Ҳоҷӣ Ҳоҷиев, омӯзгори 58-солаи тарбияи ҷисмонӣ дар мактаби миёнаи шумораи 30-и ҷамоати деҳоти “Панҷ”-и ноҳияи Ҷайҳун аст. Дар хонаводаи Ҳоҷиевҳо се нафар омӯзгори мактаб ҳастанд: ӯ, ҳамсараш – омӯзгори математика ва писараш - муаллими таърих. Ҳоҷӣ Ҳоҷиев бо умеди беҳтар шудани шароити зиндагии оилааш чанд соли пеш аз Бартанги Бадахшон ба ноҳияи Ҷайҳун муҳоҷир шуд ва ҳамон замон номашро ба феҳристи довталабони замин номнавис кард. Вале ин масъала то ҳол ҳалли худро наёфтааст ва оилаи Ҳоҷиевҳо дар дохили бинои мактаби миёна зиндагӣ мекунад.
Ӯ гуфт: “Ман ба ҳукумат ариза навиштам, ба навбат гузоштанд, вале гуфтанд, ки ҳоло навбататон нарасидааст. Соли гузашта ба 50 нафар эҳтиёҷманд замин доданд, чанд маротиба рафтам ва хостам, ки масъалаи мо ҳам зудтар ҳал шавад, вале бенатиҷа”.
Ҳоҷӣ Ҳоҷиев бовар дорад, ки ба ҳангоми баррасии масоили дастрасии омӯзгорон ба мактаб бояд заҳматҳои сисолаи педагогии ӯ, ифтихорномаҳои шогирдонаш дар мусобиқаҳо ва дигар хидматҳояш ба инобат гирифта шавад. Ҳоҷиев мегӯяд, ки вақте оилаи ӯ ба Хатлон муҳоҷир шуд, онҳоро “омӯзгорони боимтиёз” меномиданд, вале ин ҳама дар коғаз монд.
Як омӯзгори дигар, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ҳар моҳ аз маошаш 150 сомонӣ барои иҷора сарф мекунад, давоми чандин сол шоҳиди он аст, ки навбаташ барои соҳиб шудан ба қитъаи замин ва сохтмони манзил намерасад.
Дар иҷлосияи 16-уми маҷлиси вакилони халқӣ вилояти Хатлон рӯзи 25 декабр гуфта шуд, ки дар давоми солҳои гузашта садҳо омӯзгори ин вилоят соҳиби қитъаи замин барои сохтмони хона шудаанд.
Замин дар Тоҷикистон моликияти давлат маҳсуб мешавад ва ба хотири кам будани замин барои бунёди манзил, ин барнома таҳти назорати шадид аст. Мақомдороне, ки аз роҳҳои фасод даст ба муомилоти ғайриқонунии замин мезананд, муҷозот мешаванд. Омӯзгорон дар манотиқи дурдаст ба ҳайси кормандони бахши буҷавӣ бар асоси қонун барои гирифтани замин аз ҳисоби давлат ҳақ доранд, вале бо сабаби зиёдии муроҷиат, иҷрои ин барнома солҳо тӯл мекашад.
Ҷаҳонгул Рисушева, як масъули идораи маорифи ноҳияи Ҷайҳун гуфт, бо ин муроҷиати омӯзгорон барои гирифтани замин зиёд аст, вале соли 2018 ба ҳеҷ як омӯзгор қитъаи замин дода нашуд. 26-уми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли ҷорӣ ягон омӯзгор барои гирифтани қитъаи замин нагирифтааст, вале беш аз 40 нафар муроҷиат кардаанд, ки соҳиби замин шаванд: “Дар мактабҳо зиндагӣ мекунад, боз иҷоранишин ҳастанд - ҳудуди 20 омӯзгор. Дар соли 2017 ва 2018 касе аз омӯзгорон замин нагирифтааст”.
Дар ноҳияи Ҷайҳун аз 1642 омӯзгор 50 нафарашон дар навбати замин истодаанд.