Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳо: "Трамп рӯи миз кӯбид ва ҷаласаро тарк кард"


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, рӯзи чаҳоршанбеи 9-уми январ мулоқот бо сенатор Чак Шумер ва Ненси Пелосӣ, раҳбарони демократҳо дар Конгрессро ниматамом гузошта ва ба нишони эътироз онро тарк кардааст. Ин ҷаласа ба хотири дигарбора фаъол кардани бахшҳое аз ҳукумат ва баррасии бунёди девори марзӣ, ташкил шуда буд.

Доналд Трамп дар "Твиттер"-и худ навиштааст, "ҳамин ҳоло ҷаласа бо Чак Шумер ва Ненси Пелосиро тарк кардам. Комилан зоеъ кардани вақт буд. Ман пурсидам, агар ман бисёр зуд ҳама роҳҳоро боз кунам, дар 30 рӯзи оянда шумо тарҳи амнияти марзӣ шомили бунёди марз бо монеаҳои пӯлодиро тасвиб хоҳед кард? Ненсӣ гуфт, не. Ман ҳам гуфтам, Худо ҳофиз. Ҳеҷ чизи дигаре кор нахоҳад дод".

Бунёди девор дар марзи Мексика аз ҷумлаи ваъдаҳои муҳими интихоботии Доналд Трамп дар рақобатҳои интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико буд.

Нишасти Доналд Трамп ва раҳбарони демократҳо дар Конгресси Амрико дар нуздаҳумин рӯзи қатъи фаъолияти бахшҳое аз ҳукумати федералии Амрико баргузор шуд. Фаъолияти бахшҳое аз ҳукумати Амрико пас аз он, ки ду ҳизб -- ҷумҳурихоҳ ва демократ дар Сенат дар бораи таъмини беш аз 5 миллиард доллари талабкардаи Доналд Трамп барои сохтани девор дар марзи ИМА ва Мексика ба натиҷа нарасиданд, аз 21-уми декабр қатъ шуд ва гуфта мешавад, ин мушкили пешомада боис шудааст то 800 ҳазор корманди ҳукумат ба кор ҳозир нашаванд ё маош нагиранд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи чаҳоршанбе раҳбарони демократҳо пас аз хуруҷ аз ҷаласаи ниматамом бо раиси ҷумҳури Амрико, аз амалкарди вай дар ин нишаст, интиқод карданд. Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагони Амрико, гуфт, Трамп мегӯяд, ё роҳи ман ё ҳеҷ чӣ, ва имконе барои мусолиҳа боқӣ намегузорад. Вай ба хабарнигорон гуфтааст, "фазои Кохи Сафед бисёр сард аст".

Чак Шумер ва Ненси Пелоси, раҳбарони демократҳо дар Конгресс.
Чак Шумер ва Ненси Пелоси, раҳбарони демократҳо дар Конгресс.

Сенатор Чак Шумер, раҳбари ақалияти демократҳо дар Сенат ҳам ба хабарнигорон гуфт, оқои Трамп замоне нишастро тарк кард, ки хонум Пелоси гуфт, ҳеҷ будҷае барои бунёди девори Мексика тасвиб нахоҳад шуд. Оқои Шумер гуфт, "ӯ аз хонум Пелоси пурсид, оё бо тарҳи девори ман мувофиқат мекунед? Вақте хонум Пелоси гуфт, на, ӯ бархост ва гуфт, "пас дигар далеле барои ин музокирот боқӣ намондааст ва утоқро тарк кард."

Сенатор Шумер ҳамчунин гуфт, оқои Трамп пеш аз тарки утоқи ҷаласа, "рӯи миз кӯбидааст", аммо яке аз раҳбарони ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Намояндагон мегӯяд, касе рӯи миз накӯбидааст. Чак Шумер дар идома гуфтааст, "ин ғамангез ва ҷои таассуф аст. Мо мехоҳем ба тавофуқ бирасем. Мо ба амнияти марзӣ бовар дорем. Аммо ихтилофи назар дорем."

Доналд Трамп шаби гузашта дар як суханронии зиндаи телевизионӣ бори дигар аз намояндагони Конгресс хост будҷаи 5,7 миллиарддолларӣ барои бунёди девор дар марз бо Мексикаро таъйид кунанд. Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки марзҳои ҷанубӣ бо "бӯҳронҳои рӯ ба афзоиши инсонӣ ва амниятӣ рӯбарӯ" ҳастанд. Бунёди девор дар марзи Мексика аз ҷумлаи ваъдаҳои муҳими интихоботии Доналд Трамп дар рақобатҳои интихоботи президентии соли 2016 дар Амрико буд.

XS
SM
MD
LG