Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон барои гумонбари парвандаи "арӯсрабоӣ" 23 сол пурсид


Додгоҳи куштори Бурулай Турдаалӣ
Додгоҳи куштори Бурулай Турдаалӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ дар Қирғизистон барои Марс Бодошев -- гумонбар дар куштори Бурулай Турдаалӣ дар шуъбаи пулис 23 соли зиндон талаб кард.

Додситон гуфт, айби Марс Бодошев дар ду ҳолат – рабудани Бурулай ва куштори ӯ исбот шуд. Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин хост, Акмат Сеитов, ки ба ҳамдастӣ дар рабудани духтар айбдор мешавад, 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.

Вале вакили дифои айбдоршавандаҳо Жуматай Абдраҳмонов мегӯяд, гуноҳи афроди зери ҳимояаш собит нашуд ва аз додгоҳ озодии онҳоро талаб дорад. Ба гуфтаи ӯ, далелҳое, ки тавонанд ҷурми кушторро собит кунанд мавҷуд нест. "Ҳамаи айбҳо дар асоси тахминҳо эълом шудаанд", - афзуд вакили дифоъ.

Ҷониби ҳимоятгар бар ин аст, ки Марс Бодошев ва Бурулай Турдаалӣ якдигарро дӯст медоштанд ва ҳеч гуна одамрабоӣ ҷой надошт. Вакили дифоъ ҳамчунин бевосита даст доштани шахси зери ҳимояааш дар куштори Турдаалиро зери суол бурд.

Санаи баргузории мурофиаи навбатӣ 11 декабр муайян шудааст.

27-уми май дар шуъбаи пулиси ноҳияи Жайили Қирғизистон Бурулай Турдаалӣ аз захми корд ҷон бохт. Духтарро марде корд зад, ки ӯро ба хотири издивоҷ дуздида буд. Мард баъдан худро низ захмӣ кард. Ин ҳодиса дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, президент Сооронбой Ҷеенбеков ба тафтиши мӯшикофонаи он дастур дод.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон дар натиҷа 23 кормандро муҷозот ва аз ҷумла 13 нафарро аз мақом барканор кард.

Дар курсии айбдорӣ ду мард нишастааст. Гумонбари асосӣ - Марс Бодошев ба рабудан ва куштори духтар айбдор аст. Ҳамсинфи ӯ Акмат Сеитовро ба он айбдор мекунанд, ки дар рабудани духтар ба Бодошев кумак кардааст. Бодошев 9 октябр дар додгоҳ рабудани духтарро ба гардан гирифт, вале гуфт, дар қатли ӯ даст надорад.

XS
SM
MD
LG