Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ ҳукми писари генерали тоҷикро бетағйир гузошт


Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми писари генерали тоҷикро бетағйир гузошт, ки барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш ба 18 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи 28-уми январ аз қавли хешовандони Моҳира Ятимова, ҳамсари собиқи Бобоҷон Ширинзода хабар дод.

Аҳлиддин Ятимов, падари Моҳира Ятимова, субҳи рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, коллегияи Додгоҳи олӣ оид ба парвандаҳои махсусан вазнин шикояти наздикони Бобоҷон Ширинзодаро баррасӣ кард ва бетағйир гузошт. Вай гуфт, ҳукми додгоҳ рӯзи 15-уми январ содир шудааст ва ӯ рӯзи душанбе хулосаи додгоҳро дарёфт кардааст.

Хешовандони духтар гуфтаанд, ки Додгоҳи олӣ ҳукми додгоҳи поёниро дуруст ва одилона шуморида ва онро бетағйир гузоштааст. Бобоҷон Ширинзодаро додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми ноябри соли 2018 барои қатли бераҳмонаи ҳамсар дар пеши чашмони фарзандонаш ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Вакилони дифои Ширинзода мегуфтанд, ки ҷазо бисёр сахт аст, чун “ҷавони 33-сола ҳамсарашро зери шиддати равонии зиёд ва ё аффект” куштааст. Бобоҷон Ширинзода, фарзанди генерал Раҷабалӣ Ширинов, муовини собиқи раиси Оҷонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аст.

Ӯ баъди қатли занаш дар моҳи июн дастгир шуд. Бобоҷон Ширинзода ҳамсарашро, ки барои дидани ду фарзандаш омада буд, шоми 6-уми июн дар пеши чашми онҳо бо 13 зарби корд куштааст. Хешованди Моҳира Ятимова мегӯянд, Бобоҷон Ширинзода пайваста ҳамсарашро латту кӯб карда ва азоб медодааст.

XS
SM
MD
LG