Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ нахустин солгарди пирӯзӣ бар ДИИШ-ро таҷлил мекунад


Гурӯҳи зудамали Ироқ дар паради низомии 10-уми декабри соли 2018
Гурӯҳи зудамали Ироқ дар паради низомии 10-уми декабри соли 2018

Дар Ироқ нахустин солгарди пирӯзӣ бар гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" таҷлил шуд. Нахуствазири Ироқ Одил Абдул Маҳдӣ рӯзи 10-уми декабр дар як изҳороти телевизионӣ гуфт, бо рондани ДИИШ аз қаламраваш, Ироқ ба бузургтарин пирӯзӣ бар нерӯи аҳриманӣ ва терроризм ноил шуд.

Нахуствазир ҳамчунин қавл дод, ки фасодро решакан мекунад ва ҳазорҳо мардуми беҷошударо ба хонаҳояшон бармегардонад.

Рӯзи 10-уми декабр дар Ироқ рӯзи истироҳат эълон шудааст. Постгоҳҳо дар Бағдод бо парчам ва пуфакҳо оро ёфтанд.

Аз соли 2014 ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" қаламравҳои бузургро дар Ироқу Сурия тасарруф ва дар он сарзаминаҳо "хилофати исломӣ" эълон карданд.

Дар се соли баъдӣ, нерӯҳои Ироқ, шибҳанизомиёни тарафдори Эрон ва эътилофи таҳти назари Амрико ин гурӯҳи даҳшатафканро дар пайи даргириҳое аз Ироқ берун карданд, ки ҳазорҳо нафарро кушта бар ҷой гузошт.

Гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" қаламравҳҳои тасарруфкардааш дар Ироқро аз даст дод, вале ҳоло ҳам ҳамлаҳои пароканда анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG