Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои рафъи касри буҷаи Тоҷикистон имсол кумак намекунанд


Акс аз бойгонӣ

Cозмонҳои байналмилалии молӣ, ки Тоҷикистон онҳоро шарикони рушд меномад, кумакҳои молиро барои буҷаи кишвар қатъ кардаанд.

Мувофиқи Қонуни буҷаи соли 2018, қарор буд, Тоҷикистон барои рафъи камомад ва ё касри буҷа аз созмонҳои байналмиллалии молӣ беш аз 200 миллион сомонӣ кумаки бебозгашт дарёфт кунад.

Аммо Бонки ҷаҳонӣ дар гузориши тозаи худ доир ба вазъи иқтисоди ҷумҳурӣ навиштааст, “Ҳама шарикони рушд барномаҳои кумаки молиявии худ ба буҷаро мавқуф гузоштанд. То замоне, ки ҳукумат бо Сандуқи Байналмиллалии Асъор ба созиш даст наёбад».

Дар бораи созиш чизе гуфта нашудааст, аммо давлати Тоҷикистон бо Сандуқи Байналмилалии Пул дар бораи аз сар гирифтани барномаҳои қарзӣ ҷиҳати кумак дар иҷрои буҷа музокирот дошт.

Қабл аз зикри «қатъи барномаҳои кумакҳои молиявӣ ба буҷаи Тоҷикистон аз сӯи шарикони рушд» Бонки Ҷаҳонӣ менависад, ҳукумат имсол маблағҳоеро, ки дар натиҷаи санҷишҳои андозӣ ба даст омадаанд дар банди алоҳида нишон намедиҳад ва ба андозҳои маъмулӣ ҳамроҳ кардааст.

Ин тағйирот ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ, имкон намедиҳад, санҷида шавад, ки то куҷо андозсупорандагон дар Тоҷикистон довталабона ва ё бо ихтиёри худ қонуни андозро риоя мекунанд.

Зоҳиран ҳамин амалкарди Тоҷикистон ҳам боис шудааст, ки созмонҳои байналмиллалии молӣ аз додани кумакҳои молиявӣ барои дастгирии буҷаи Тоҷикистон худдорӣ варзанд.

Фирори сармоя аз кишвар бештар мешавад

Дар робита ба вазъи бозори арз Бонки Ҷаҳонӣ навиштааст, Бонки миллӣ Тоҷикистон дастрасӣ ба асъори хориҷӣ ва ба таври ғайримустақим воридотро низ маҳдуд кардааст, ки боиси авҷ гирифтани бозори ғайрирасмии асъор мешавад. Ба навиштаи муаллифони Бонки ҷаҳонӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ бинобар фазои нобоб барои пешбурди тиҷорат дар сатҳи паст боқӣ мемонад.

Бар замми ин фирори сармояҳо аз Тоҷикистон ба хориҷ тезтар мешавад. «Чун суръати гузаронидани ислоҳоте, ки барои ташкили кардани фазои муосид барои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон назар ба ҳамсоякишварзҳо аз ҷумла Узбекистон хеле суст аст».

Қарзи хориҷии Тоҷикистон хеле баланд аст

Иқтисоддонҳои Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунон ба мизони қарзи берунаи Тоҷикистон рӯ овардаанд, ки ба гуфтаи онҳо «хатарҳои бузургеро» дар пай дорад. Бино бар арзёбии коршиносони бонк қарзи давлатии Тоҷикистон ба беш аз 55 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар шудааст, ки «риски бузург» ва «ноустувории қарзиро» дар пай дорад.

Қарзи хориҷаи Тоҷикистон ба иттилои вазорати молия 2 миллиарду 873 миллион долларо ташкил мекунад ва ба ҳисоби миёна ба сари ҳар нафар аҳолии ҷумҳурӣ 312 долларо ташкил медиҳад.

Аммо Масъуд Собиров иқтисодони тоҷик мегӯяд, то 55 дарсади ММД расидани қарзи давлатӣ чандон мизони баланде нест, чунки мувофиқи қонунгузорӣ ҳукумат ҳақ дорад, то сатҳи 60 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қарз бигирад. Ӯ гуфт: “Сатҳи қарзи давлатии Тоҷикистон чандон баланде нест, ки рискаш зиёд бошад. Амният дар кишвар таъмин аст ва кишвар метавонад қарзашро бозпас баргардонад”.

Ислоҳот мушкил, вале дуруст аст

Аммо Собиров гуфт, ин ки Бонки Ҷаҳонӣ дар ивази қарзу грант дар назди Тоҷикистон шарту иҷроиши баъзе ислоҳотро мегузорад, дуруст аст.

Иқтисоддони тоҷик мегӯяд, Бонки Ҷаҳонӣ иқтисоддонҳои ҳирфаӣ ва сатҳи хеле баланд дорад, ки пас аз таҳлилҳои амиқ ин ё он тавсия медиҳанд. Аз ин рӯ ба гуфтаи Собиров, амали кардани ислоҳот, ба суди иқтисоди Тоҷикистон аст.

Бо зикри ин ҳама Бонки Ҷаҳонӣ бо назардошти аз ҳолати рукуд берун омадани иқтисоди Русия ва афзоиши батадриҷи интиқоли пули муҳоҷирон пешбинӣ мекунад, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2019 рушди 6 дарсадӣ хоҳад дошт.

Иқтисоддонҳои бонк ҳамчунин ба кор андохтани чархаи нахустини нерӯгоҳи Роғунро бо он ки харҷи сохтмонаш барои буҷаи кишвар сарбории зиёд аст, як падидаи мусбат арзёбӣ мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available
Идома
XS
SM
MD
LG