Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Такмили буҷаи нирӯгоҳи Роғун аз ҳисоби фурӯши металлҳои қиматбаҳо


Буҷаи бунёди нирӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҳисоби фурӯши сангу металлҳои қиматбаҳо такмил мешавад. Бо ин ҳадаф қарор аст ба маблағи 749 миллион сомонӣ (наздики 80 миллион доллар) металлҳои қиматбаҳо ба фурӯш гузошта шавад.

Дар ин бора рӯзи 1 октябр дар иҷлосияи парлумонӣ вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод. Қаҳҳорзода гуфт, ки барои бунёди нирӯгоҳи Роғун аз буҷаи кишвар дар соли 2018 – харҷи 2 миллиард сомонӣ дар назар гирифта шудааст. Дар ҳолати зарурат, ба гуфтаи ӯ, қонунгузорӣ аз роҳи қабули тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи буҷаи кишвар, имкони афзоиши хароҷотро иҷоза медиҳад.

Бар асоси пешниҳоди мақомоти дахлдор, аз Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо тариқи фурӯши металл ва сангҳои қиматбаҳо хароҷоти буҷаи Роғун афзоиш дода мешавад. Қаҳҳорзода таъкид кард, ки соли 2016 ба буҷаи давлатӣ аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 500 миллион доллар ҷалб шуд ва соли 2018 интизор меравад, ки аз ин ҳисоб 260,1 миллион доллар бо ҳадафи истифода дар бунёди нирӯгоҳи Роғун ҷалб шавад.

Нирӯгоҳи барқи обии Роғунро мақомот «иншооти азими аср» меноманд ва мегӯянд, қарор аст кори агрегати аввалини он 16 ноябр ба истифода дода мешавад. Дар тақвими расмии Тоҷикистон ин таърих ҳамчун рӯзи президенти кишвар сабт шудааст. Бунёди нирӯгоҳи Роғун, ки метавонад дар дурнамо Тоҷикистонро аз назари таъмини нирӯи барқ худкифо ва мустақил гардонад, яке аз ҳадафҳои калидии ҳукумат ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG