бунёди девори марзӣ бо Мексика аст. Аммо демократҳо бо ин дархост мухолифанд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Ненси Пелоси ва ҳайате аз Конгресс қарор буд бо як ҳавопаймои низомӣ ба Бруссел -- пойтахти Белгия, баъдан ба Миср ва сипас ба Афғонистон сафар кунанд.

Хонум Пелоси дар ҷараёни сафар ба Афғонистон мехост бо нерӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар мулоқот кунад.

Раиси ҷумҳури Амрико дар номаи худ навиштааст, "мутаассифона бояд ба иттилои шумо бирасонам, сафари шумо ба Бруссел, Миср ва Афғонистон ба таъхир афтодааст". Вай дар идома навиштааст, "вақте, ки идораҳои давлатӣ дигарбора бозкушоӣ шуданд, барои сафари ҳафтрӯзаи барномарезӣ хоҳем кард".

Доналд Трамп дар ин нома навиштааст, "бо таваҷҷуҳ ба ин, ки 800 ҳазор корманди амрикоӣ музд дарёфт намекунанд, ман мутмаин ҳастам, ки шумо ба таъхири ин сафар, ки ҷанбаи равобити умумӣ дорад, мувофиқед ва онро муносиб хоҳед донист".

Доналд Трамп дар идома ба Ненси Пелоси пешниҳод кардааст, дар ин сафар аз ҳавопаймои тиҷоратӣ истифода кунад. Ба гузориши "Рейтерз", раиси ҷумҳури Амрико сафари Ненси Пелосиро ним соат пеш аз оғози он, лағв кардааст.

Сара Сандерз, сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, раиси ҷумҳури Амрико ба унвони фармондеҳи умумии нерӯҳои амрикоӣ аз ихтиёроти қонуниаш истифода кардааст. Хонум Сандерз мегӯяд, ки истифодаи хонум Пелоси аз ҳавопаймои низомӣ бояд аз сӯи вазорати дифоъ таъйид мешуд. Ин дар ҳоле аст, ки як сухангӯи хонум Пелоси гуфтааст, ҳадафи сафари ҳайати Конгресс ба Бруссел, мулоқот бо мақомҳои НАТО буд.

Ихтилофи Трамп ва демократҳо

Ба навиштаи расонаҳо, ба назар мерасад лағви сафари Пелоси, вокунише ба номаи ӯ дар рӯзи сешанбе аст, ки дар он аз Трамп хоста буд суханронии солонаи худ дар Конгрессро ба таъхир андозад.

Ихтилофи Доналд Трамп ва демократҳо дар Конгресси Амрико бар сари ҷудо кардани пул барои сохтани девор дар марз бо Мексика боис шудааст, то бахшҳое аз ҳукумати федеролии Амрико аз фаъолият бозмонад.

Ихтилофи Трамп бо демократҳо дар Конгресс бар сари ҷудо кардани будҷа барои сохтани девори марзӣ бо Мексика мебошад.
Ихтилофи Трамп бо демократҳо дар Конгресс бар сари ҷудо кардани будҷа барои сохтани девори марзӣ бо Мексика мебошад.

Доналд Трамп хоҳони ҷудо кардани 5,7 миллиард доллар барои бунёди ин девор аст. Аммо демократҳо бо ин дархост мухолифанд. Гуфта мешавад, ки ин ихтилофҳо боис шудааст, ки 800 ҳазор корманди давлат сари кор нараванд ё маош дарёфт накунанд.

Сафари Помпео ва Мнучин ҳам лағв шудааст

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи Кохи Сафед рӯзи панҷшанбеи 17-уми январ гуфт, Доналд Трамп сафари ҳайати амрикоӣ ба Маҷмаи иқтисоди ҷаҳонӣ дар Давосро лағв кардааст. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", интизор мерафт Стевин Мнучин, вазири молия ва Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико дар ин ҳамоиш иштирок кунанд.

Сухангӯи Кохи Сафед гуфтааст, "бинобар он, ки 800 ҳазор корманди давлат маош намегиранд, Доналд Трамп сафари ҳайати амрикоӣ ба Маҷмаи иқтисоди ҷаҳонӣ дар Давосро лағв кард, то дар сурати зарурат аз машваратҳои онҳо баҳраманд шавад". Қарор буд Стевин Мнучин ва Майк Помпео рӯзи сешанбеи оянда дар ҳамоиши Давос ба таври муштарак суханронӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG