Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири дифои Амрико истеъфо дод


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбеи 20-уми декабр гуфтааст, Ҷеймс Маттис, вазири дифои он кишвар то охири моҳи феврал аз мақомаш канор хоҳад рафт. Ҳамзамон матни истеъфои Ҷеймс Маттис хитоб ба Доналд, Трамп нашр шудааст. Вазири дифои Амрико як рӯз пас аз тасмими Доналд Трамп барои хуруҷи нерӯҳои он кишвар аз Сурия, истеъфои худро эълон кардааст.

Гуфта мешавад, ки генерал Маттис бинобар ихтилофи назар бо Трамп бар сари масъалаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия ва девори марзӣ, аз мақоми худ истеъфо дод.

Ҷеймс Маттис дар ин номаи худ гуфтааст, аз он сабаб, ки ҳаққи раиси ҷумҳур аст вазири дифое дошта бошад, ки дидгоҳҳояш бо ӯ яке бошад, тасмим гирифтааст аз мақоми вазорати дифоъ канорагирӣ кунад. Вазири дифои Амрико дар истеъфономаи худ ишорае ба тасмими Доналд Трамп дар бораи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия накардааст.

Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ бо ишора ба "бознишастагӣ"-и генерал Маттис то охири моҳи феврал гуфтааст, вазорати дифои Амрико дар давраи маъмурияти ӯ ба пешрафтҳои бузурге ноил шудааст. Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин гуфтааст, ки ба зудӣ вазири дифои навро муаррифӣ хоҳад кард.

Эълони истеъфо пас аз мулоқот бо Трамп

Ҷеймс Маттис дар номаи худ навиштааст, "бовар дорам мо дар муқобили кишварҳое, ки манфиатҳои стратегии онҳо рӯз ба рӯз таниши бештаре бо манфиатҳои мо дорад, бояд амалкарди ошкор ва қотеъ дошта бошем. Ин хеле рушан аст, ки ба таври мисол Чин ва Русия дар пайи он ҳастанд назми ҷаҳониро бар асоси модели қудратгароёнаи худ эҷод кунанд". Вазири дифои Амрико афзудааст, ба ҳамин сабаб "мо бояд аз ҳама қудрати Амрико барои дифои ҳамагонӣ истифода кунем".

Доналд Трамп ва Ҷеймс Маттис.
Доналд Трамп ва Ҷеймс Маттис.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", вазири дифои Амрико пас аз мулоқот бо Доналд Трамп дар нимаи дувуми рӯзи 20-уми декабр, тасмими худ дар бораи канор рафтан аз ин мақомро эълон кард. Як мақоми баландпояи Кохи Сафед ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, раиси ҷумҳур ва вазири дифоъ дар бораи бархе масъалаҳо бо якдигар ихтилофи назар доштанд. "Аммо намедонам ин ихтилофот бар сари Сурия бошад ё чизи дигар",-гуфтаас ин манбаъ.

Вокунишҳо ба истеъфои Ҷеймс Маттис

Истеъфои Ҷеймс Маттис вокунишҳое дар дохили Амрико доштааст. Сенатори ҷумҳурихоҳ Митч Макконнелл аз истеъфои Ҷеймс Маттис ибрози таассуф кардааст. Марко Рубио, сенатори ҷумҳурихоҳи дигар низ дар "Твиттер"и худ навиштааст, "истеъфономаи генерал Маттис хеле возеҳ нишон медиҳад, ки мо ба тарафи маҷмӯае аз сиёсатҳои иштибоҳ дар ҳаракат ҳастем, ки кишварро ба хатар меандозад, ба иттиҳод бо ҳампаймонҳои мо латма мезанад ва душманони моро қавитар мекунад."

Дар ҳамин замина, Чак Шумер, раҳбари ақаллияти демократ дар Сенати Амрико дар вокуниш ба истеъфои вазири дифои он кишвар гуфтааст, генерал Маттис бинобар ихтилофи назар бар сари масъалаи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Сурия ва девори марзӣ, аз мақоми худ истеъфо дод.

Оё хуруҷ аз Сурия боиси истеъфои вазир шуд?

Амрико тасмими хуруҷ аз Сурияро дар шароите эълом кардааст, ки вазъият дар шимоли Сурия бисёр ноором аст. Раиси ҷумҳури Туркия дар рӯзҳои ахир борҳо ҳушдор додааст, ки артиши он кишвар ба зудӣ амалиётеро алайҳи курдҳои Сурия оғоз хоҳад кард. Анқара курдҳои Сурияро муттаҳиди Ҳизби коргарони Курдистони Туркия ва як гурӯҳи террористӣ медонад.

Доналд Трамп субҳи рӯзи панҷшанбеи 20-уми декабр дар паёме дар шабакаи "Твиттер" аз тасмими худ дифоъ кард ва гуфт, ки ин тасмим набояд "таъаҷҷубовар" бошад. Раиси ҷумҳури Амрико гуфта буд, "ҳукуматҳои Русия, Эрон ва Сурия аз хуруҷи низомиёни амрикоӣ хушҳол нестанд, чун акнун бояд бо ДИИШ ва дигар душманони худ бидуни кӯмаки мо биҷанганд". Доналд Трамп афзудааст, Амрико майл надорад, ки пулиси Ховари Миёна бошад.

XS
SM
MD
LG