Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чаро мактабҳоро бо пули буҷа таъмир намекунанд?"


акс аз бойгонӣ

Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд, дар ҳоле, ки пул гирифтан аз волидони талабаҳо барои таъмири мактаб манъ шудааст, аммо дар асл ҳоло ҳам мактабҳо бо пули ҳамин қишр таъмин мешавад.

Маъруф Муҳаммадзода, шаҳрдори Хуҷанд рӯзи 26-уми июл дар нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон гуфт, мавқеи ӯ дар баробари манъ кардани ҷалби волидон ба таъмири мактаб ва кӯдакистонҳо тағйир наёфтааст ва ӯ талош мекунад, ки дар оянда корхои сохтусоз аз ҳисоби буҷа анҷом шавад.

Аз мақомот гила дорем, ки борҳо аз телевизион мегуфтанд, ки дигар тамом, барои таъмиру тармими мактабҳо аз падару модарон пул ҷамъ намекунем

Изҳороти ин мақом дар ҳоле пахш шуд, ки солҳои охир бо вуҷуди шикояти хонаводаҳо, махсусан оилаҳои камбизоат, мактабу кӯдакистонҳо волидонро маҷбур мекунанд, ки барои таъмири мактаб пул ҷамъ кунанд. Ин кор дар пойтахти Тоҷикистон баъди дахолати мири Душанбе Рустами Эмомалӣ каме ба сомон омад. Аммо дар манотиқи дуртар аз пойтахт таҷрибаи "сармоягузории хонаводаҳо" ба таъмири мактаб ҳамоно ҷараён дорад.

Мири Хуҷанд қавл дод...

Мири Хуҷанд дар нишасти матбуотии рӯзи панҷшанбе қавл додааст, ки таъмири мактабу кӯдакистонҳоро дар оянда танҳо аз ҳисоби буҷа ба роҳ монад.

Биноба омори расмӣ, ҳудуди 85 дар сади буҷаи шаҳри Хуҷанд, ки қисми даромади он дар нимсолаи аввали соли равон ҳудуди 185 миллион сомониро ташкил дод, ба бахши маориф ва тиб масраф мешавад. Тақрибан нисфи маблағи буҷа ба соҳаи маориф, аз ҷумла барои таъмир ва тармими мактабу кӯдакистонҳо ихтисос ёфтааст.​ ​

Нишасти матбуотии Маъруф Муҳаммадзода
Нишасти матбуотии Маъруф Муҳаммадзода

Раиси шаҳри Хуҷанд гуфт, дар соли таҳсили гузашта низ барои таъмиру тармими мактабу кӯдакистонҳо аз буҷа маблағи кофӣ ҷудо гардида буд. Вале охири моҳи декабри соли 2017 боди сард ба мактабу кӯдакистонҳо шикасту зарарҳои зиёд расонид ва қисми умдаи маблағи буҷа барои бартараф кардани он масраф гардид. Ба сабаби камбуди маблағ барои таъмиру тармими солонаи мактабҳо аз волидайни хонандагон дар соли гузашта 50 то 100 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шуд. ​

Норизоияти волидон аз талаби пул барои таъмири синфхонаҳо

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳам ҷамъоварии пул аз ҳисоби волидон барои таъмири мактабҳоро расман манъ карда, чунин амалро “ғайриқонунӣ ва нодуруст” мехонад. Бархе волидон ба ҳамин қарору тасмимҳои мақомот ишора карда дар ҳайрат мемонанд, ки чаро амрҳо иҷро намешаванд.

Аксари онҳое, ки аз талаби пардохти пул норозӣ ҳастанд, мегӯянд, тавони пардохти ин харҷҳоро надоранд. Пули таъмири мактаб ба даромади бе ин ҳам начандон баланди оилаҳо, ки маъмулан чанд фарзандашон ҳамзамон дар мактаб таҳсил мекунанд, гаронӣ мекунад.

Яке аз онҳо ​Муҳайё Ҳакимова сокини маҳаллаи сеюми шаҳри Хуҷанд аст. Ӯ бо қарори ҷаласаи мактаб барои таъмири синфи фарзандаш 70 сомонӣ додааст. Бар илова, ӯ ва дигар волидайн ҳар моҳ барои мактаби фарзандашон 10 сомонӣ хайр мекарданд. Хонум Ҳакимова дар суҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 26 июл гуфт, ин навбат ӯ ба иҷрои қотеи ваъдаи мақомот умедвор аст.

“Аз мақомот гила дорем, ки борҳо аз телевизион мегуфтанд, ки “дигар тамом, барои таъмиру тармими мактабҳо аз падару модарон пул ҷамъ намекунем”. Аммо имсол ҳам пул ҷамъ карданд. Чаро мактабҳоро бо пули буҷа таъмир намекунанд, он пулро куҷо сарф мекунанд?“ – мепурсад ин мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Вале бархе волидони дигар мегӯянд, барои беҳтар кардани шароити таҳсили фарзандонашон онҳо омодаанд маблағ супоранд. Ин гуна волидайни сармоядор, ки шуморашон чандон зиёд нест, барои мактаб ва кӯдакистонҳои фарзандони худ маблағҳо дода, дар баъзе маҳалҳо бо пули шахии худ мактабу кӯдакистонҳо месохтанд ва дар ихтиёри ҳукумат мегузоранд.

Вазорати маориф: қарор на танҳо ба Душанбе марбут аст

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон июли соли 2018 гуфт, ки ҷамъоварии пул аз ҳисоби волидон барои таъмири мактабҳо расман манъ аст ва ин амал “ғайриқонунӣ ва нодуруст” мебошад. Мақомоти ин ниҳоди давлатӣ гуфтанд, ки дар ин замина дастури расмӣ содир шуда, қарор натанҳо ба шаҳри Душанбе, балки ҳамаи минтақаҳои кишвар дахл дорад.

Моҳи гузашта шаҳрдории Душанбе ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби волидонро барои таъмири мактабҳои пойтахт манъ кард ва гуфт, ин пул бояд аз буҷаи ҳукуматҳои маҳаллӣ ҷудо карда шавад.

Мақомоти маориф мегӯянд, дар сурати шоҳиди амру талабҳои ғайриқонунӣ шудани волидон дар муассисаҳои таълимӣ, бояд ба вазорат шикоят бикунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG