Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи саломатии Рашид Қодиров дар боздоштгоҳ "бад шудааст"


Рашид Қодиров дастикам 15 сол додситони кулли Узбекистон буд
Рашид Қодиров дастикам 15 сол додситони кулли Узбекистон буд

Додситони кулли собиқи Узбекистон, ки баррасии парвандааш дар Додгоҳи ноҳияи Юнусобод ҷараён дорад, дар шифохона бистарӣ карда шудааст. Манобеъ дар идораи зиндонҳои Узбекистон ба Радиои "Озодлик" гуфтаанд, ки Рашид Қодирови 66-соларо рӯзи 30-юми январ ба бемористон бурданд.

Як мақоми баландпояи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон ба Радиои "Озодлик" гуфтааст, дар боздоштгоҳ ба додситони кулли собиқ "фишори равонӣ" овардаанд, то ба гуноҳҳояш эътироф кунад ва ин гӯиё ба бадшавии саломатии ӯ сабаб гардидааст.

"Қодиров, воқеан, дар шифохонаи "Сангород" дар Тошканд бистарӣ аст. Аммо то ҷое ба ман маълум аст, ин як саҳнасозии вакилони мудофеъ ва мақомоти ҷонибдори додситони пешин аст", - афзудааст ӯ.

Рашид Қодиров, ки аз соли 2000 то 2015 додситони кулли Узбекистон буд, моҳи феврали соли 2018 ба ҳабс гирифта шуд. Вай барои тамаъҷӯӣ, сӯиистифода аз мақом ва ришвагирӣ муттаҳам аст.

Мурофиаи додгоҳии додситони кулли собиқи Узбекистон рӯзи 7-уми январи имсол оғоз шуд ва паси дарҳои баста мегузарад. Дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи ӯ 13 корманди собиқи Хадамоти махсус, додситонӣ ва идораи андози Узбекистон низ нишастаанд.

XS
SM
MD
LG