Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷӣ: "Равобит бо Эрон пас аз ҳимояти гурӯҳҳои сиёсӣ ва молӣ аз ҲНИТ сард шуд"


Сироҷиддини Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал зимни нишастии хабарии ин ниҳод гуфт, ки дар равобити сиёсӣ миёни Душанбе ва Теҳрон як мушкили сиёсии кӯчак боқӣ мондааст ва умедворӣ намуд, ки муносибатҳо хуб хоҳанд шуд. Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар равобити ду кишвар то сентябри соли 2015 мушкиле вуҷуд надошт. Аммо ба гуфтаи вай, мушкилоти сиёсӣ баъд аз он ба миён омад, ки бархе аз гурӯҳҳои сиёсиву молӣ дар Эрон аз ҲНИТ ҳимоят намуданд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар бахшҳои дигар, аз ҷумла иқтисодӣ-иҷтимоӣт миёни Душанбе ва Теҳрон мушкиле вуҷуд надорад ва афзуд, ки шуморе аз ширкатҳои эронӣ дар тарҳи муҳими "Роғун" ширкат доранд. Сироҷиддини Муҳриддин дар нишасти хабарии худ умедворӣ кард, ки бо ҳал шудани мушкилоти сиёсӣ, равобити ҳар ду кишвари ҳамзабон рӯ ба беҳбудӣ меорад.

Изҳори назари вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар мавриди равобит бо Эрон дар ҳоле садо дод, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёме мардуми Эронро ба муносибати чиҳилумин солгарди Инқилоби исломӣ таҳниат гуфтааст. Дар ин паём аз ҷумла омадааст, ки "Тоҷикистон алоқаманди таҳким ва густариши ҳарчи бештари муносибатҳои суннатии дӯстона бо Эрон мебошад".

Дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳасани Рӯҳонӣ ҳамчунин гуфта шудааст, ки Тоҷикистон ва Эрон метавонанд дар ҳавзаҳои мухталиф ҳамкориҳои худро тавсеа диҳанд, ки ба нафъи ҳар ду кишвар ва суботу амният дар минтақа мебошад.

Робитаҳои Тоҷикистону Эрон соли 2015 баъди он сард шуд, ки мақомоти Эрон гуфтанд, Бобаки Занҷонӣ, миллиардери зиндонии эронӣ қисме аз пулҳои худро ба Тоҷикистон бурдааст. Ӯ, ки ба дуздии маблағҳои бузурге гунаҳкор дониста мешавад, дар Тоҷикистон чандин тарҳи бузурги иқтисодӣ амалӣ кардааст. Аз ҷумла истгоҳи муосири автобусҳо дар Душанбе бо пули ширкатҳои ин тоҷири эронӣ сохта шудааст.

Аммо ин робитаҳо баъди ҳузури раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дар як конфронсе дар Эрон комилан ба сардӣ гароид. Тоҷикистон ҳизбро созмони ифротӣ эълон кардааст. Раҳбарони ҳизб мегӯянд, ҳеҷ гоҳ ақидаҳои ифротӣ надоштаанд ва ҳадафи манъи фаъолияти онҳо дар соли 2016 фақат аз саҳнаи сиёсӣ канор задани як ҳизби исломӣ ва мухолифи давлат буд.

Баъд аз соли 2017 робитаҳо бо Эрон ба ҳадде тира шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон ин кишварро ошкоро ба талош барои барангехтани низоъ ва ҳимоят аз терорризм муттаҳам кард. Мақомоти Тоҷикистон ҷониби Эронро ҳамчунин дар қатли шуморе аз чеҳраҳои сиёсӣ ва фарҳангиву илмӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва пас аз он муттаҳам карданд. Иттиҳоме, ки Эрон онро ҳамвора радд кардааст.

XS
SM
MD
LG